ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

ДАР ҚИРҒИЗИСТОН 1 ВА 2 МАЙ РӮЗҲОИ МОТАМИ МИЛЛӢ ЭЪЛОН ШУД

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов (Садыр Жапаров) рӯзи 1 май бо имзои як фармон рӯзҳои 1 ва 2 майро дар кишвараш ба ёди шаҳрвандони кушташуда дар муноқишаҳои ахир дар марз бо Тоҷикистон рӯзҳои мотами миллӣ эълон кард.

Дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳонаи рӯзҳои 28, 29 ва 30 апрел дар марзи вилояти Суғди Тоҷикистон бо вилояти Бодканди Қирғизистон аз ҷониби Қирғизистон 31 нафар ба ҳалокат расида, 123 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Ҷониби Тоҷикистон шумори қурбониҳояшро эълон накардааст, вале дар матбуот алакай исми 15 кушташуда нашр шуд. Манобеи гуногун дар бораи ҷароҳат бардоштани даҳҳо нафари дигар дар Исфара ва ноҳияи Б.Ғафуров хабар медиҳанд.

Мақомоти Тоҷикистон то кунун дар робита ба ҳалокати шаҳрвандони ин кишвар дар марз бо Қирғизистон рӯз ё рӯзҳои мотами миллӣ эълон накардаанд.

Аммо дар фармони худ президенти Қирғизистон Содир Ҷаббоов бо изҳори андуҳи амиқ аз марги ҳамватанонаш ва баёни ҳамдардӣ ба наздикони онҳо, чунин амр додааст:

— рӯзҳои 1 ва 32 май дар Ҷумҳурии Қирғизистон рӯзҳои мотами миллӣ эълон карда шаванд;

— дар рӯзҳои мотами миллӣ дар тамоми қаламрави кишвар, ҳамчунин дар биноҳои муассисаҳои дипломативу консулӣ дар хориҷ Парчами давлатии Қирғизистон пойин оварда шавад;

— ба муассисаҳои фарзандӣ ва ширкатҳои радиову телевизион пешниҳод шавад, ки дар рӯзҳои мотами миллӣ барномаҳову чорабиниҳои тафреҳиашонро бекор кунанд;

— ҳукумати Қирғизистон ҳамроҳ бо мақомоти маҳаллӣ ҷиҳати расондани кумак ба оилаҳои кушташудагон ва осебдидадгон чораҳои лозим биандешанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button