ВидеоТоҷикистон

САРХАТИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 17 МАРТИ СОЛИ 2021 (ВИДЕО)

Дуруд, тамошобинони азиз!

Хулосаи хабарҳои муҳими рӯзи 17 марти Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод”

бароятон пешкаш мекунем. Дар ин барнома:

Ҳаҷми интиқоли пул аз Pусия ба Tоҷикистон 800 миллион $ кам шудааст

Нусрати Ғарғарагӣ дар бемористон дар ҳолати кома қарор дорад

10 рӯз ҳабси ронанда барои рафтори дағал нисбат ба мусофирон

 22 муҳоҷири тоҷикро дар Новосибирск ба маблағи 2 миллион  фиреб додаанд

Ва акнун тафсилоти хабарҳо:

Ҳаҷми интиқоли пул аз ҷониби шахсони физикӣ аз Русия ба Тоҷикистон дар соли 2020 32% коҳиш ёфтааст. Соли гузашта аз Русия ба Тоҷикистон 1 миллиарду 741 миллион доллар пул фиристодаанд, ки ин назар ба 2 миллиарду 540 миллион доллар пули ирсолшуда дар соли 2019 ҳудуди 800 миллион доллар камтар аст.

Тоҷикистон аз лиҳози ҳаҷми интиқоли пул аз Русия дар байни кишварҳои СНГ баъди Ӯзбекистон ҷои дуюмро мегирад. Соли гузашта аз Русия ба Ӯзбекистон 4 миллиарду 420 миллион доллар пул фиристодаанд, ки ин назар ба Тоҷикистон 2,6 маротиба бештар аст. Дар ҷои сеюм дар ин “сабқат”и пулфиристӣ аз Русия Қирғизистон, боз як кишвари аз пули муҳоҷиронаш сахт вобастаи Осиёи Марказӣ меояд. Соли 2020 аз Русия ба Қирғизистон 1 миллиарду 716 миллион доллар (ҳамагӣ 25 миллион камтар аз Тоҷикистон) пул фиристодаанд.

Тоҷикистон аз кишварҳоест, ки аз пулҳои интиқолии муҳоҷирони кориаш, ки шумори онҳо танҳо дар Русия то шурӯи пандемия беш аз як миллион нафарро ташкил медод,  сахт вобаста аст ва чунин коҳиши башиддати ҳаҷми пулҳои интиқолшуда аз Русия ба сатҳи некӯаҳволии аксари хонаводаҳо дар ин кишвар, ҳамчунин ба вазъи тамоми иқтисод ва савдо дар Тоҷикистон таъсири ҷиддии манфӣ мерасонад.

Коршиносон коҳиши башиддати ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистонро пеш аз ҳама ба пандемияи коронавирус ва чораҳои ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии он андешидаи кишварҳо, аз ҷумла Русия, бастагӣ медиҳанд. Қарори маълум, Русия моҳи марти соли 2020, дар рӯзҳои оғози мавсими нави муҳоҷират марзҳояшро, пурра баст ва дар натиҷа, миллионҳо муҳоҷир, аз ҷумла садҳо ҳазор аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон, ки ҳар сол бо расидани баҳор барои мардикорӣ ба Русия раҳсипор мешуданд, соли гузашта дар Ватан бекор дармонданд ва натавонистанд ба Русия бираванд. Бар илова, он муҳоҷироне, ки дар Русия дармонданд, ба далели пандемияи коронавирус муддати тӯлоние аз ҷои кор ва манбаи даромад маҳрум буданд ва натавонистанд ба таври бояду шояд хонаводаҳои худ дар Тоҷикистонро аз лиҳози молиявӣ дастгирӣ кунанд.

Коршиносон бар инанд, ки ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба кишварҳои муҳоҷирфирист, аз ҷумла ба Тоҷикистон дар соли 2021 низ метавонад боз ҳам коҳиш биёбад, чунки дар моҳҳои охир даҳҳо ҳазор аз муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба Ватан баргаштанд, вале он садҳо ҳазор муҳоҷири бекормонда дар Тоҷикистон то ҳол наметавонанд ба далели баста будани марзҳои Русия ба он кишвар ба мардикорӣ бираванд.

Хххххх

Нусратулло Файзуллоев, молику раҳбари корхонаи “Ресанда”-и шаҳри Бохтар, дар аввали моҳи март ба иллати фишори баланди хун дучори сактаи мағзӣ шуда, тақрибан ду ҳафта боз дар бемористон дар ҳолати мадҳушӣ (кома) қарор дорад.

Як манбаи сомонаи “Бомдод” хабар дод, ки соҳибкори маъруф ду ҳафтаи аввал дар бемористони  Қараболо дар маркази вилояти Хатлон қарор дошт, вале рӯзи 16 март ӯро барои идомаи табобат ба Душанбе бурдаанд.

Нусратулло Файзуллоев, маъруф ба Нусрати Ғарғарагӣ ва Нусрати Бетурсук,  молику раҳбари корхонаи “Ресанда”, яке аз сарватмандтарин афрод дар вилояти Хатлон ба шумор меравад.

Ин зодаи деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара  баъди пирӯзии Фронти халқӣ дар соли 1992 умури корхонаи ресандагии шаҳри Қӯрғонтеппаро ба дасти худ гирифт ва ҳоло ба ҷуз аз роҳбарии ин корхона ҳамчунин меҳмонхонаи “Бохтар” дар маркази вилояти Хатлон ва як силсила корхонаҳо дар тӯли роҳи Данғара – Кангуртро ба ӯ нисбат медиҳанд.

Корхонаи ресандагии Қӯрғонтеппа соли 1998 ба ҷамъияти саҳомӣ табдил дода шуда, “Ресанда” ном гирифт ва 5 июли соли 2013 дар як маросим бо ҳузури президент Эмомалӣ Раҳмон дубора ба кор андохта шуд. Ба гуфтаи манобеи огоҳ, 75% саҳмияҳои “Ресанда” дар дасти худи Нусратулло Файзуллоев ва 25 фоизаш дар дасти Сӯҳробҷон Убайдуллоев мебошанд. Файзуллоев ҳамчунин ба ҳайси мудири кулли ин корхона кор мекунад.

Мақомоти андози вилояти Хатлон дар тобистони соли 2020 гуфтанд, ки қарзи ҶСК “Ресанда” аз андоз ба 27 млну 798 ҳазору  960 сомонӣ расидааст. ҶСК “Ресанда” инчунин аз пардохти истифодаи об 2 000 000 сомонӣ қарздор будааст. 

ххххх

Додгоҳи Хуҷанд Рамазон Эргашзода, ронандаи мусофиркаши тамғаи “Мерседес-Спринтер”, соли таваллудаш 1990-ро бо иттиҳоми дағалрафторӣ нисбат ба мусофирон ба 10 рӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум кард. РВКД Суғд гуфт, Эргашзода, ки дар хатсайри №100 ба мардум хидмат мерасонд, шоми 9 март, тахминан соати 19 дмр истгоҳи Маркази савдои шаҳри Хуҷанд “одоби муошират ва тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуда, осудагии мусофиронро халалдор кардааст.“

Дар наворе, ки ба Интернет роҳ ёфт ва вокуниши зиёдеро ба вуҷуд овард, дида мешавад, ки ронанда бо яке аз мусофирон вориди муноқишаи лафзӣ шуда, ҳангоми баҳс бо ин мусофир аз як лаҳн ва лафзи хеле қабеҳу дашномолуда кор мебарад.

Мақомоти милиса шахсияти ронандаро муайян карда, ба зидди ӯ бар асоси моддаи 460-уми Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо иттиҳоми майдаавбошӣ парвандаи маъмурӣ тартиб доданд.
ххххх

22 мардикор аз Тоҷикистон, ки дар сохтмони маҷтамаи истиқоматии ЖК «Сосна» дар кӯчаи Сухарнаяи шаҳри Новосибирски Русия кор мекарданд, инак ним сол боз наметавонанд 2 миллину 200 ҳазор рубл пули маоши худро аз корфармоён бигиранд. Бино ба гузориши сомонаи маҳаллии “Прецедент ТВ”, Комилҷон Мунавваров ва 21 ҳамватанаш моҳи майи соли 2020 ба ҷустуҷӯи кор ба Новосибирск омада, қисмати аз ҳама вазнини кор дар сохтмони ЖК “Сосна”ро ба дӯш гирифта, аз ҷумла маҷбур буданд, ки плитаҳои бетонии вазнинро дар пушти худ ба қабати сеюми бино бикашонанд.

 Корфармои онҳо ширкати мавсум ба ООО «ДекАрт НСК» буд, ки ба навбати худ барои ширкати «Сибстрой» кор мекард.

Комилҷон Мунавваров дар мусоҳиба бо “Прецедент ТВ” асли моҷароро чунин нақл кардааст: “Давраи коронавирус буд ва дар ягон ҷо кор набуд. Ба мо аввал аз 100 то 300 рубл медоданд, вале моҳи сентябр бригадаи моро берун андохта, бригадаи дигарро ба кор гирифтанд. Ба мо пешпардохт карда буданд, вале дар мавриди боқимондаи пули корамон фақат мегӯянд: пагоҳ биёед, пасфардо биёед. Аз мо 2 миллиону 200 ҳазор рубл қарздоранд. Фақат аз як ман 150 ҳазор рубл нодода мондааст.”

Александр Петерсон, муовини раҳбар и ширкати «ДекАрт НСК» дар мусоҳиба бо “Прецедент ТВ” эътироф кардааст, ки пули мардикорони тоҷикро надодаанд. Вале Петерсон дар ин худи мардикоронро гунаҳкор кардааст, ки кори худро то охир ба субут нарасондаанд: “Нисбат ба онҳо ба маблағи ним миллион рубл даъво вуҷуд дорад, ки ҷои кори худро пеш аз рафтан тоза накардаанд. Ҳоло бошад боз корпартоӣ доранд. Ширкат зарар дид, вале ҳоло мушкилашро ҳал карда истодааст. Ман ба онҳо пешниҳод кардам, ки ё мунтазири омадани пул бишинанд ваё ба додгоҳ муроҷиат кунанд. Ман худам ҳам ҳоло бепул нишастаам.”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button