ВидеоДин ва боварҳоСиёсатҲуқуқи инсон

КДАМ: ДОМУЛЛО АБДУЛҲАҚ БО ҶУРМИ АЛОҚАМАНДӢ БО ҶАРАЁНИ САЛАФИЯ ДАСТГИР ШУДААСТ (ВИДЕО)

Мақомоти амниятии Тоҷикистон гузориши як рӯз қабли сомонаи “Бомдод” дар бораи боздошт шудани Домулло Абдулҳақ Обидов, сархатиби масҷиди марказии ноҳияи Шоҳмансурро тасдиқ карданд. Хабаргузории давлатии “Ховар” рӯзи 22 апрел бо истинод ба “бахши робитаҳои ҷамъиятии шуъбаи КДАМ ҶТ дар шаҳри Ваҳдат” хабар дод, ки “аз ҷониби шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат, бо ҷурми алоқамандӣ бо ҷараёни экстремистии “Салафия”, ки фаъолияти он дар Тоҷикистон манъ карда шудааст, шаҳрвандон Обидов Абдулҳақ Абдулвосиевич, Шухиев Абузар Наҷбуддинович, Маҳмадуллоев Абдулло Муҳаммадбекович, Турков Азиз Тоҷиддинович ва Табаров Аҳмадхоҷа Абдусатторович, сокинони шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ боздошт гардиданд.”

Бино ба ин манбаъ, нисбати ин 5 нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Қаблан манобеи сомонаи “Бомдод” дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон хабар доданд, ки Домулло Абдулҳақ, сархатиби масҷиди марказии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе шоми 19 апрел аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боздошт шудааст.

Ба гуфтаи манобеи “Бомдод”, боздошти Домулло Абдулҳақ ҳамагӣ чанд рӯз баъди мавъизаи пурсарусадояш дар маросими дафни Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ сурат гирифт.

Дар видеое, ки ба идораи сомонаи “Бомдод” фиристоданд, дида мешавад, ки Домулло Абдулҳақ дар маросими дафни Домулло Ҳикматуллоҳ ӯро “яке аз пешвоҳои бузурги мо” ном бурда, аз он изҳори надомат мекунад, ки “вақте чунин инсонҳо дар миёни мардум боқӣ намонд, Худованд олимеро боқӣ нагузошт, мардум дигар пешвоёни ҷоҳил ва нодонро барои худ пешво мегиранд”  ва ин “пешвоҳои ҷоҳилу нодон, ки аз илми Шариъат баҳрае надоранд, бидуни илму огоҳӣ барои мардум фатво содир мекунанд.  Пасон онҳо худ гумроҳ ва дар натиҷа, дигаронро низ гумроҳ мекунанд.”

Бино ба иттилои ҳамсуҳбатони “Бомдод”, мақомоти амниятӣ дар ин муқоиса гӯё ишораҳо ба президенти кунунии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дидаанд, ки соли 2016 бо қабули як қонуни вижа “Пешвои миллат” эълон шуд.

Вале яке аз афроди наздик ба Домулло Абдулҳақ гуфт, мавъизаи ӯ дар маросими дафни Домулло Ҳикматуллоҳ ягон паёми сиёсӣ надошт ва манзураш аз  “пешвоҳои ҷоҳилу нодон” танҳо он ходимони дин буд, ки бо дониши ба маротиб камтар аз шахсиятҳое, чун Домулло Ҳикматуллоҳ фатво содир мекунанд.

Домулло Ҳикматуллоҳ, яке аз муътабартарин аз рӯҳониёни суннатгарои тоҷик, рӯзи 13 апрел, дар рӯзи аввали моҳи шарифи Рамазон дар синни 80 аз олам чашм пӯшид ва рӯзи 14 апрел дар зодгоҳаш – деҳаи Ғилмони ноҳияи Тоҷикобод ба хок супурда шуд. Дар маросими дафни ӯ ҳазорон нафар аз пайравонаш ва ҳамин тавр, аксари рӯҳониёни матраҳ дар арсаи динии Тоҷикистон иштирок карданд. Аксари ин рӯҳониёни шинохта, аз ҷумла Домулло Абдулҳақ, дар маросими дафни Домулло Ҳикматуллоҳ суханронӣ карданд.

Бахши робитаҳои ҷамъиятии шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 22.04.2021. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат, бо ҷурми алоқамандӣ бо ҷараёни экстремистии “Салафия”, ки фаъолияти он дар Тоҷикистон манъ карда шудааст, шаҳрвандон Обидов Абдулҳақ Абдулвосиевич, Шухиев Абузар Наҷбуддинович, Маҳмадуллоев Абдулло Муҳаммадбекович, Турков Азиз Тоҷиддинович ва Табаров Аҳмадхоҷа Абдусатторович, сокинони шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ боздошт гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз бахши робитаҳои ҷамъиятии шуъбаи КДАМ ҶТ дар шаҳри Ваҳдат хабар доданд.

Нисбат ба ашхоси зикргардида парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button