Хабарҳои кӯтоҳ

Муноқишаи хунини наврасон дар Шаҳринав

Як навраси 16-сола аз деҳаи Сабои ноҳияи Шаҳринав шоми 19 декабр, соати 19:30 як навраси 17-соларо бо финка ба шикамаш корд задааст.

Сокини 62-солаи қаблан судшудаи Душанбе рӯзи 20 декабр, соати 16:45 дар ҳолати мастӣ  ба қафаси синаи посбони 66-солаи як таваққуфгоҳ корд задааст.

Сокини 47-солаи ҷамоати Рӯдакии ноҳияи Восеъ рӯзи 19 декабр, соати 11:40 дар ҳудуди ҷамоати Гулистон зери чархи мошини “Опел-Астра” ҷон бохтааст.

Сокини 29-солаи ноҳияи Рӯдакӣ ба дастикам ду ҳолати дуздӣ гумонбар мешавад.

Аз навори хабарҳои рӯзи 21 декабри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Муайян гардидани ҳолатҳои қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Шаҳринав бо ариза марди 46-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сабои ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 19-уми декабри соли 2020, тахминан соати 19:30-дақиқа, шахси номаълум дар назди роҳи автомобилгарди деҳаашон аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо писари ноболиғи 17-солааш ҷангу ҷанҷол карда, бо корди кисагӣ (финка) 1 маротиба ба шикамаш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 16-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сабои ноҳияи мазкур бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Ҳамзамон зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 62-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 220 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (нашри соли 1961) суд шудааст, бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 20-уми декабри соли 2020, тахминан соати 16:45-дақиқа, ба ҷойи кори марди 66-солаи сокини пойтахт муҳофизатчии таваққуфгоҳ ворид гардида, дар ҳолати мастӣ аз сабаби муноқишаи ба миён омада, дашномҳои қабеҳ гуфта, бо корди ошхонагӣ 1-маротиба ба қафаси синааш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар бе-морхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Ҳалокати пиёдагард бар асари садамаи нақлиётии марговар дар ноҳияи Восеъ

Рӯзи 19-уми декабри соли 2020, тахминан соати 11:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Ҳасанов Зиёвуддин Файзалиевич, соли таваллудаш 1981, сокини ҷамоати деҳоти Даштиҷуми ноҳияи Ш.Шоҳин, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти шаҳри Бохтар, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Наҷмуддинов Карим Сафарович, соли таваллудаш 1973, сокини ҷамоати деҳоти А.Рӯдакии ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, Наҷмиддинов К.С. ҷароҳатҳои вазини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхонаи ноҳия бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Ошкор гардидани ҷиноятҳои дуздӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза зани 43-солаи сокини ҷамоати деҳоти Н.Назарови ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 18-уми декабри соли 2020, тахминан соати 17:00, ҳангоми дар дохили воситаи нақлиёти мусофирбар қарор доштанаш, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ҳамёнашро, ки дар дохилаш 1-адад гарданбанди тиллоӣ, 9 ҳазору 600 сомонӣ ва 3 ҳазору 200 рубли русӣ дошт, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини ҷамоати шаҳраки М.Турсунзодаи ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сомони шаҳри Ҳисор, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, шаби 13 ба 14-уми декабри соли 2020, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии марди 33-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сомони шаҳри мазкур даромада, аз он ҷо ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ, 1-адад дастгоҳи наворгирии тамғаи “Панасоник”, 1-адад телефони мобилии тамғаи “Нокиа”, 1-адад ДВД, 5-адад флешкарта, 2-адад қуввадиҳандаи телефони мобилӣ, 2-адад калонкаи садодиҳандаи компютер ва 1-миқдор қисмҳои эҳтиётии компютерро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 13 ҳазору 200 сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button