ЯК МОШИН БО 10 ТОННА ҚОҒАЗИ ДЕВОРӢ (ОБОЙ) ДАР РОҲ БА ТОҶИКИСТОН БА КОМИ ОТАШ РАФТ (3 АКС)

Рӯзи 13 апрел, тахминан соати 12:50, як мошини фургони тамғаи “Мерседес”, ки аз Украина ба Тоҷикистон ҳудуди 10 тонна қоғази деворӣ (обой) мебурд, дар шоҳроҳи Уралск-Атирау дар наздикии шаҳраки Лбишенское дар ноҳияи Оқжажиқи вилояти Қазоқистони Ғарбӣ ба коми оташ рафт.
Дар ин бора сомонаи маҳаллии «Мой ГОРОД» бо такя ба департаменти ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Қазоқистони Ғарбӣ хабар дод.
“Фургони болопӯшидаи тамғаи “Мерседес Бенс”, ки дар бордонаш тахминан 10 тонна қоғази деворӣ (обой) дошт, аз Украина ба Тоҷикистон мерафт. Ин мошин ба ширкати ӯзбекистонии “Sergorus” тааллуқ доштааст. Соҳиби борро муайян мекунанд “, – хабар додаанд дар маркази матбуоти департаменти ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Қазоқистони Ғарбӣ.
Бино ба ин манбаъ, барои фурӯ нишондани сӯхтор як мошин бо 4 сӯхторнишон истифода шудааст. Ба онҳо танҳо баъди 3 соат – соати 15:52 муяссар шудааст, ки оташро пурра фурӯ нишонанд.
Касе дар ин ҳодиса осеб надидааст.
Манбаъ: сомонаи «Мой Город»


