ВидеоДин ва боварҳоСиёсатТоҷикистон

МАХДУМИ АБДУЛҲАҚ КИСТ? ҶУЗЪИЁТИ НАВИ БОЗДОШТИ САРХАТИБИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР

Кумитаи дини Тоҷикистон рӯзи 22 апрел дар як изҳорот гуфт, боздошти сархатиби масҷиди ҷомеи марказии ба номи Имоми Аъзами ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Абдулҳақ Обидов, бар асоси иттилои КДАМ, марбут ба алоқамандиаш ба ҷараёни мамнӯи мазҳабии Салафия буда, “ба суханрониаш дар маросими ҷанозаи марҳум Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ ҳеҷ иртиботе надорад.” Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намояндагони воситаҳои ахбори омма ва ҷомеаи шаҳрвандӣ хостааст, “ба ҳар гуна сару садоҳо, ки суханронии Абдулҳақ Обидов дар маросими ҷанозаро ҳамчун омили боздошт маънидод мекунанд, дода нашаванд.”

Радиои Озодӣ низ рӯзи 22 апрел бархе ҷузъиёти нави марбут ба боздошти Абдулҳақ Обидов, сархатиби масҷиди марказии ноҳияи Шоҳмансур ва 4 сокини дигари Ваҳдату Рӯдакиро нашр кард. Хабари дар пайи суханрониаш дар маросими дафни Домулло Ҳикматуллоҳ боздошт шудани Махдуми Абдулҳақро аввалин шуда, сомонаи “Бомдод” чоп кард  ва рӯзи 22 апрел мақомоти КДАМ тасдиқ карданд.

Абдулҳақ Обидов 44 сол дошта, зодаи деҳаи Ҷангалаки шаҳри Ваҳдат будааст. Ӯ соли 1999 Донишкадаи исломии Тоҷикистонро хатм карда, соли 2009 имоми масҷиди панҷвақтаи “Эшони Абдусаттор” дар шаҳри Ваҳдат таъйин шудааст.

Махдуми Абдулҳақ баъдан ҳамчун имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи Имом Бухории ноҳияи Шоҳмансур ва имомхатиби масҷиди Эшони Абдурашиди шаҳри Ваҳдат хидмат карда, аз соли 2017 сархатиби масҷиди ҷомеи марказии ба номи Имоми Аъзами ноҳияи Шоҳмансур буд.

Пайвандони Махдуми Абдулҳақ аз деҳаи Ҷангалак дар канори шаҳри Ваҳдат рӯзи 22 ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ӯ баъд аз зуҳри 19 апрел ба идораи амнияти ноҳияи Фирдавсии пойтахт даъват шуда, дигар ба хона барнагаштааст. Онҳо гуфтанд, дар бораи дар куҷо ва чӣ шароите нигоҳ доштани ӯ чизе намедонанд.

Наздикони баъзе аз боздоштшудаҳои дигар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, онҳоро соати чаҳори субҳи рӯзи 21 апрел дар хонаашон дастгир кардаанд. Яке аз пайвандони Абузар Шухиев, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, “ӯ як ҳафта пеш аз Русия баргашта буд ва субҳи 21-уми апрел дастгир шуд”. “Абузар дар Русия кор мекард ва нав ба Тоҷикистон рафта буд. На салафӣ буд ва на бо касе ба ягон ҷаноза рафта буд. Мо ба Кумитаи амният рафтем, вале нагуфтанд, ки чаро ӯро боздошт кардаанд? Аз хонааш танҳо як китоби Қуръон пайдо кардаанд ва онро бо худ бурдаанд”, — афзуд ӯ.

Пайвандони Азиз Турков, як боздоштшудаи дигар гуфтанд, ӯро низ субҳи 21 апрел аз манзили зисташ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе боздошт кардаанд. Онҳо гуфтанд, “манзили зисташро тафтиш карданд ва ҳар китобе, ки пайдо карданд, бо худ бурданд”.

Аксари боздоштшудаҳо ба ҳам риштаи хешутаборӣ доштаанд. Онҳо гуфтанд, ки мақомот хонаи чанд хешу табори дигарашонро низ кофтукоб кардаанд.

Мақомоти амниятии Тоҷикистон рӯзи 22 апрел гузориши як рӯз қабли сомонаи “Бомдод” дар бораи боздошт шудани Домулло Абдулҳақ Обидов, сархатиби масҷиди марказии ноҳияи Шоҳмансурро тасдиқ карданд. Хабаргузории давлатии “Ховар” рӯзи 22 апрел бо истинод ба “бахши робитаҳои ҷамъиятии шуъбаи КДАМ ҶТ дар шаҳри Ваҳдат” хабар дод, ки “аз ҷониби шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат, бо ҷурми алоқамандӣ бо ҷараёни экстремистииСалафия”, ки фаъолияти он дар Тоҷикистон манъ карда шудааст, шаҳрвандон Обидов Абдулҳақ Абдулвосиевич, Шухиев Абузар Наҷбуддинович, Маҳмадуллоев Абдулло Муҳаммадбекович, Турков Азиз Тоҷиддинович ва Табаров Аҳмадхоҷа Абдусатторович, сокинони шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ боздошт гардиданд.

Бино ба ин манбаъ, нисбати ин 5 нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Аммо дар ҳоле ки мақомот сабаби Махдуми Абдулҳақро расман ба “алоқамандиаш бо ҷараёни экстремистии Салафия” рабт медиҳанд, қаблан манобеи сомонаи “Бомдод” дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон хабар доданд, ки Домулло Абдулҳақ, сархатиби масҷиди марказии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе шоми 19 апрел аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боздошт шудааст.

Ба гуфтаи манобеи “Бомдод”, боздошти Домулло Абдулҳақ ҳамагӣ чанд рӯз баъди мавъизаи пурсарусадояш дар маросими дафни Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ сурат гирифт.

Дар видеое, ки ба идораи сомонаи “Бомдод” фиристоданд, дида мешавад, ки Домулло Абдулҳақ дар маросими дафни Домулло Ҳикматуллоҳ ӯро “яке аз пешвоҳои бузурги мо” ном бурда, аз он изҳори надомат мекунад, ки “вақте чунин инсонҳо дар миёни мардум боқӣ намонд, Худованд олимеро боқӣ нагузошт, мардум дигар пешвоёни ҷоҳил ва нодонро барои худ пешво мегиранд”  ва ин “пешвоҳои ҷоҳилу нодон, ки аз илми Шариъат баҳрае надоранд, бидуни илму огоҳӣ барои мардум фатво содир мекунанд.  Пасон онҳо худ гумроҳ ва дар натиҷа, дигаронро низ гумроҳ мекунанд.”

Бино ба иттилои ҳамсуҳбатони “Бомдод”, мақомоти амниятӣ дар ин муқоиса гӯё ишораҳо ба президенти кунунии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дидаанд, ки соли 2016 бо қабули як қонуни вижа “Пешвои миллат” эълон шуд.

Вале яке аз афроди наздик ба Домулло Абдулҳақ гуфт, мавъизаи ӯ дар маросими дафни Домулло Ҳикматуллоҳ ягон паёми сиёсӣ надошт ва манзураш аз  “пешвоҳои ҷоҳилу нодон” танҳо он ходимони дин буд, ки бо дониши ба маротиб камтар аз шахсиятҳое, чун Домулло Ҳикматуллоҳ фатво содир мекунанд.

Домулло Ҳикматуллоҳ, яке аз муътабартарин аз рӯҳониёни суннатгарои тоҷик, рӯзи 13 апрел, дар рӯзи аввали моҳи шарифи Рамазон дар синни 80 аз олам чашм пӯшид ва рӯзи 14 апрел дар зодгоҳаш – деҳаи Ғилмони ноҳияи Тоҷикобод ба хок супурда шуд. Дар маросими дафни ӯ ҳазорон нафар аз пайравонаш ва ҳамин тавр, аксари рӯҳониёни матраҳ дар арсаи динии Тоҷикистон иштирок карданд. Аксари ин рӯҳониёни шинохта, аз ҷумла Домулло Абдулҳақ, дар маросими дафни Домулло Ҳикматуллоҳ суханронӣ карданд.

Боздошти Абдулҳақ Обидов пас аз суханронӣ дар маросими дафни Тоҷикободӣ. Мақомот гуфтанд, “ӯ ба Салафия муттаҳам аст”

Радиои Озодӣ


Абдулҳақ Обидови 44-сола, машҳур бо лақаби Махсуми Абдулҳақ, сархатиби масҷиди ҷомеи марказии ноҳияи Шоҳмансурро дастгир кардаанд. Боздошти ӯ пас аз суханронияш дар бораи пешвоҳои динӣ дар маросими видоъ ва дафни Домулло Ҳикматуллои Тоҷикободӣ сурат гирифт, аммо мақомот гуфтанд, ӯ ба пайравӣ аз ҷараёни мамнӯи “Салафия” муттаҳам аст.

Махсуми Абдулҳақ чаҳор соли охир сархатиби масҷиди ҷомеи марказии ба номи Имоми Аъзам дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе буд. Имомхатибон дар Тоҷикистон аз сӯйи муассисони масҷид ва дар мувофиқа бо мақомот таъин шуда, аз санҷиш мегузаранд ва аз давлат маош мегиранд.

Пайвандонаш дар деҳаи Ҷангалободи ноҳияи Ваҳдат рӯзи 22-юми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ӯ баъд аз зуҳри 19-уми апрел ба идораи амнияти ноҳияи Фирдавсии пойтахт даъват шуда, сипас, ба хона барнагаштааст. Онҳо гуфтанд, дар бораи дар куҷо нигоҳдорӣ шудани ӯ ва вазъи саломатиаш чизе намедонанд.

Шарҳи расмӣ, вале дар асл чӣ гузашт?

Бино ба иттилои расмӣ, Махсуми Абдулҳақро маъмурони Идораи амнияти шаҳри Ваҳдат дастгир кардаанд. Хабаргузории расмии “Ховар” рӯзи 21-уми апрел бо такя ба дафтари матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон навишт, Абдулҳақ Обидов ба узвият дар ҳаракати мамнӯи “Салафия” муттаҳам мешавад.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 21-уми апрел сомонаи “Бомдод” навишт, Абдулҳақ Обидов барои суханронии баҳсбарангез дар маросими дафни Домулло Ҳикматулло дастгир шудааст. Сархатиби масҷиди ноҳияи Шоҳмансур дар маросими дафни Домулло Ҳикматулло дар рӯзи 13-уми апрел ӯро “яке аз пешвоҳои бузурги мо” ном бурд.

Ҳамсуҳбатони “Бомдод” гуфтаанд, мақомоти амниятӣ дар ин муқоиса гуё ишораҳо ба президенти кунунии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дидаанд, ки соли 2016 бо қабули як қонуни вижа “Пешвои миллат” эълон шуд.

Дар хабарномаи дафтари матбуоти КДАМ, дар ин бора ҳеч ишора нашудааст.

Масъулони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ дар як баёния гуфтанд, боздошти имомхатиб ба суханронии ӯ дар маросими ҷанозаи Домулло Ҳикматулло ҳеч рабт надорад. Онҳо аз расонаҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ хостаанд, “ба ҳар гуна сару садоҳо, ки суханронии Абдулҳақ Обидов дар маросими ҷанозаро ҳамчун омили боздошт маънидод мекунанд, дода нашаванд.”

Аммо айни замон нагуфтаанд, ки чаро боздошти ӯ баъд аз чаҳор соли имомхатибӣ сурат гирифт.

Махсуми Абдулҳақ кист?

Абдулҳақ Обидов зодаи деҳаи Ҷангалаки шаҳри Ваҳдат аст. Ӯ соли 1999 Донишкадаи исломии Тоҷикистонро хатм карда, соли 2009 имоми масҷиди панҷвақтаи “Эшони Абдусаттор” дар шаҳри Ваҳдат шудааст.

Баъд аз он Обидов ҳамчун имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи Имом Бухории ноҳияи Шоҳмансур ва имомхатиби масҷиди Эшони Абдурашиди шаҳри Ваҳдат будааст. Ин рӯҳонӣ аз соли 2017 сархатиби масҷиди ҷомеи марказии ба номи Имоми Аъзами ноҳияи Шоҳмансур буд.

Боздошти 4 каси дигар ва аввалин вокунишҳо

Ҳамроҳ бо Абдулҳақ Обидов чаҳор сокини шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ низ боздошт шудаанд. Аз онҳо

Абузар Шухиев,

Абдулло Маҳмадуллоев,

Азиз Турков

Аҳмадхоҷа Табаров

ном мебаранд. Мақомот гуфтанд, нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Наздикони баъзе аз боздоштшудаҳо ба Радиои Озодӣ гуфтанд, онҳоро соати чаҳори субҳи рӯзи 21-уми апрел дар хонаашон дастгир кардаанд. Яке аз пайвандони Абузар Шухиев, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, “ӯ як ҳафта пеш аз Русия баргашта буд ва субҳи 21-уми апрел дастгир шуд”.

“Абузар дар Русия кор мекард ва нав ба Тоҷикистон рафта буд. На салафӣ буд ва на бо касе ба ягон ҷаноза рафта буд. Мо ба Кумитаи амният рафтем, вале нагуфтанд, ки чаро ӯро боздошт кардаанд. Аз хонааш танҳо як китоби Қуръон пайдо кардаанд ва онро бо худ бурдаанд”, — афзуд ӯ.

Пайвандони Азиз Турков, яке аз боздоштшудаҳои дигар гуфтанд, ӯро низ субҳи 21-уми апрел аз манзили зисташ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе боздошт кардаанд. Онҳо гуфтанд, “манзили зисташро тафтиш карданд ва ҳар китобе, ки пайдо карданд, бо худ бурданд”.

Аксари боздоштшудаҳо ба ҳам риштаи хешутаборӣ доранд. Онҳо гуфтанд, ки мақомот хонаи чанд хешу табори дигарашонро низ ҷустуҷӯ кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button