СиёсатЧеҳраҳо

ЗОДРӮЗИ 33-ЮМИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

Рустами Эмомалӣ, писари калонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, рӯзи 19 декабр ба синни 33 расид. Имсол Рустами Эмомалӣ ба мақоми қаблиаш – шаҳрдори Душанбе – боз як мақоми баландтар дар низоми давлатдории Тоҷикистон – раиси Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумонро изофа кард ва тибқи Қонуни асосӣ, расман раҳбари дуюми кишвар шуд. Аммо дар айни замон, бо вуҷуди интизороте, ки мерафт, нақшаи интиқоли қудрат аз падар ба писар, яъне аз Эмомалӣ Раҳмон ба Рустами Эмомалӣ, дар интихоботи президентии имсола амалӣ нашуд ва зоҳиран барои муддате ба таъхир афтод. Аммо касби мақоми раҳбари дуюми кишвар алакай Рустами Эмомалиро ба сӯи ворисии тахти падар наздиктар кардааст ва агар кадом иттифоқи форс-мажоре рӯй надиҳад, баъди як ё ду сол ваё ҳатто агар Эмомалӣ Раҳмон то анҷоми давраи кунунии раёсаташ, яъне то соли 2027 ҳам дар қудрат бимонад, бо дарназардошти ҷавви ҳоким бар арсаи сиёсии Тоҷикистон метавон гуфт, ки агар касе Эмомалӣ Раҳмонро дар курсии президентӣ иваз бикунад, ба эҳтимоли ғолиб ин писараш Рустами Эмомалӣ хоҳад шуд. Албатта, тавре гуфтем, агар кадом иттифоқи форс-мажор пеш наояд ва худи ӯ ҳам ба кадом иштибоҳи ҷиддиву ислоҳнопазир роҳ надиҳад. Вале роҳ то ба ин мақом ва статуси нав барои Рустами Эмомалӣ, бо вуҷуди писари президент буданаш, тавре ба назар мерасад ва бархе таҳаввулоти соли 2020 ҳам нишон дод,  чандон осону ҳамвор нахоҳад буд.  

Соли 2020 барои Рустами Эмомалӣ умедворкунанда оғоз ёфт. Моҳи апрел ӯ ба мақоми раиси Маҷлиси миллӣ – палатаи болоии парлумони Тоҷикистон интихоб шуд ва бар асоси Қонуни асосӣ, раҳбари дуюми кишвар шуд. Аз ин ба баъд дар сурати ба далеле корношоям шудани президент ваё ба сабаби саломатӣ ё ҳар далели дигар пеш аз муҳлат аз вазифа рафтани Эмомалӣ Раҳмон, тибқи қонун, то баргузории интихоботи ҷадид маҳз писараш Рустами Эмомалӣ ба унвони раиси Маҷлиси миллӣ и.в. президент мешавад. Албатта, дар мисоли Ӯзбекистон (дар рӯзҳои даргузашти президенти якумаш Ислом Каримов) ваё Қирғизистон (дар пайи истеъфои президент Сооронбой Жээнбеков) раисони парлумонҳояш аз гирифтани масъулияти и.в. президент даст кашиданд, вале дар Тоҷикистон ҳавлу ҳол дастикам дар шароити имрӯза чунин аст, ки дар ғайри сурати кадом иттифоқи форс-мажор қудрат аз дасти Эмомалӣ Раҳмон ба касе гузарад, ин нафар ғолибан ҳамин писараш Рустами Эмомалӣ хоҳад буд.

Аммо Рустами Эмомалӣ ҳарчанд тавонист бо касби мақоми раиси Маҷлиси миллӣ роҳи худро ба сӯи курсии президентӣ боз ҳам наздиктар кунад, интизори аз он бузургтаре, ки бисёриҳо доштанд – пешбарии номзадии ӯ ба ҷои падараш дар интихоботи президентии соли 2020 – амалӣ нашуд. Ҷараёни таҳаввулот нишон дод, ки дар арши сиёсии кишвар на ҳама ба омадани Рустами Эмомалӣ ба мақоми президентӣ назари мусбат доранд. Мухолифони ин нақша, асосан намояндагони “гвардияи кӯҳна”, ки метарсиданд, дар сурати президент шудани Рустами Эмомалӣ статус-квои мавҷуда дар арши сиёсии кишвар аз байн меравад ва президенти ҷавон ба кадрҳои ҷавон такя карда, онҳоро ба нафақа мефиристад, тавонистанд Эмомалӣ Раҳмонро мутақоид кунанд, ки писараш ҳанӯз ҷавон ва таҷрибаи раҳбариаш камтар аст ва аз ин рӯ, салоҳ ин аст, ки боз як давраи дигар худаш дар қудрат бимонад.

Мухолифатҳо дар дохили ҳукумат ва ҳатто дар дохили оилаи Эмомалӣ Раҳмон ба нақшаи президент кардани Рустам ва ҳамин тавр, омилҳои берунае, чун ҳаводиси ахири Беларус ва Қирғизистон президентро водор карданд, ки иҷрои нақшаи интиқоли қудрат ба писарашро муддате ба таъхир гузошта, дигарбора худаш ба интихобот биравад.

Ба гуфтаи манобеи огоҳ, иҷрои ин нақша дастикам то баргузории ҷашни 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон, ки моҳи сентябри соли 2021 доир мешавад, ба қафо афтидааст, чунки як далели пойфишории “гвардияи кӯҳна” низ ҳамин будааст, ки мегуфтанд, Эмомалӣ Раҳмон бояд шахсан худаш ҷашни 30-солагиро раҳбарӣ кунад ва меваҳои қариб 30 соли раёсаташро ҳамчун нигине дар тоҷи раёсаташ ба мардум намоиш бидиҳад.

Эмомалӣ Раҳмон имсол ба ин “насиҳат”-ҳо гӯш андохт ва ҳатто баъди пирӯзӣ дар интихобот статус-квои мавҷуда дар таркиби ҳукуматашро ҳифз карда, дигаргунии ҷиддие дар ҳукумат надаровард ва ҳама намояндагони пурнуфузи “гвардияи кӯҳна”-ро дар мақомҳояшон ҳифз кард. Албатта, то гузаштани ҷашни 30-солагии истиқлол мухолифони президентии Рустами Эмомалӣ метавонанд далелҳои наве фикр карда, бароранд ва боз ҳам Эмомалӣ Раҳмонро ба мондан дар мақоми аввал мутақоид бисозанд.

Вале дар ҳар сурат, вақт ба фоидаи Рустами Эмомалӣ бозӣ карда истодааст ва як сол, ё ду сол баъд, ё баъди анҷоми пурраи ин давраи президентии падараш, ки он вақт алакай ба синни 75 хоҳад расид, ба таври ногузир масъалаи вориси курсии ӯ ба миён хоҳад омад.

Аммо тавре гуфтем, расидан ба ин қулла барои Рустами Эмомалӣ чанд осону ҳамвор нахоҳад буд, ки дар оғоз ба назар менамуд.

Рустами Эмомалӣ имсол шояд бори аввал ба мухолифатҳои ошкор аз ҷониби нафақат аъзои бонуфузи ҳукумат, балки дар дохили оилаашон рӯбарӯ шуд ва зарбаҳоеро ҳам алакай озмоиш кард. Барои мисол, тавре мушоҳида шуд, Рустами Эмомалӣ натавонист дар давраи ташкили ҳукумати нав касе аз командаи худро ба мақомҳои калидӣ дар ҳукумат бинишонад. Аксари вазоратхонаҳои калидӣ дар дасти онҳое боқӣ монд, ки ба президентии ӯ мухолифат нишон медиҳанд. Ҳамин тавр, ба “гвардияи кӯҳна” муяссар шуд, ки бархе аз тарафдорони ошкори Рустами Эмомалиро аз мансабҳои баланд канор зада, тими ӯро заифтар ҳам бикунанд. Барои мисол, Маҳмадсаид Зувайдов, муовини аввали Рустами Эмомалӣ дар шаҳрдории Душанбе ба мақоми раиси Агентии сохтмон ва меъморӣ гузаронда шуда, Аҳтам Абдуллозодаро, ки худро дар маҳфилҳо ҳамчун тарафдори сарсахти Рустами Эмомалӣ муаррифӣ мекард, аз мақоми муовини якуми раиси дастгоҳи президент барканор ва ба мақоми раиси Агентии сирри асрори давлатӣ, як идораи хеле хурд ва камнуфуз ба истилоҳ “бадарға” карданд. Ҳамин тавр, масъалаи таъйини дӯсти наздиктарини ӯ Шоҳрух Саидзода ба як мақоми баландтар ва ҳалкунанда дар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ нафақат ҳал нашуд, балки сели компроматҳое, ки ба зидди Шоҳрух Саидзода ба расонаҳо ирсол шудаанд, нишон медиҳад, ки бархе нирӯҳо талош доранд, то пеши роҳи густариши нуфузи наздиктарин одами Рустами Эмомалиро чим зананд.

Аммо оппозитсия чӣ? Тавре мебинем, ягона ҳизби оппозитсионии расмӣ дар дохил – ҳизби сотсиал-демократ дасти кӯтоҳ ва нирӯи ночизе дорад, то битавонад ба равандҳои сиёсӣ дар кишвар таъсир бигузорад. Садоҳои тоқа-тоқаи бархе равшанфикрони норозӣ ба гӯшҳо намерасад, то вақте ки ин садоҳо хориҷ аз ташкилотанд, хомӯш кардани ҳар яке дар алоҳидагӣ барои мақомоти амниятӣ ҳам бо истифода аз абзори қонунӣ (таҳдиди парвандаву ҳабс) ва ҳам бо истифода аз лашкари бешуморшудаи “фермаи ҷавоб” ба қавле ду карат ду шудааст.

Оппозитсияи берун аз кишвар, тавре аз баҳси ду раҳбари умдааш дар Радиои Озодӣ дидем, дар қайди баҳсҳои ману ту ва лифаи эзори якдигар маҳдуд шудааст, ки баёнгари нафақат аҷзу нотавонии онҳост, балки инро ҳам нишон медиҳад, ки дастикам дар кӯтоҳфурсат аз ноҳияи онҳо чолиши ҷиддие барои ҳукумати имрӯза набояд интизор доошт ва ҳар таҳаввулоте, ки дар арши сиёсии кишвар пеш хоҳад омад, бе иштирок ва таъсири онҳо хоҳад гузашт.

Дар чунин шароит, дидаи умед ба Рустами Эмомалӣ бастани аксар беҳуда нест. Вале ҳар гуруҳ аз зовияи манфиатҳо ва интизороти худ ба ӯ нигоҳ мекунад:

  1. Аъзои командаи президенти кунунӣ умедворанд, ки ӯ роҳу равиши падарашро дар сиёсат идома хоҳад дод.
  2. Гуруҳҳои дигар, бахусус ислоҳталабон, орзу доранд, ки Рустами Эмомалӣ ҳамчун намояндаи насли нав бо як сиёсати ҷадид ва командаи ҷадид рӯи кор хоҳад омад ва мисле ки Шавкат Мирзиёев дар Ӯзбекистон баъди Ислом Каримов кард, даст ба ислоҳоти ҷиддие дар Тоҷикистон хоҳад зад.
  3. Гуруҳи сеюм, бахусус намояндагони насли калонсол дар арши сиёсии кишвар, ки то ҳадде нигарони иваз шудани статус-кво ва эҳтимоли аз даст рафтани нуфузу таъсир ва  мақому мансаби худ дар сурати ба дасти Рустами Эмомалӣ гузаштани қудрат ҳастанд,  ҳамчунон пойфишорӣ хоҳанд кард, то Эмомалӣ Раҳмон худаш дар мақоми аввал бимонад.

Журналисти шинохта Раҷаби Мирзо интизороти онҳоеро, ки аз Рустами Эмомалӣ умеди ислоҳот доранд, чунин баён кардааст: Ҷойгоҳи иҷтимоиву сиёсиии Рустами Эмомалиро имкон надорад, ки нодида гирифт. Аммо фикр накунам, ки имкон додан ба тамаллуқу хушомадгӯҳо ва ҳамин тавр аз воқеияти кишвар дур кардани ӯ, ба манфиати касе ва дар маҷмӯъ мамлакат бошад. Ба назари ман ва шояд хелеҳо Тоҷикистон ба насли нави сиёсатмадорон ниёз дорад. Сиёсатшинос Абдуллоҳи Раҳнамо дуруст мегуфт, ки мақоми нави Рустами Эмомалӣ нигарониҳои сиёсиро ба мадди дуюм мебарад. Ин дар сиёсати умумӣ. Бардошти ман ин аст, ки дар симои ӯ бояд мардум ШАХСИЯТИ ИСЛОҲОТХОҲро бубинанд ва умедашон ба ояндаи неки Тоҷикистон бештар гардад. Шояд роҳандозии ин гуна сиёсат бо бардоштҳои командаи кӯҳна ва мушкилзоии ниҳодҳое осон нанамояд, аммо имконпазир аст! Хоса барои ӯ

Чанд дафъаи дигар ҳам ишора намудаам, ки барои Рустами Эмомалӣ имрӯз ИМИҶИ НАВ зарурати муҳимтарин мебошад. ФормулаиДушанбеи дигарбо сабабу воқеиятҳои хос на он чизест, ки мо манзур дорем. Ба ҳар сурат, мутмаинем, ки зарфиятҳои ӯ то охир ошкор нашудаанд. Барои ин пеш аз ҳама ҳамон имиҷе зарур аст, ки дар борааш мегӯем. Имиҷе бе ишораи аз ҳад сахту зиёд ба часпакиПисари Президент“…

Кори мушкил? Вале имкон дорад. Муҳимаш ирода ва хоҳиши бархӯрд мутобиқ ба талаботи дунёи нав бошад…»

Рустами Эмомалӣ 19 декабри соли 1987 дар ноҳияи Данғара ба дунё омада, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Академияи дипломатии Русияро хатм кардааст. Рустами Эмомалӣ солҳои 2008-2010 ба ҳайси раиси департаменит Кумитаи сармоягузорӣ кор карда, соли 2010 раҳбари раёсати мубориза бо қочоқи Хадамоти гумрук таъйин шуд.

Рустами Эмомалӣ соли 2011 ба мақоми муовини раиси Хадамоти гумрук расид ва сазовори унвони генералӣ шуд. Ӯ то кунун ҷавонтарин генерал дар Шӯравии собиқ ба ҳисоб меравад.

Рустами Эмомалӣ моҳи ноябри соли 2013 раиси Хадамоти гумрук ва моҳи марти соли 2015 раҳбари Агентии мубориза бо коррупсия таъйин шуда, аз ин мақом дар таърихи 12 январи соли ҷорӣ ба курсии шаҳрдори Душанбе рафт.

Рустами Эмомалӣ ҳамчунин аз соли 2012 президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон аст. Ӯ ба футбол алоқаи хос дошта, қаблан дар хатти ҳуҷуми дастаи “Истиқлол”-и Душанбе – қаҳрамони кунунии футболи Тоҷикистон бозӣ мекард.

Рӯзи 12 январи соли 2017, вақте касе интизорашро надошт, раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон шаҳрдори пурнуфузи Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоевро, ки ҳам қонунан ва ҳам амалан раҳбари рақами дуи Тоҷикистон дониста мешуд, аз мақом барканор кард ва ба ҷои ӯ писари калониаш Рустами Эмомалиро овард.

Рустами Эмомалӣ дар мақоми нав ба чанд далел зери заррабин қарор дошт. Аввал аз ҳама, ба далели писари президент буданаш, ки оё чӣ коре аз дасташ хоҳад омад? Ҳар кореро ки Рустами Эмомалӣ дар Душанбе мекунад, табъан дар маҳофил ва дар байни мардум ҳам бо шаҳрдори қаблӣ Убайдуллоев ва бо ончӣ ки падараш Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи кишвар мекунад, муқоиса мекунанд, то бифаҳманд, ки «тафовут аз куҷост то ба куҷо?»

Сабаби дигари таваҷҷӯҳ ба корномаи Рустами Эмомалӣ ин аст, ки таърихи Тоҷикистони муосир мансабдори баландпояеро дар чунин синни ҷавонӣ ёд надорад. Рустами Эмомалӣ ҳамагӣ 26 сол дошт, ки ҷавонтарин генерал дар таърихи СНГ шуд, дар ҳамон синну сол ба мақоми раиси Хадамоти гумрук расид, 27 сол дошт, ки ӯро ба курсии раиси Агентии мубориза бо коррупсия бурданд ва дар синни 29 шаҳрдори пойтахти Тоҷикистон шуд.

Охирин чунин мавриди ба як курсии баланд расидани як нафар дар таърихи навини Тоҷикистон Бӯрӣ Каримов буд, ки соли 1987, дар синни 29 вазири роҳи Тоҷикистон ва дар синни 31 алакай муовини сарвазир ва раиси Госплан – яке аз пурнуфузтарин идораҳои иқтисоди Тоҷикистони Шӯравӣ таъйин шуд ва тайи чандин сол ҷавонтарин вазир нафақат дар Тоҷикистон, балки дар тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ ба шумор мерафт. Аммо ин парвози баланди Бӯрӣ Каримов дер напоид. Соли 1990  пои Бӯрӣ Каримовро ба ҳодисаҳои хунини февралӣ кашиданд ва ӯ нафақат мансабашро аз даст дод, балки ҳатто аз ҳизби коммунист ронда шуд. Бӯрӣ Каримов баъди он шикаст дигар пурра ба худ наомад ва 27 сол охир дар Маскав ба сар мебарад ва дигар бо мақоми бештар ифтихории раҳбари Шӯрои роҳсозони СНГ, ки аз соли 1995 дарсад дорад, қаноат варзидааст.

Вале мисоли Рустами Эмомалӣ аз Бӯрӣ Каримов фарқ мекунад. Рустами Эмомалӣ дар арса нафаре бе пушту паноҳ нест, ки мисли Бӯрӣ Каримов осон хӯрда шавад. Ҳаркӣ бо шаҳрдори нави Душанбе сарбасар шавад, ҳисобаш нафақат бо худи Рустами Эмомалӣ, балки бо падари ӯ – раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон низ ҳаст.

Рустами Эмомалӣ, агар чунин гуфтан ҷоиз бошад, «проект»-и падараш президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Дақиқтараш, аввал атрофиён, ё ба таъбири дигар, технологҳои сиёсии ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ин нақшаи  тандеми падар ва писарро сохтанд ва оқои Раҳмон низ онро пазируфт ва дар дастури кор қарор дод.

Барои ҷомаи қонунӣ пӯшондан ба ин тарҳ дар соли 2016 ҳатто Қонуни асосии Тоҷикистонро тағйир дода, синни ҳадди ақали номзадҳо ба президентиро аз 35 то 30 пойин оварданд ва ба ҷомаи Рустами Эмомалӣ мувофиқ карданд, то соли 2020, ки ба синни 33 расид, метавонист дар интихоботи навбатии президентӣ ширкат кунад. Вале тавре гуфтем, бархе омилҳо боис шуд, ки иҷрои нақшаи интиқоли қудрат аз падар ба писар ба қафо гузошта шуд.

Ба кадом самт тағйир кардани самти боди сиёсати Тоҷикистонро зудтар аз ҳама мардум фаҳмидаанд, ки ҳоло шикоятҳои худ аз мақомоти маҳаллиро, ҳатто агар ин мақом аз ноҳияи Шаҳритӯс ё Мурғоб бошад, ба номи Рустами Эмомалӣ менависанд, ки зорро, чашми он мансабдоре, ки ҳолашонро зор кардааст, битарсад.

Иваз шудани ҷавви ҳоким бар фазои сиёсии кишварро зоҳиран Муҳаммадсаид Убайдуллоев, як нафари як замон хеле пурнуфуз дар арсаи сиёсии Тоҷикистон низ фаҳмид, ки бидуни ягон чуну чаро ҳам мақоми шаҳрдори Душанбе ва ҳатто ҳавзаи вакилиаш ба маҷлиси шаҳриро ба писари президент супурду хомӯш канор рафт. Убайдуллоев имосл охирин мақоми расмиаш – курсии раиси Маҷлиси миллиро низ ба Рустами Эмомалӣ дод ва ба нафақа рафт.

Аз корҳои чашмраси шаҳрдори нави Душанбе овардани автобусҳои нав аз Туркия, ҷамъубасти чунин автобусҳо дар худи пойтахти Тоҷикистон, сохтани чанд истгоҳи муосири муҷаҳҳаз бо Интернет, бепул кардани нақлиёти ҷамъиятӣ барои солхӯрдагони аз синни 75 боло, ташкили ярмаркаҳо барои гирифтани пеши роҳи болоравии нархҳо дар остонаи идҳо,  бунёди майдончаҳои варзишӣ дар саросари пойтахт, тармими роҳҳои асосӣ ва авҷи дубораи сохтмони меҳмонсароҳо ва биноҳои истиқоматии осмонбӯс аст, ки симои шаҳри Душанберо дар ин чанд соли охир хеле дигар карданд.

Як чизи дигаре, ки метавон ҳамчун “плюс” ба номи Рустами Эмомалӣ навишт, ин аст, ки ба фарқ аз бархе фарзандони дигару домодҳо, қудоҳо ва дигар хешу табори сершумори президент, исми писари калонии президент то имрӯз дар ягон моҷарои фасод зикр нашудааст. Ҳарчанд дар ин авохир дар бораи афзоиши нуфузи ширкати “Авесто Груп” ва рабти он бо шаҳрдори ҷавони Душанбе ҳадсҳое ба вуҷуд омадаанд, вале кадом далеле, ки Рустами Эмомалӣ дар ин ширкат саҳм ё имтиёзе дорад, маълум нашудааст.

Худи президент ҳам 4 сол пеш, вақте писарашро шаҳрдори пойтахт таъйин кард, дар як ҷаласа дар шарҳи ин тасмимаш гуфт, ӯро ба ин мақом барои он интихоб ва таъйин кард, ки “серу пур” аст ва аз тарафи дигар, касе ҷуръати таъсир расондан ба писари президентро нахоҳад дошт.

Тоҷирон мегӯянд, кор бо командаи шаҳрдори нав осонтар шудааст, зеро ҳангоми гирифтани иҷозат барои оғози ягон кор ё сохтмон аз онҳо ба ҷои пораҳои ҳангуфте, ки мансабдорони собиқи Душанбе талаб мекарданд, ҳоло обод кардани ягон гӯшаи пойтахт, барои мисол, сохтани майдончаҳои варзишӣ ё тармими ягон мактабро хоҳиш мекунанд.

Дар айни замон, манъи таксиҳои 5-сомона, то ҳол ҳалношуда боқӣ мондани мушкили нақлиёти ҷамъиятӣ, қатъ шудани интиқоли обу барқ дар бархе маҳаллаҳои пойтахт  аз масоилест, ки Рустами Эмомалӣ низ дар қариб се соли кораш дар мақоми шаҳрдори Душанбе натавонист пурра ҳал бикунад. Масъалаи дигар ҳамчунон идома доштани баҳси вайрон кардани Душанбеи кӯҳна ба хотири сохтани Душанбеи нав аст, ки дар натиҷааш пойтахти Тоҷикистон аз хеле биноҳои ёдгори асри бисташ маҳрум шуд ва як қисми сокинони пойтахт, бахусус насли калонсол ва равшанфикрон ин шеваи тахриби таърихро қабул надоранд.  

Наздиконаш мегӯянд, ки Рустами Эмомалӣ қасди сохтани як Душанбеи замонавӣ бо шаҳрдории замонавиро думбол мекунад ва ба ин хотир мехоҳад дар атрофаш мутахассисони варзида ва асосан ҷавонро гирд биорад. Онҳое, ки Рустами Эмомалиро шахсан мешиносанд, аз ӯ ҳамчун як нафари камгап, хоксор ва дар айни замон сахтгир ном мебаранд ва мегӯянд, як “плюс”-и ӯ ин аст, ки ҳеҷ гоҳ, ҳатто дар овоне, ки мансаб надошт, аз пушти мансаби падар намепарид ва бо ҳама як буд.

Аммо мунтақидон мегӯянд, Рустами Эмомалӣ то ҳол рӯшан накардааст, ки хатти машши ӯ чӣ гуна аст?  Ва оё байни сабки раёсати Рустами Эмомалӣ аз падараш Эмомалӣ Раҳмон чӣ фарқк ҳаст? Рустами Эмомалӣ дар ҳақиқат, то ҳол дар маҳзари ом суханрониҳои барномавие накардааст, ки дидгоҳи ӯ ба масоили сиёсиву иҷтимоӣ ва дар умум ба ояндаи Тоҷикистонро барои ҷомиа маълум кунад ва барои нозирони умур шахси шаҳрдори ҷавони Душанбе ва вориси эҳтимолии тахти президентии Тоҷикистон ҳамчунон пур аз чистон менамояд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button