МуҳоҷиронҲуқуқи инсон

ДОДХОҲИИ МОДАРИ ТОҶИК ДАР МАСКАВ: НАБЕРААМРО ДУХТУРҲО ДАР ТОҶИКИСТОН МАЪЮБ КАРДАНД (ВИДЕО)

Иззат Амон, роҳбари Маркази тоҷикони шаҳри Маскав видеои додхоҳии занеро бо номи Гулбарг нашр кардааст. Ин зан дар ин видео мегӯяд, набераи яксолааш Муҳаммад Шарифзодаро дар Душанбе чанд дафъа ҷарроҳӣ кардаанд ва дар натиҷа ин кӯдак аз узви таносул маҳрум шуда, дасти росташ низ аз кор мондааст. Ин зан бо дард мегӯяд, ҳоло набераашро барои табобат ба Маскав овардааст, зеро ин кӯдаки маъсум, ба гуфтаи ӯ,  дар бемористонҳои Душанбе қурбони ташхису табобати нодурусти духтурҳо шуда, дар ин синни хурд маъюб шудааст.

“Дасти росташ хунуку беҳаракат аст 7 моҳ боз, кор намекунад. Ман ҳоло инҷо, ба Маскав овардам Муҳаммадҷонро, то ақалан дасташ ба кор бидарояд…” – мегӯяд Гулбарг.

Аммо барои табобати ин кӯдаки тоҷик дар Маскав маблағи зиёд лозим аст. Иззат Амон аз ҳамватанони дастбахайр даъват кард, ки ба ин зан ва наберааш дасти кумак дароз кунанд.

Рақами корти бонкии Гулбарг Идрисова чунин аст:

Сбербанк

4276 3800 3004 8842

ГУЛБАРГ ИДРИСОВА

Ӯ ҳамчунин хабар дод, ки падари кӯдак мехост аз табибоне, ки фарзандашро ба ин ҳол овардаанд, шикоят кунад, вале шикояти вайро қабул накардаанд…

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button