ВидеоТоҷикистон

ХУЛОСАИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ ТОҶИКИСТОН АЗ “БОМДОД”. 8 ЯНВАРИ СОЛИ 2020

Дуруд, шунавандагони азиз. Пойгоҳи хабарии “Бомдод” хулосаи муҳимтарин хабарҳои рӯзи 8 январи Тоҷикистонро бароятон пешкаш мекунад. Дар ин барнома:

ҲАЛОКАТИ 5 НАФАР ДАР ЯК САДАМАИ МАРГБОР ДАР РОҲИ ДУШАНБЕ – ХУҶАНД

ТОҶИКИСТОН ТО ҲОЛ БА АФҒОНИСТОН БАРҚ МЕФУРӮШАД? КОБУЛ АЗ ДУШАНБЕ БАРҚИ БЕШТАР ХОСТААСТ

 ҚАТЛИ СЕ ЗАН ДАР ҲИСОР ДАР БАЙНИ ҲАМАГӢ 4 РӮЗ

“ЗАНАКҶАНГ”: БОЗДОШТИ 3 ҶАВОНЗАН БАРОИ АВБОШӢ ДАР ДУШАНБЕ

Шоми 7 январ, тахминан соати 18:50, дар километри 80-уми шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд дар мавзеи Зимарғи ҷамоати Анзоби ноҳияи Айнӣ бар асари ба ҷарии умқаш 400 метр чаппа шудани як мошини “Опел-Астра” 5 нафар – ронанда ва 4 мусофираш – ҳалок шуда, танҳо як нафар бо ҷароҳатҳои зиёд зинда мондааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон гуфт, ҳамаи қурбониёни ин садама сокинони деҳаи Қалъаи Дӯсти ноҳияи Деваштич ва ронандаи 62-солаи “Опел” ҳамсояи онҳо будаанд.

КҲФ гуфт, наҷотдиҳандагони ин ниҳод дар водии Зарафшон ба ҷои ҳодиса расида, ибтидо аккумулятори мошинро хомӯш карданд, то пеши роҳи сӯхтор ва таркиши мошинро бигиранд. Онҳо сипас бо ёрии таҷҳизоти гидравликӣ ҷасади ҳамаи қурбониёни ин садамаи маргборро берун оварданд. Онҳо ҳамчунин як мусофирро, ки бо вуҷуди ҷароҳатҳои зиёд зинда буд, берун кашида, ба бемористон интиқол додаанд.

Ин садама дар ҳоле рух дод, ки  тақрибан ду ҳафта боз дар Тоҷикистон сармои қаҳратуни “зимистони сибирӣ” ҳукмфармост. КҲФ бори дигар аз ронандагон хост, ки қоидаҳои ҳаракатро риоя намоянд, хеле эҳтиёткор бошанд ва ҷони худу ҳамсафарони худро дар хатар нагузоранд.

Қаблан ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки шоми 6 январ, тахминан соати 18:00, дар роҳи Восеъ – Ҳамадонӣ ҳудуди ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Ҳамадонӣ бар асари бархӯрди мошини “Опел-Астра” бо харароба ноболиғи аробасfвор Сайҷаъфар Ятимови 14-сола ҷон додааст.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

Ххххххх

Ширкати барқи Афғонистон «Брешно» гуфт, ки Афғонистон бо Тоҷикистон ҷиҳати аз 80 мегаватт то ба 120 мегаватт, яъне 50% боло бурдани ҳаҷми содироти нирӯи барқ музокирот пеш мебарад. Афғонистон дар пайи рӯзи 6 январ дучори садама шудани шабакаҳои барқи Ӯзбекистон ба камбуди нирӯи барқ рӯбарӯ шуд.

Вале аз Тоҷикистон дархости афзоиши ҳаҷми интиқоли барқ кардани Кобул дар ҳолест, ки худи Тоҷикистон ба як  буҳрони шадиди энергетикӣ дучор шудааст ва ширкати «Барқи Тоҷик» аз 5 январ дар кишвар лимити барқ ҷорӣ карда, интиқоли барқ ба аҳолии манотиқи деҳотро чанд рӯз боз аз соати 23-и шаб то шаши субҳ қатъ мекунад. Ин лимит дар ҳоле ҷорӣ карда шуд, ки тақрибан ду ҳафта боз дар Тоҷикистон сармои қаҳратуне ҳукмфармост ва сокинон барои гарм кардани хонаҳояшон ба нирӯи барқ ниёзи бештар пайдо кардаанд.

 «Барқи Тоҷик» изҳор дошта буд, ки ба сабаби камбуди барқ дар дохили кишвар, интиқоли он ба кишварҳои дигарро қатъ кардааст. «Аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “Барқи Тоҷик” низ ҷиҳати қонеъ гардонидани   талаботи аҳолӣ ва иқтисодиёти миллӣ ба барқ  як қатор чораҳои таъҷилӣ андешида шуданд. Аввалан, пеш аз муҳлатҳои дар шартномаҳои байнидавлатӣ зикршуда  интиқоли неруи барқ ба кишварҳои ҳамсоя қатъ карда шуд», – гуфта мешуд дар муроҷиатномаи «Барқи Тоҷик», ки шоми 5 январ, ҳамагӣ чанд соат пеш аз ҷорӣ кардани лимит нашр шуд. Вале изҳороти ширкати «Брешно» дар бораи идомаи музокирот барои АФЗОИШИ  ҳаҷми содироти нирӯи барқи Тоҷикистон ба Афғонистон баёнгари он аст, ки содироти барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон то ҳол идома доштааст.

 хххххх

ВКД Тоҷикистон дар шумораи навбатии барномаи телевизионии “Ахбори ВКД” тафсилоти куштори се зан дар Ҳисорро нашр кард. Ин се куштор дар байни ҳамагӣ 4 рӯз – аз 22 то 26 декабр рух дода, дар ду мавриди мардони солхӯрдаи 62-сола ҳамсарони худро куштаанд.

Ҳалимов Абдураҳим, соли таваллудаш 1959, сокини деҳаи Лангари поён, рӯзи 22 декабр, тахминан соати 17:30 бо ҳамсараш Умедова Солеҳа ҷанҷол карда,  ӯро бо дастонаш буғӣ кардааст. Дар натиҷа, зани бечора дар ҷои ҳодиса ҷон додааст.

Аммо куштори дуюм дар заминаи рашк ва ҳамсари ҷавонашро ба хиёнат гумонбар кардани як марди кӯҳансол рӯй додааст. Мирзомиддинов Баҳриддин, соли таваллудаш 1959, сокини деҳаи Деҳқонобод ҳамсараш Тошбекова Парвина, соли таваллудаш 1987-ро бо як бераҳмии махсус бо корд ба қатл расондааст.

Куштори зани сеюмро як ҳамсояаш ба хотири дуздии пулу мол содир кардааст.Одинаев Муҳаммад, соли таваллудаш 1994, сокини кӯчаи Фирдавсии шаҳри Ҳисор 26 декабр ба рӯй ниқоб кашида, бо мақсади дуздӣ ба манзили ҳамсояаш Розиқова Ороста ворид шудааст. Соҳиби хона даромадани дуздро пай мебарад ва Одинаев барои ошкор нашудани мақсади нопокаш зани бечораро бо роҳи буғӣ кардан ба ҳалокат расондааст. Ӯ баъди куштан ангуштарӣ ва гӯшвори тиллоии Ороста Розиқоваро тасарруф карда, бо мақсади идомаи ниятҳои ҷинояткоронааш духтари ноболиғи соҳибхонаро низ буғӣ карда, мехоҳад бикушад, вале духтар муқобилият нишон дода, ниқобро аз рӯи қотил мекашад. Одинаев баъди ин, барои онки ӯро нашиносанд, бошитоб ҷои ҳодисаро тарк кардааст.

хххххх

РВКД Душанбе хабар дод, ки дар пайи занозании байни як гуруҳи ҷавонзанҳо, ки соати дуи шаби 25 декабр дар назди тарабхонаи “Самира” дар маҳаллаи Гипроземи пойтахт рӯй дод, се ҷавонзани аз 22 то 24-сола дастгир гардида, нисбат ба онҳо бар асоси қисми дуюми моддаи 237-уми Кодекси ҷиноятӣ бо иттиҳоми авбошӣ парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд. Акнун ба ин се ҷавонзан ҳамчун ҷазо то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Сабти видеоии ҷанги байни ҷавонзанҳо ба Интернет роҳ ёфта, сару садои зиёд ба по кард. РВКД Душанбе гуфт, дар натиҷаи таҳқиқ маълум шуд, ки шаҳрвандон Зарина Қарахонова, с.т. 1996, сокини кӯчаи Фирдавсии пойтахт, Фирӯзаи Маҳмадмӯсо, с.т1998, сокини деҳаи Пахтакори ноҳияи Рӯдакӣ ва Тожиниссо Тағойбекова, с.т. 1996, сокини деҳаи Ҷ.Балхии ноҳияи Рӯдакӣ соати тахминан дуи шаби 25 декабр дар назди тарабхонаи «Самира» воқеъ дар маҳаллаи Гипроземи ноҳияи Сино аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, шаҳрванд Шукронаи Азизулло санаи таваллудаш 09.08.2000, истиқоматкунандаи ш. Душанбе кӯчаи А. Деҳотиро мавриди латтукӯб қарор додаанд.

Милитсияи пойтахт ҳамзамон аз рафтори бетарафонаи издиҳоми тамошобинон ба ин “занакҷанг” изҳори нигаронӣ кардааст. “Чуноне аз навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашргардида бармеояд, гарчанде дар атроф нафарони зиёде муноқишаи ин ҷавонзанҳоро наззора мекарданд, худро бетараф гирифта, барои ором ва аз ҳам ҷудо намудани онҳо кӯшише накарда, баръакс ҳамчун тамошобин аз занозании номбурдагон лаззат мебурданд, ки ин амали ноҷавонмардонаи атрофиёнро корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ низ маҳкум кардаанд”, – гуфта мешавад дар гузориши РВКД Душанбе.

Дар видео дида мешавад, ки се зан якеи дигарро бо мушту лагат латтукӯб доранд, вале тамошобинон онҳоро бо нидоҳои “Бизанед! Бизанед!” ба идомаи занозанӣ ташвиқ мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button