Тиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ВАЗОРАТ: РӮЗИ 3 ЯНВАР ДАР ТОҶИКИСТОН ЯГОН ҲОЛАТИ НАВИ КОРОНАВИРУС НАБУД

Вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми 3 январ хабар дод, ки дар як шабонарӯзи охир дар кишвар ягон ҳодисаи нави гирифторӣ ба коронавирус сабт нашудааст. Дар айни замон, дар ин як рӯзи охир боз 41 нафари дигар аз коронавирус шифо ёфта, ҳамагӣ 230 нафар бо нишонаҳои сабуки коронавирус дар хона зери назорати дармонгоҳӣ боқӣ мемонанд. Вазорат ҳанӯз рӯзи 31 декабр эълон карда буд, ки дар беморхонаҳо ягон бемори коронавирус боқӣ намондааст.

Бино ба омори расмии вазорат, то имрӯз дар Тоҷикистон 13 300 ҳолати сирояти коронавирус сабт шуда, аз ин шумор 90 нафар ҷон бохтаанд ва 12 980 нафар, ё 97,6% аз шумораи умумии гирифторшудагон шифо ёфтаанд.

Вазорати тандурустӣ рӯзҳои 31 декабр ва 1 январ низ аз сабт нашудани ягон ҳолати нави коронавирус дар Тоҷикистон хабар дод ва дар ин байн фақат рӯзи 2 январ сабт шудани 4 ҳолати нави сирояти ин вирусро тасдиқ кард.

Чунин гузоришдиҳиҳо дар бораи ба сифр расидани ҳолатҳои нави гирифторӣ ба коронавирус дар ҳоле шурӯъ шуд, ки президент Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солинавиаш гуфт, “коронавирус дар Тоҷикистон қариб ба нестӣ расидааст”.

Вале мунтақидон мегӯянд, иддаои ба нестӣ расондани коронавирус дар Тоҷикистон ҳанӯз як иддаои пеш аз вақт аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button