ВидеоТоҷикистонҶомеа

БОЗДОШТИ ПАДАРАНДАР БО ИТТИҲОМИ БАДАХЛОҚИИ ШАҲВОНӢ НИСБАТ БА КӮДАКИ 10-СОЛА

Эмомалиев Намозалӣ Хурсандович, санаи таваллудаш 7 майи соли 1989, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе бо иттиҳоми ҳаракатҳои бадахлоқонаи шаҳвонӣ нисбат ба духтарандари 10-солааш дастгир шудааст. Ба зидди ӯ бар асоси қисми чоруми моддаи 139-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Ба Эмомалиев бар асоси ин банди қонун то 20 соли зиндон таҳдид мекунад.

РВКД Душанбе гуфт, «дар доираи чорабиниҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки дастгиршуда Эмомалиев марҳила ба марҳила якчанд мартиба аз набудани ҳамсараш истифода бурда, дидаю дониста, ки духтарандари 10-солааш дар ҳолати оҷизӣ қарор дорад, дар манзили истиқоматиаш нисбати охирон ҳаракатҳои дорои хусусияти шаҳвонидошта анҷом дода, бо ин роҳ нафси шаҳвониашро қонеъ намудааст.»

Намозалӣ Эмомалиев, ки соли 2015 барои саркашӣ аз пардохти алимент маҳкум ба зиндон шуда буд, ҳоло дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. РВКД Душанбе гуфт, ки ӯ баъди раҳоӣ аз зиндон дубора издивоҷ карда, аз издивоҷ бо модари кӯдаки ҷабрдида соҳиби ду фарзанд шудааст. Бо ташаббуси РВД Душанбе,  ҷиҳати барқарор намудани ҳолати рӯҳиву равонии ноболиғдухтари 10-сола равоншиносони таҷрибадори пойтахт ҷалб карда шудаанд.


Тасдиқи хабар: Боздошти марде, ки бо духтарандараш ҳаракати бадахлоқона намудааст

  Санаи 7 январ дар як қатор шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ аз номи як ҷавонзани сокини пойтахт хабаре паҳн гардид, ки тибқи он гуё шавҳараш ҷавонзанро мунтазам мавриди латукӯб қарор дода, бар замми ин нисбати духтари ноболиғи 10-солааш, ки аз шавҳари аввалааш мебошад, ҳаракатҳои бадахлоқонаи хусусияти шаҳвонидошта намуда, бо ин кирдори ноҷавонмардона нафси шаҳвониашро қонеъ менамудааст.
  Дар доираи хабари паҳнгардида, ҷиҳати санҷиши холисона, ҳамаҷониба ва воқеъбинона тамоми қувваю воситаҳои мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе равона карда шуда, дар доираи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар давоми рӯз баъди нашри хабар шахсияти ҷавонзани болозикгардида бо ҳамроҳии шавҳараш муайян ва ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас карда шуданд.
  Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки дастгиршуда Эмомалиев Намозалӣ Хурсандович, санаи таваллудаш 7 майи соли 1989, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, соли 2015 бо моддаи 177 Кодекси ҷиноии ҶТ (Саркашӣ намудан аз пардохти алимент) маҳбасӣ гардида, баъди ба озодӣ баромадан бо ҷавонзани муроҷиаткунанда оиладор гардида, аз зиндагии якҷояашон соҳиби 2 фарзанд шудаанд.

Дар доираи чорабиниҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки дастгиршуда Эмомалиев марҳила ба марҳила якчанд маротиба аз набудани ҳамсараш истифода бурда, дидаю дониста, ки духтарандари 10-солааш дар ҳолати оҷизӣ қарор дорад, дар манзили истиқоматиаш нисбати охирон ҳаракатҳои дорои хусусияти шаҳвонидошта анҷом дода, бо ин роҳ нафси шаҳвониашро қонеъ намудааст.
  Вобаста ба кирдорҳои бадахлоқона ва ноҷавонмардонаи дастгиршуда Эмомалиев Намозалӣ Хурсандович нисбаташ тибқи талаботи моддаи 139 қисми 4 Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон ( Ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ) парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, тафтиши парванда зери назорати қатъии роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ идома дорад.
  Ёдовар мешавем, ки тибқи талаботи моддаи мазкур дастгиршуда Эмомалиев Намозалиро барои ин амали нангину нобахшиданӣ ҳабси тӯлонӣ то ба муҳлати 20 сол таҳдид мекунад.

  Илова бар ин, бо ташаббуси Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷиҳати барқарор намудани ҳолати рӯҳиву равонии ноболиғдухтари 10-сола равоншиносони таҷрибадори пойтахт ҷалб карда шуда, дар ин самт тадбирҳои зарурӣ рӯи даст гирифта шудааст.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбe

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button