ВидеоМуҳоҷиронЧеҳраҳо

ҚИССАИ ИЛЁС – ЁРДАМЧИИ ТОҶИКИ ҲУНАРПЕШАИ МАШҲУРИ РУСИЯ МАРАТ БАШАРОВ (ВИДЕО)

Ҳунарпешаи шинохтаи Русия Марат Башаров ба барномаи «Звезды сошлись» дар шабакаи НТВ ҳамроҳи худ ёрдамчии тоҷикаш Илёс Раҳмоновро овард ва бо суханони хеле гарм аз кори Илёс самимомна изҳори сипос ва қаноатмандӣ кард.

Марат Башаров нақл кард, ки Илёс дар тамоми кори хона ба ӯ ёрӣ мерасонад: ҳам дар боғ кор мекунад, ҳам алаф медаравад, ҳам сагашро ба сайругашт мебарорад ва агар лозим шавад, хӯрок ҳам мепазад.

Ситораи театру синамои Русия гуфт, бо вуҷуди серкорӣ Илёс барои фарзандони ӯ ҳам вақт меёбад ва бо онҳо ҳам хеле унс гирифтааст: «Ӯ як дӯсти хуби кӯдакони ман – духтари калониам ва писари хурдиам шудааст. Ба қавли маъруф, ӯ дояи тоҷики мост».

Худи Илёс Pаҳмонов дар барномаи «Звезды сошлись» қисса кард, ки ҳар рӯз соати чори субҳ аз хоб мехезад ва соати 7 ба кор сар карда, то соати даҳи шаб сари пост: «Субҳ ки хестам, ба ягон кори хоҷагӣ ёрдам медиҳам, алаф медаравам, сагро ба сайругашт мебарорам. Ҳар коре ки пеш омад, анҷом медиҳам.»

Илёс низ Марат Башаровро ба ҳайси як корфармои нек ва хайрхоҳ, ки аз кумак ба коргарон парҳез намекунад, тавсиф кард.

Дар толор ҳама ёрдамчии тоҷики Марат Башаровро хеле мусбат қабул карданд ва гуфтанд, ки ситораи театру синамои Русия бо интихоби ин коргари тоҷик хато накардааст.

Марат Олимҷонович Башаров 22 августи соли 1974  дар Маскав ба дунё омада, миллаташ тотор аст. Башаров дар даҳҳо филме, ки аксараш ба фонди тиллоии синамои Русия шомил шудаанд, аз ҷумла дар филмҳои «Утомленные солнцем», «Сибирский цирюльник», «Олигарх», «Ворошиловский стрелок» нақшҳои асосиро бозӣ кардааст. Башаров ҳамчунин дар телевизионҳои Русия низ муҷрии муваффақ ба шумор меравад аз ҷумла тӯли 8 сол гардонандаи барномаи пуртамошобини «Битва экстрасенсов» дар канали ТНТ буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button