Варзиш

МУХЛИСОНИ ФУТБОЛРО БА ТАМОШОИ БОЗИИ ТОҶИКИСТОН – МУҒУЛИСТОН РОҲ МЕДИҲАНД

ФИФА иҷозат додааст, ки бозии даври ҳафтуми марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» миёни тимҳои миллии Тоҷикистон ва Муғулистон бо иштироки мухлисон баргузор гардад. Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод, ки бар асоси  мувофиқа бо ФИФА, ин бозиро шоми 25 март, соати 18 дар Варзишгоҳи марказии Душанбе метавонанд то 10 ҳазор мухлис тамошо кунанд.

Аз моҳи апрели соли 2020 дар Тоҷикистон ба сабаби пандемияи коронавирус тамоми бозиҳои футбол бидуни иштироки мухлисон доир мешаванд.

Аммо мақомоти Тоҷикистон ҳоло иддао доранд, ки пандемияи коронавирусро дар кишвар фурӯ нишондаанд. Аз 1 январи соли 2021 дар Тоҷикистон расман ҳамагӣ 4 ҳолати сирояти коронавирус сабт шудааст.

Аз моҳи феврал баргузории намозҳо дар масҷидҳои кишвар иҷозат дода шуд ва манъи иштироки мухлисон дар бозиҳои футбол яке аз ангуштшумор чораҳои зидди коронавирус буд, ки то кунун дар Тоҷикистон амал мекард.

Вале Федератсияи футбол ҳанӯз эълон накардааст, ки оё мухлисон ба тамошои бозиҳои мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон низ роҳ дода хоҳанд шуд? Мавсими имсолаи футбол дар Тоҷикистон дар аввали моҳи апрел оғоз меёбад ва то моҳи ноябр давом хоҳад кард.

Tajikistan Football Federation

ДАР БОЗИИ ИНТИХОБИИ ҶОМИ ҶАҲОН-2022 ТОҶИКИСТОН – МУҒУЛИСТОН ТО 10 ҲАЗОР МУХЛИСОН МЕТАВОНАНД ИШТИРОК КУНАНД

Бозии даври ҳафтуми марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» миёни тимҳои миллии Тоҷикистон ва Муғулистон бо иштироки мухлисон баргузор мегардад. Бо мувофиқа бо ФИФА бозиро то 10 ҳазор мухлисон метавонанд дар варзишгоҳ тамошо кунанд.

Бозии интихобии ҶҶ-2022 миёни дастаҳои Тоҷикистон ва Муғулистон рӯзи панҷшанбе, 25-уми март дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Оғози бозӣ соати 18:00 дар назар аст. Арзиши чиптаҳо дар ҳаҷми 20 сомонӣ муайян шудааст.

Қайд менамоем, ки тими миллии Тоҷикистон омодагии худро барои рақобат зидди дастаи Муғулистон 19-уми март дар Душанбе оғоз мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button