Хабарҳои кӯтоҳ

АХБОРИ ВКД: САДАМАИ МАРГОВАР ДАР КОНСОЙ, КОРДЗАНӢ ВА ҒОРАТГАРӢ ДАР ПОЙТАХТ ВА ҚАЛЛОБӢ БА МАБЛАҒИ 1,4 МИЛЛИОН

Рӯзи 3 январ, соати 14:30 дар шаҳраки Консой дар пайи аз кор баромадани тормози мошинаш ронандаи 59-солаи мошини МАЗ худро ба берун партофта, ба ҳалокат расидааст.

Ду ҷавони 19-сола шаби Соли нав дар назди Кохи Борбад як марди 50-соларо корд задаанд.

Сокини 24-солаи Душанбе бо иттиҳоми латтукӯб ва ғорати телефони як марди 31-сола дар кӯчаи Карин Манн боздошт шудааст.

Зани 45-солаи сокини Ёвон моҳи сентябри соли 2019 дар бозори “Корвон” ба маблағи қариб 1,4 миллион сомонӣ ҷавоҳирот гирифта, то ҳол нисфи пулашро надодааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 4 январи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ба ҳалокат расидани ронанда дар натиҷаи аз кор мондани фишанги автомашина

Рӯзи 3-юми январи соли 2021, тахминан соати 14:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи «МАЗ», Шарифов Шариф Орифович, соли таваллудаш 1961, сокини ҷамоати шаҳраки Консойи шаҳри Гулистон, ҳангоми ҳаракат кардан дар 28-ум киллометри шоҳроҳи «Хуҷанд-Адрасмон», дар ҳудуди шаҳраки Консой, ба нишебии роҳ фаромада, тормози воситаи нақлиёт аз кор баромадааст.

Ронандаи автомашинаи мазкур аз воситаи нақлиёти дар ҳаракат буда худро аз сари чамбарак ба берун партофта, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳолати мазкур таҳқиқот идома дорад.

Бо корд захмӣ намудани марди 50-сола

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 50-солаи сокини ноҳияи Ишкошим муроҷиат намудааст, ки санаи 31-уми декабри соли 2020, тахминан соати 20:20-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи И.Сомонии пойтахт, назди бинои «Кохи Борбад» қарор доштанаш, ду ҷавони 19-солаи сокинони пойтахт аз ҳиссиёти авбошӣ бе ягон асос уро лату кӯб намудаанд.
Сипас, яке аз онҳо бо корд 1-маротиба ба пояш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани ҷинояти ғоратгарӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 24-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 25-уми августи соли 2020, тахминан соати 00:20-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Кари-Манни пойтахт қарор доштанаш, марди 31-солаи сокини шаҳри мазкурро лату кӯб намуда, бо тариқи ошкоро аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи «Редми Нот 7»-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа ба ҷабрдида 2 ҳазору 365 сомонӣ зарар расонидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани ҷиноятҳои дуздӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Ш.Шоҳин бо ариза марди 45-солаи сокини ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 27 ба 28-уми июли соли 2020, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди мактаб-интернат, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Саричашма шуда, аз утоқи кории директор 1-адад ноутбуки тамғаи “Асер”-ро, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 4 ҳазору 200 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 19-солаи сокини ҷамоати деҳоти Доғистони ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду марди 27-солаи сокинони пойтахт бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Номбурдагон, санаи 3-юми январи соли 2021, тахминан соати 10:30-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Н.Қарабоев, назди Маркази савдои «Панҷшер» қарор доштани ҷавони 23-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи пинҳонӣ аз ҷейбаш 5 ҳазору 750 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани кирдори қаллобӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза зани 30-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи сентябри соли 2019, ҳангоми дар ҶДММ «Бозори Корвон» қарор доштанаш, шахси номаълум бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ ҷавоҳироти гуногуни тиллоиашро гирифта, ваъда додааст, ки пас аз 1-моҳ маблағҳояшро бармегардонад, аммо аз ин маблағ 725 ҳазору 560 сомониашро баргардонида, боқимонда маблағи 659 ҳазору 511-сомониро то ҳол барнагардонидааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 45-солаи сокини ноҳияи Ёвон, бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир гардида, ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button