ВидеоИқтисод

БОЗДОШТИ 4 НАФАР БО 5900 ДОЛЛАРИ ҚАЛБАКӢ ДАР ПОЙТАХТ (ВИДЕО)

РВКД Душанбе аз боздошти 4 нафар бо иттиҳоми ба муомилот баровадани пулҳои қалбакӣ хабар дод. Аз сокини 35-солаи деҳаи Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ Сулаймон Искандаров ва сокинони Душанбе: Искандар Гулаҳмадов, с.т. 1991, Фиркдавс Шукуров, с.т. 1994 ва Сорбон Эгамқулов, с.т. 1995 дар маҷмӯъ  5900 доллари қалбакӣ, аз ҷумла 26 купюраи 100-доллара ва 66 купюраи 50-доллара мусодира шудааст. Ташхиси ин пулҳо нишон дод, ки онҳо қалбакӣ буда, бо истифода аз дастгоҳи чопи ранга сохта шудаанд.

Дар ҷараёни тафтиш маълум шудааст, ки гумонбаршудагон долларҳои қалбакиро, ки аз рӯи шакл, ҳаҷм ва дигар сифатҳо ба доллари аслӣ монандӣ дошта, қалбакӣ будани онро муайян кардан душвор аст, аз хориҷ ба Тоҷикистон ворид кардаанд.

“Дар натиҷаи тафтишоти пешакӣ муайян гардид, ки моҳи феврали соли ҷорӣ дастгиршуда Искандаров Сулаймон 14-ҳазор доллар купюраҳои қалбакиро ба хотири ба муомилот баровардан қабул намуда, ба рафиқаш Гулаҳмадов Искандар додааст. Гулаҳмадов Искандар бошад ба хотири амалӣ сохтани ин кирдори ҷиноятӣ рафиқонаш Шукуров Фирдавс ва Эгамқулов Сорбонро ҷалб намуда, як қисми онро ба хориҷи кишвар ва қисми дагарашро, ки мусодира шуд, дар марказҳои дилхушӣ ва дигар маконҳо ба муомилот баровардаанд”,  – гуфта мешавад дар иттилоияи маркази матбуоти РВКД Душанбе.
Ба зидди ин 4 нафари дастгиршуда бар асоси қисми дуюми моддаи 281-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, онҳоро ба ҳабси пешакӣ гирифтаанд. Ба ин 4 нафар барои ба муомилот баровардани миқдори бузурги пулҳои қалбакӣ  ҳамчун муҷозот аз 8 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

Вақтҳои охир дар Тоҷикистон мавридҳои ба муомилот баровардани асъори қалбакӣ зиёд ба назар мерасад. Рӯзи 19 апрел маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз боздошти ду ҷавон дар Норак бо 7800 доллари қалбакӣ хабар дода буд.

Гуфта мешуд, ки ду сокини 23- ва 17-солаи шаҳри Нoрак давоми моҳҳои апрел ва марти соли 2021 аз шиносашон  – сокини 28-солаи Норак пулҳои 100-долларии қалбакиро дастрас карда, талош кардаанд, ки ин пулҳоро ба ду сокини дигари Норак фурӯшанд. Ташхиси судӣ-криминалистӣ нишон додааст, ки 7800 доллари аз ин ду сокини Норак мусодирашуда қалбакӣ мебошанд.

6 ҳазор доллари қалбакӣ: боздошти 4 нафар барои воридоту паҳни асъори қалбакӣ дар ҳудуди пойтахт (навор)

Дар натиҷаи коркарди ахбороти оперативӣ аз тарафи кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе як ҳолати ҷинояти марбут ба муомилот баровардани пули қалбакӣ ва қоғазҳои қимматнок, ки омили таъсиррасонанда ба рушди бонизоми иқтисоди миллӣ маҳсуб меёбад, дар ҳудуди пойтахт ошкор гардид.
  Ҳамчун гумонбар дар содир намудани ин ҷиноят 4-нафар шаҳрвандон:

1. Искандаров Сулаймон Сайвалиевич соли таваллудаш 1986 истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ деҳаи Лоҳур;

2. Гулаҳмадов Искандар Исмонович соли таваллудаш 5.09.1991, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе н. Фирдасӣ кӯчаи Н. Қарабоев;

3. Шукуров Фирдавс Меъроҷович соли таваллудаш 9.05.1994, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе н. Соно кӯчаи П.Сулаймонӣ;  

4. Эгамқулов Сорбон Хуршедович соли таваллудаш 31.05.1995, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе н. Фирдасӣ кӯчаи А.Деҳотӣ дастгир карда шуданд.

Дар натиҷаи маҷмуи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ аз дастгиршудагон 26-адад купюраҳои 100-доллара ва 66-адад купюраҳои 50-доллара, ки дар маҷмуъ 5-ҳазору 900-долларро ташкил медиҳанд, ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира шуданд. Тибқи ташхис асъори мусодирашуда қалбакӣ буда, бо истифода аз дастгоҳи чопии ранга омода гардидаанд.

Дар натиҷаи тафтишоти пешакӣ муайян гардид, ки моҳи феврали соли ҷорӣ дастгиршуда Искандаров Сулаймон 14-ҳазор доллар купюраҳои қалбакиро ба хотири ба муомилот баровардан қабул намуда, ба рафиқаш Гулаҳмадов Искандар додааст. Гулаҳмадов Искандар бошад ба хотири амалӣ сохтани ин кирдори ҷиноятӣ рафиқонаш Шукуров Фирдавс ва Эгамқулов Сорбонро ҷалб намуда, як қисми онро ба хориҷи кишвар ва қисми дагарашро, ки мусодира шуд, дар марказҳои дилхушӣ ва дигар маконҳо ба муомилот баровардаанд.
  Тавре аз нишондоди дастгиршудагон бармеояд, гумонбаршудагон асъори қалбакиро аз хориҷи кишвар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудаанд, ки аз рӯи шакл, ҳаҷм ва дигар сифатҳо ба доллари аслӣ монандӣ дошта, қалбакӣ будани онро муайян кардан душвор аст.

Айни ҳол барои ба муомилот баровардани пули қалбакӣ нисбати дарсгиршудагон бо моддаи 281 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, номбурдагон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.
  Вобаста ба ин мақомоти милитсия шаҳрвандонро ҳушдор медиҳад, ки асъори хориҷиро аз бонкҳо дастрас ё дар нуқтаҳои махсуси мубодилавӣ иваз намуда, манфиати молу мулкии худро ҳифз намоянд!

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button