Тиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ДАР ТОҶИКИСТОН 4 ҲОЛАТИ НАВИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС ОШКОР ШУДААСТ

Баъди ду рӯзи ҳисоботи вазорати тандурустӣ дар бораи ошкор нашудани ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон дар рӯзҳои 31 декабр ва 1 январ, ин идора иттилоъ дод, ки рӯзи 2 январ дар кишвар боз 4 ҳолати гирифторӣ ба ин вирус сабт шудааст.

 Ба ин тартиб, шумораи умумии гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон ба 13 300 нафар расид. Вазорат мегӯяд, аз ин шумор 90 нафар ҷон бохта, 12 939 нафар, ё 97,3% аз шумораи умумии гирифторон шифо ёфтаанд.

Бино ба иттилои вазорати тандурустӣ, феълан 271 нафар бо нишонаҳои сабуки коронавирус дар хона зери назорати дармонгоҳӣ қарор доранд.

Вазорати тандурустӣ ду рӯзи қабл хабар медод, ки дар Тоҷикистон ягон ҳолати коронавирус сабт нашудааст. Чунин гузоришҳо дар ҳоле шурӯъ шуд, ки президент Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солинавиаш гуфт, “коронавирус дар Тоҷикистон қариб ба нестӣ расидааст”.

Вале мунтақидон мегуфтанд, иддаои ба нестӣ расондани коронавирус дар Тоҷикистон ҳанӯз як иддаои пеш аз вақт аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button