Рӯзи 24 декабр дар толори Хонаи адибони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо иштироки аҳли адабу ҳунар, мухлисони шеър ва худи соҳибҷашн маҳфили адабие ба шарафи 70-солагии шоири шинохтаи тоҷик Камол Насрулло баргузор шуд.
Камол Насрулло 24 декабри соли 1950 дар деҳаи Панҷрӯди Панҷакент, зодгоҳи Падари шеъри форсӣ Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дида ба ҷон кушодааст. Камол Насрулло соли 1971 риштаи забону адабиёти тоҷики Донишкадаи омӯзгории Душанберо хатм карда, солҳои тӯлонӣ дар радиои Тоҷикистон, маҷаллаҳои “Машъал” ва “Садои Шарқ” ва ҳамчун сардабири маҷаллаи “Чашма” фаъолият карда, ҳоло ба ҳайси шореҳи адабӣ барои хабаргузории давлатии “Ховар” мақола менависад. Камол Насрулло аз соли 1979 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пахируфта шуда, чандин сол муовини раиси ин созмони адабӣ буд.
Камол Насрулло муаллифи даҳҳо китоби шеър буда, соли 1998 ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ – муътабартарин ҷоизаи адабии Тоҷикистонро ба даст овардааст.