Дин ва боварҳоЧеҳраҳо

ТАРҶУМАИ ҲОЛИ ДОМУЛЛО ҲИКМАТУЛЛОҲ АЗ ЗАБОНИ ХУДАШ

Ин банда фақир илла лутфии Раббуҳу Ҳикматуллоҳ ибни Фатҳуллоҳ дар қарияи Деҳи Ғилмони вилояти Қаротегин ба таърихи1941 милодӣ дар хонаводаи деҳқон чашм ба олами зуҳур кушуд.Падари бузургвораш деҳқони асил ва илмдӯст буданд.Ҳама фарзандонро ба хондан ва донистани ахлоқи шаръӣ тарғиб менамуданд ва ин фақир назди ҷаддаи худ( модари модар)- раҳмати Худо бар ӯ бод- дар хурдсолӣ хондани Қуръон ва саводхонии форсиро таълим гирифта будам. ” Чаҳоркитоб”, “Каримо”, “Панҷганҷ”, девони Ҳофиз ва дигар китобҳоро мехондам…

Ба таърихи 1952 ба вилояти Қӯрғонтеппа ҳиҷрат овардем.Ин ҷо уламои шаръ бисёр буданд. Бародаркалони мо Неъматуллоҳ- рӯҳаш шоду ғарқи раҳмати илоҳӣ бод, моро ба хондани улуми дин ва арабӣ таъкид карданд… Билохира, бар ҳузури пуранвори ҳазрати Мавлавӣ Муҳаммадҷони Хӯқандӣ расидам ва бақияи улумро он ҷо ба камол расондам…

Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ, яке аз маъруфтарин аз рӯҳониёни суннатгарои тоҷик, ки дар рӯзи аввали моҳи шарифи Рамазон дар синни 80 аз олам чашм пӯшид, рӯзи 14 апрел дар зодгоҳаш деҳаи Ғилмони ноҳияи Тоҷикобод ба хок супурда шуд. Аз ӯ асарҳое, чун «Изохату-ш-шубха ан даови-ш-ширк ва-л-бидъа», «Файзи зиёрат бо ёди Пайгамбар салаллоху алайхи ва саллам», «Хакикати баён дар баёни хакикати Нуъмон», «Асъофу-л-ахноф фи-л-хаччи ва–л-иътимор бимашраби-л-аслоф», «Пандномаи хазрати Мавлави Мухаммадчон ал-Кори алайхи рахмату-л-бори», «Сайри ибрат дар ахди гул», «Чавшани амон аз даврони шамшери буррон» , «Ашъори Домулло Ҳикматуллохи Точикободи» ва «Акидаи салима» ба ёдгор монд.

Нилуфар Азиз

ДОМУЛЛО ХИКМАТУЛЛОХИ ТОЧИКОБОДИ

(маълумоти мухтасар)

Фатҳуллоев Ҳикматуллох маъруф ба Домулло Ҳикматуллохи Точикободи соли 1941 дар дехкадаи Гилмони водии Каротегин дар хонаводаи дехкон (барзгар ё кадевар ё киштварз ё кишоварз) дида ба дунё кушодааст.

Домулло Ҳикматуллох таълими ибтидоии мазхабиро назди бибиаш, яъне назди модари модараш гирифтаааст ва шуруъ аз соли 1952 назди донишмандоне аз ќабили Мулло Неъматуллох, Домулло Чўрабеки Гарми, Домулло Назри, Домулло Хучаи Кўлоби, Домулло Шералии Андичонми таълим мегирад.

Домулло Ҳикматуллох илми худро назди Мавлавии Хиндустони комил мегардонад ва китобхои «Тафсири Чалолайн», «Тафсири Байзови», «Сахехи Бухори», «Сахехи Муслим», «Мишкоту-л-масобех», «Мухтасару-л-маъони», «Шамсия бо шархи Кутби» ва «Сулламу-л-улуми ва тахзиб бо Шархи Абдуллохи Язди», «Хикмату-л-айн», «Конунча фи–т-тиб», «Китоби Уклидус», «Хулосату-л-хисоб», «Унвону-л-баён», «Адабу-д-дунё ва –д-дин», «Макомоти Замахшари», «Макомоти харири», «Гулистон», «Бўстон», «Шабистон», «Ахлоки Чалоли», «Чахор унсур», «Касоиди фуюз» ва дигар рисолахои илмиро таълим гирифтааст.

Соли 1964 Домулло Ҳикматуллох бо тавсияи устодаш Мавлавии Хиндустони ба нохияи Чоми меравад, то пас аз дарёфти «илми зохир» назди Эшони Абдуррахмончон (яке аз донишмандони суфимашраби даврони шўрави) аз «илми ботин» низ бархурдор гардад. Дар ин бора Домулло Ҳикматуллох мегўяд: «Хазрати Мавлави фармуданд, баъд аз дарёфти улуми зохири ба улуми маънави бояд пардози ва ба хузури саросар нур Хазрати Эшони Абдуррахмон ибни Эшони Порсохоча рафта, адаби хидмат ба чой ори. Муддате ба хидмат мерафтем ва баракати сўхбат дарёфтем ва ба дуои хайр ва баракату назри покон ноил гардидем».

Аз таълифоти Домулло Ҳикматуллох метавон асархои зеринро ном бурд: «Изохату-ш-шубха ан даови-ш-ширк ва-л-бидъа», «Файзи зиёрат бо ёди Пайгамбар салаллоху алайхи ва саллам», «Хакикати баён дар баёни хакикати Нуъмон», «Асъофу-л-ахноф фи-л-хаччи ва–л-иътимор бимашраби-л-аслоф», «Пандномаи хазрати Мавлави Мухаммадчон ал-Кори алайхи рахмату-л-бори», «Сайри ибрат дар ахди гул», «Чавшани амон аз даврони шамшери буррон», «Ашъори Домулло Ҳикматуллохи Точикободи» ва «Акидаи салима». Шохасари пурмазмуни МАВЛАВИ Хикматуллох ибни Фатхуллохи Каротегини «Чавшани амон аз даврони шамшери буррон» яке аз бехтарин асархои мазхаби ханафия ба шумор меравад.

Нилуфар Азиз

 

ЧАНОЗАИ ХАЗРАТИ ДОМУЛЛО ХИКМАТУЛЛОХИ КАРОТЕГИНИ фардо (14-уми апрел), соати 10:00 дар н.Точикобод баргузор мегардад. Мавлави Хикматуллохи Каротегини чанд дакика пеш пас аз ифтор, баъди адои намози хуфтан дар синни 80-солаги чашм аз олами хасти пушид. Беш аз як сол буд, ки аз бемори азият мекашид. Маъруфтияти У марзхои Точикистонро убур карда буд. Хаводорони бешумори МАВЛАВИ Хикматуллох ибни Фатхуллохи Каротегини киргизу узбаку казок ва хатто русхо низ буданд ва барои гирифтани як каф дуо ба дидори эшон меомаданд, Уро дуст медоранд. Инсони фурутан, хоксор, олими рохи Худо буд. Шохкорихои У барои насли имруза ва оянда бисёр манфиатовар ва мондагоранд. Олимон марг надоранд. Асархои У барои хамеша човидонанд. Вафоти У талаффоти бузург на танхо барои чомеаи Точикистон, балки талаффоти тамоми мазхаби ханафия ва мусулмони хавзаи осиёст. Аллохи Мехрубон бешак Ту Зудхисобу Донои, ин олими пуркоратро шоистаи чаннат бигардон😭. Ба пайвандони Домулло Хикматуллох ва шогирдону хаводоронаш аз даргохи Хак сабр таманно дорам.😭 МАВЛАВӢ ҲИКМАТУЛЛОҲИ ҚАРОТЕГИНӢ

Мавлавӣ Ҳикмауллоҳ ибни Фатҳуллоҳ олим ва донишманди фиқҳи исломӣ, хусусан мазҳаби ҳанафия, адиб, муаллифи чандин асарҳои илмиву адабӣ, муррабӣ ва шахсияти барҷастаи динӣ дар кишвар ва берун аз он эътироф шудаанд.

Мавлавӣ Ҳикматуллоҳ роҷеъ ба зиндагинома ва осори худ навиштае доранд, ки онро мухтасаран пешниҳоди хонанда мегардонем:

《 Ин банда фақир илла лутфии Раббуҳу Ҳикматуллоҳ ибни Фатҳуллоҳ дар қарияи Деҳи Ғилмони вилояти Қаротегин ба таърихи1941 милодӣ дар хонаводаи деҳқон чашм ба олами зуҳур кушуд.Падари бузургвораш деҳқони асил ва илмдӯст буданд.Ҳама фарзандонро ба хондан ва донистани ахлоқи шаръӣ тарғиб менамуданд ва ин фақир назди ҷаддаи худ( модари модар)- раҳмати Худо бар ӯ бод- дар хурдсолӣ хондани Қуръон ва саводхонии форсиро таълим гирифта будам. ” Чаҳоркитоб”, “Каримо”, “Панҷганҷ”, девони Ҳофиз ва дигар китобҳоро мехондам…

Ба таърихи 1952 ба вилояти Қӯрғонтеппа ҳиҷрат овардем.Ин ҷо уламои шаръ бисёр буданд. Бародаркалони мо Неъматуллоҳ- рӯҳаш шоду ғарқи раҳмати илоҳӣ бод, моро ба хондани улуми дин ва арабӣ таъкид карданд… Билохира, бар ҳузури пуранвори ҳазрати Мавлавӣ Муҳаммадҷони Хӯқандӣ расидам ва бақияи улумро он ҷо ба камол расондам…

Ба таърихи 1964 милодӣ аз назди ҳазрати Мавлавӣ устод рухсат ёфта , ба тарафи Арал- ноҳияи Ҷомии ҳозира рафтем.Ҳазрати Мавлавӣ фармуданд: – Баъд аз дарёфти улуми зоҳирӣ ба улуми маонӣ бояд пардозӣ ва ба ҳузури саросар нур Ҳазрати Эшони Абдураҳмон ибни Эшони Порсохоҷа рафта , адаби хидмат ба ҷо орӣ.Мудате ба хидмат мерафтем ва баракати суҳбат дарёфтем ва ба дуои хайр ва баракату назри покон ноил гардидем… Ҳикматуллоҳ ибни Фатҳуллоҳ》

Дар замоне, ки арзишҳои фарҳангиву таърихӣ, аз ҷумла арзишҳои милливу мазҳабӣ аз ҷониби баъзе шахсон ва равияву мазҳабҳои ба истилоҳ “навбаромад” бо ҳадафҳои ғаразнок мавриди таҳрифу бозхоҳӣ қарор мегиранд, Мавлавӣ Ҳикматуллоҳ ҷиҳати покиза нигоҳ доштани арзишҳои мазҳабии сунатӣ самимона саъю талош намуда, бо сухан ва навиштаҳояш ин арзишҳоро қотеъона дифоъ менамояд.

Шоири халқи Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Сафармуҳаммад Айюбӣ бо номи 《Шайх Ҳикматуллоҳи Ғилмонӣ》 (Душанбе,2005)

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button