ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ДУ ҶАВОН ДАР ДУ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ҶАНУБИ ТОҶИКИСТОН

Рӯзи 28 апрел, соати 13:30 дар роҳи Бохтар Душанбе дар ҳудуди ҷамоати Ҳилолии ноҳияи Хуросон бар асари бархӯрди ду мошини “Тойота Королла”, таҳти идораи сокини 21-солаи шаҳри Бохтар Ҷамшед Сулаймонов ва “Ҳундай Аванта”, таҳти идораи сокини 31-солаи ҷамоати ба номи Талбак Садриддинови ноҳияи Шаҳритӯс Доно Абдусамадов, мусофири 23солаи “Ҳундай Аванта” дар роҳ ба бемористон ҷон бохта, як мусофири дигари ин мошин Муҳиддин Назаров, с.т. 1958 ва ҳамчунин ронандаи “Тойота” Ҷамшед Сулаймонов ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд.

Ҳамчунин шаби 27 апрел, тахминан соати 21, велосипедрон Абдураҳим Бобохонов, сокини 22-солаи ҷамоати Навбаҳори ноҳияи Кӯшониён дар ҳудуди деҳаи Ганҷинаи ҷамоати Меҳнатободи ин ноҳия зери чархи мошини “Опел Астра”, таҳти идораи сокини 67-солаи ҷамоати Навбаҳор Баҳром Абдуллоев монда, дар роҳ ба бемористон ҷон бохтааст.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ҷон бохта, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. 

ВКД Тоҷикистон рӯйхатти 12 ронандаеро нашр кард, ки аз 14 то 31 ҷаримаи дурбинҳои барномаи “Шаҳри бехатар”-ро насупурдаанд. Аз ҷумла ронандаи мошини “Тойота Камри” Қадамҷон Толибов дар 31 маврид, ронандаи ҷипи “Тойота Ланд Крузер” Тоҳир Гулмаҳмадов дар 22 маврид, Садриддин Мирзоев, ронандаи “Ҳонда Аккорд” дар 20 маврид, Собир Бурҳонов, ронандаи “Мерседес” низ дар 20 маврид ва Умед Собиров, ронандаи “Опел Астра” дар 28 маврид ҷаримаҳои “Шаҳри бехатар”-ро насупурдаанд.

Сокини 27-солаи ҷамоати Зиракии шаҳри Кӯлоб, ки қаблан ҳам барои дуздӣ ва тасарруфи ҳуҷҷатҳо маҳкум шуда буд, ин дафъа бо гумони дуздӣ дастгир шуд. Як зани 27-солаи сокини шаҳри Кӯлоб ба мақомоти милиса шикоят кардааст, ки рӯзи 14 апрел, тахминан соати 14:30 дуздон пинҳонӣ ба манзилаш даромада, як ангуштарини тиллоӣ ва як ҷуфт гӯшвори тиллоияшро дуздидаанд. Арзиши ҷавоҳироти гумшуда 4200 сомонӣ баровард шудааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 29 апрели маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Рух додани ду садамаи нақлиётии нохуш

Рӯзи 27-уми апрели соли 2021, тахминан соати 21:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Абдуллоев Баҳром Қодирович, соли таваллудаш 1954, сокини ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кӯшониён, ҳангоми ҳаракат аз самти маркази ноҳия ба самти ноҳияи Вахш, дар ҳудуди деҳаи Ганҷинаи ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, велосипедрон, Бобохонов Абдураҳим Бозорович, соли таваллудаш 1999, сокини ҷамоати деҳоти Навбаҳорро пахш намудааст.
Дар натиҷа, велосипедрон Бобохонов А.Б. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, 28-уми апрели соли 2021, тахминан соати 13:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тoйота-Королла”, Сулаймонов Ҷамшед Умедҷонович, соли таваллудаш 2000, сокини шаҳри Бохтар, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти шаҳри Бохтар ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Хундай-Аванта”, таҳти идораи ронанда, Назаров Авазалӣ Муҳиддинович, соли таваллудаш 1990, сокини ҷамоати деҳоти Т.Садриддинови ноҳияи Шаҳритус, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофирони дохили автомашинаи тамғаи “Хундай-Аванта”, Абдусамадов Доно Ботирович, соли таваллудаш 1998, Назаров Муҳиддин Раҳимович, соли таваллудаш 1958, сокинони ноҳияи Шаҳритус ва ронандаи автомашинаи “Тoйота-Королла”, Сулаймонов Ҷ.У. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоша, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, Абдусамадов Д.Б. дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Ошкор гардидани ҷинояти дуздӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб бо ариза зани 27-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 14-уми апрели соли 2021, тахминан соати 14:30-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 1-адад ангуштарини тиллоӣ ва 1-ҷуфт гӯшвори тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 4 ҳазору 200-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини ҷамоати деҳоти Зиракии ҳамин шаҳр, ки пеш бо моддаҳои 244 қисми 2 ва 339 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.

Рӯйхати соҳибони воситаҳои нақлиёте, ки ҷаримаҳоро пардохт накардаанд

Рӯйхати соҳибони воситаҳои нақлиёте, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон намуда, тавассути воситаҳои махсуси “Шаҳри бехатар” сабт гардида, то рӯзи 26-уми апрели соли 2021 ҷаримаҳоро пардохт накардаанд, дар зер пешниҳод мегардад.

Бинобар ин, аз ҳамаи ронандагони воситаҳои нақлиёт эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намуда, ҷаримаҳоро сари вақт пардохт намоянд.

р/тТамғаРақами қайди давлатӣҚҲРНому   насабСуроға: 26.04.2021
1«Тойота-Камри»8436SS0131Қадамов Толибҷон Юсуповичш.Душанбе, к. 50-сол.Тоҷикистон 35 х.77
2«Опел-Астра»5267РР0114Гулмирзоев Бахтовар Давлатмирзоевичш.Душанбе, к. Н.Махсум 113-52
3«Опел- Астра»3583ЕА0117Умаров Ҷумабек Шукуровичш.Душанбе, к. Н. Махсум 77\1 х.52
4«Опел- Астра»6621НА0114Давлатов Файзиддин Муминовичн.Рӯдакӣ, ҷ/д Гулистон
5«Хонда Аккорд»0310ЕМ0120Мирзоев Садриддин Талбаковичн.Рӯдакӣ ҷ/д Гулистон
6«Мерседес-Бенс»7541ЕЕ0120Бурҳонов Собир Тиллоевичн.Рӯдакӣ, ҷ/д Роҳатӣ
7«Опел- Астра»4280ВМ0128Собиров Умед Собировичш.Душанбе, к. Н.Махсум 111\3-52
8«Тойота- Королла»0796НР0114Насриддинова Фируза Машрафовнаш.Душанбе, к. Шараф 297
9«Опел- Астра»8147ВЕ0114Одинаев Шерали Махмадкаримовичн.Рашт,   ҷ/ш Навобод
10«Тойота-Ленд Крузер»0041СТ0122Гулмамадов Тоҳир Айдармамадовичш.Душанбе, к. А. Навоӣ 17\3 -52
11«Тойота- Камри»8138НН0115Ҷунайдов Камолҷон Юсупҷоновичш.Душанбе, к. Зафар 229а
12«Опел-Астра»3886АК0317Сафаров Муродалиш.Кӯлоб

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button