ФарҳангЧеҳраҳо

60 ҲАЗОР СОМОНӢ – ШОҲҶОИЗАИ ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ”-РО РАЪНО НАСРИДДИНОВА АЗ ПАНҶАКЕНТ БА ДАСТ ОВАРД (ВИДЕО)

Раъно Насриддинова, хонандаи синфи 11-уми мактаби №28 аз деҳаи Сории Панҷакент шоҳҷоизаи марҳалаи ниҳоии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”-ро соҳиб шуд. Дар маросими тантанавии супурдани ҷоизаҳо, ки шоми 18 декабр дар театри опера ва балети шаҳри Душанбе доир шуд, ба Раъно Насриддинова дар баробари дипломи Шоҳҷоиза ҳамчунин 60 ҳазор сомонӣ туҳфаи асосии озмунро супурданд.

Раъно Насриддинова дар ин озмун ҳамаро бо донишу заковат ва андешаҳои файласуфонааш ба ваҷд овард. Ӯ қабл аз эълони натиҷаҳои ниҳоӣ гуфта буд, ки агар соҳиби ҷоиза шавад, бо пулаш дар деҳаи худ китобхона хоҳад сохт.

Деҳае, ки ман зиндагӣ мекунам, як деҳаи дурдаст аст, дар он китобхонае нест, ки кӯдакон ба китобхонӣ машғул шаванд.  Ва агар ман ҷоизае гирам, ки арзанда бошад, дар деҳаи худ китобхонаи шахсӣ мекушоям. Китобҳоеро ҷамъ меоварам, ки ба ҳамдеҳагонамон дастрас нестанд. Кӯдаконро ҷамъ мекунам, дар он ҷо маҳфилеро роҳандозӣ месозам, то мисли ман дар озмунҳои китобхонӣ иштирок кунанд”, – гуфта буд Раъно Насриддинова.

Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд

РАЪНО НАСРИДДИНОВА – БАРАНДАИ ШОҲҶОИЗАИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРУҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” ГАРДИДА, СОҲИБИ 60 ҲАЗОР СОМОНӢ ҶОИЗАИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ ГАРДИД.

Таърихи 18.12.2020 дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе ҷамъбасти даври ҷумҳуриявии озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид.

Дар натиҷа Раъно Насриддинова – хонандаи синфи 11, МТМУ#28, шаҳри Панҷакент “Шоҳҷоиза” – и озмуни ҷумҳуриявиро ба даст оварда, соҳиби 60 ҳазор сомонӣ ҷоизаи Пешвои муаззами миллат гардид. Дар маросими ҷамъбастии озмун “Шоҳҷоиза” – ро ба ғолиби озмун дар вазъияти тантанави Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ муҳтарам Абдуҷаббор Раҳмонзода ҳадя намуданд. Инчунин дар маросими ҷамъбастии озмун тамоми ғолибони озмун аз рӯи 5 номинатсия муайян ва бо Диплом ва маблағҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Дар натиҷаи ҷамъбаст дастаи вилояти Суғд 17 ҷойи ифтихориро касб намуд. Аз ҷумла 6 ҷойи 1, 6 ҷойи 2, 5 ҷойи 3.

Фирдавс Ашӯрматов – роҳбари дастаи вилояти Суғд, директори Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд

Искандари Раҳмон 

Чӣ хуш бошад, ки баъд аз интизорӣ,

Ба уммеде расад уммедворе!

Шогирди азиз Раъноҷон, Шоҳҷоиза муборак бошад!

Раънои Тоҷикистон шудӣ! Ифтихор дорам! Худованд ҳамеша дастгиру мададгорат бошад!

Азиз Каримов

Хич гох аз дастоварди хеч артисте, варзишкоре инчунин хурсанд нашудаам. Ба волидону устодони ин духтарак рахмат.

Худо кунад, ки ин озмун огози чойгохи хос касб кардани донишу маърифат дар кишвар гардад.

Муборак бод!

ПАХШИ ЗИНДА: МАРОСИМИ СУПУРДАНИ ҶОИЗАҲО БА ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ” (ВИДЕО)

АГАР ҶОИЗА БИГИРАМ, ДАР ДЕҲААМ КИТОБХОНА МЕСОЗАМ: ҲИММАТИ БАЛАНД ВА СУҲБАТИ ФАЙЛАСУФОНАИ ЯК ХОНАНДАИ МАКТАБ АЗ ЯК ДЕҲАИ ДУРДАСТ (ВИДЕО)

Хонандаи синфи 11-уми мактаби №28 аз деҳаи Сории Панҷакент Раъно Насриддинова дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҳамаро бо сатҳи саводу донишу мутолиа ва маҳорати суханвариаш ба ҳайрат овард. Ин хонандаи мактаб, ки ба ҳисоби худаш, ҳудуди 800 китобро мутолиа кардааст,  чунон донишмандона ва ҳатто метавон гуфт, файласуфона суҳбат мекунад, ки кас бовар намекунад, ки ӯ ҳанӯз хонандаи мактаб аст. Раъно Насриддинова дар суҳбат бо хабаргузории “Ховар” гуфт, агар дар ин озмун ҷоизаи пулие ба даст биорад, онро барои сохтани китобхона дар деҳааш сарф хоҳад кард.

«АГАР САЗОВОРИ ҶОИЗА ГАРДАМ, ДАР ДЕҲААМОН КИТОБХОНА МЕСОЗАМ!». Чунин иброз дошт дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иштирокчии ҷавони озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Раъно Насриддинова, ки ҳаштсад асар хондааст

ДУШАНБЕ, 14.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тӯли чанд рӯз аст, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо ҷӯшу хурӯш ҷараён дорад. Ҳама чеҳраҳо хандон, самимӣ. Дар роҳраву лифт ва толорҳо ҳамагӣ аз боби китобу китобхонӣ баҳс доранд. Инак, рӯзи 8-ум аст, ки дарвозаҳои тиллоии Китобхонаи миллӣ барои китобхонони асил боз буда, толорҳои китоб онҳоро ба оғӯш гирифтаанд. Дар ин рӯз хабарнигори АМИТ «Ховар» Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР бо яке аз чеҳраҳои ошно, китобхону китобдӯст, оне, ки чанд рӯзи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз маҳорати сухандонию суханронии хубаш мегӯянд, —  бо хонандаи синфи 11-и МТМУ №28 деҳаи Сории шаҳри Панҷакент Раъно НАСРИДДИНОВА суҳбат намуд.

АМИТ «Ховар»: — Раъно,  зимни баромад худро назди доварон чӣ гуна эҳсос кардед- Шуморо ҳаяҷон фаро гирифта буд ва ё тарс?

Раъно: — Ҳар  касе, ки дар озмун ширкат мекунад, аз ҳаяҷон ва тарсу изтироб холӣ нест. Аммо Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” озмоишест, ки сад сол баргузор шавад ҳам,  соли аввал ба соли дувум, соли дувум ба соли сеюм монанд нахоҳад шуд. Ман соли гузашта низ иштирок доштам, вале имсол ҳаяҷонам боз  бештар аст, тарс афзунтар, зеро аъзои ҳакамон серталабтар гаштаанд. Масалан, номинатсияи адабиёти ҷаҳон соли аввал талаботи мушаххас надошт. Аммо имсол рақамҳои мушаххасе ҳастанд, ки аз мо дақиқият талаб мекунанд. Вақте ман назди ҳакамон баромадам, тасаввур кардам, ки як сарлашкаре ҳастам  ва ҳар он чизе, ки ман ҷавоб мегӯям,  тақдири ҳамон лашкарамро ҳал мекунад. Албатта, лашкари ман ҳамон ноҳияам, хонаводаам, вилояти азизам ҳастанд, ки дар пушти мананд ва ман бояд онҳоро ба таври сазовор муаррифӣ кунам.

АМИТ «Ховар»: — Суолҳо чӣ гуна буданд? Буданд пурсишҳое, ки  Шумо ба онҳо посух наёфтед ё шояд фаромӯш кардед он лаҳзаи асарро?

Раъно: — Тамоми саволҳое, ки аз ҷониби аъзои ҳакамон дода шуд, дар доираи он чизе буд, ки ман хонда будам. Дар доираи оне, ки як иштирокчии номинатсияи «Хондан ва  аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон»  бояд донад. Имсол доварон ҳангоми пурсиш аз адабиёти рус оғоз мекунанд, мегузаранд ба адабиёти Ғарб, аз онҷо мегузаранд ба адабиёти Амрико, мераванд ба Шарқи дур,  мераванд ба минтақаи Қафқоз, нимҷазираи Арабистон, Австралия, Амрикои ҷанубӣ ва ғ. Умуман ҳар нафаре, ки адабиёти ҷаҳонро хуб мехонад, ҷаҳонро давр мезанад.

Ҳар касе мегӯяд, ки ҳама чизро медонам, хато мекунад. Дар Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” иштирокчие, нест, ки аъзои ҳакамонро пурра қонеъ гардонад. Ҳар саволе, ки аз ҷониби аъзои ҳакамон шуд, посух додам, вале шояд дар ҷараёни суҳбатҳои дароз саволеро беҷавоб гузошта бошам, ки  ин албатта, камбудии ман аст. Аммо то ҷое, ки ман мушоҳида кардам ва аз ҷараёни суҳбаташон низ эҳсос мешуд,   аъзои ҳакамон аз ҷавоб доданҳои ман розӣ ё хурсанд буданд.

АМИТ «Ховар»: — Бовар доред, ки барои мубориза ва сазовор шудан ба Шоҳҷоиза роҳхат мегиред? Зеро талабот ҳамин гуна аст, ки то мақоми аввалро аз номинатсияи интихобкарда сазовор нашавӣ, ба даври Шоҳҷоиза роҳ намеёбӣ.

Раъно: — Муҳаммади Ҳиҷозӣ мегӯяд, ки барои муваффақият се зина аст: якум истеъдод, дуюм устод ва сеюм ирода. Агар ирода набошад, на истеъдод ба кор меояд, на устод. Барои ҳамин ман ба худ бовар дорам. Ҳамин боварӣ маро то даври ниҳоӣ овард. Ба дониши худ, ба он чизе, ки хондаам, боварии комил дорам.

АМИТ «Ховар»: — То ин муддат чанд китоб мутолиа намудед?

Раъно: — Аз рӯйи ҳамаи номинатсияҳои озмун шуморам, шояд бештар аз 700 ё 800 асар бошад. Ин ҳамон асарҳоеянд, ки ман онҳоро дӯст медорам. Аз 58 нафар адибе, ки дар номинатсияи «Хондан ва  аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон» тавсия шудааст, ду нафарашро ном бурдан мумкин аст, ки ман шояд аз онҳо якасарӣ мутолиа кардаам. Дигар аз тамомашон аз 10 то 12-асарӣ мутолиа кардам ва рӯйхати адабиёте, ки ман дар ин номинатсия пешниҳод кардам, бештар аз 300 асари адибони ҷаҳонро фаро мегирад.

АМИТ «Ховар»: — Соли гузашта, замоне, ки Шумо дар номинатсияи адабиёти бачагона ширкат доштед, доварон хеле хурсанд буданд. Махсусан аз он санъати баёне, ки ҳангоми хондани қиссаву  афсона доштед. Ёд дорам, ба Шумо барои ҳамкорӣ бо телевизионҳо низ пешниҳоди ҳамкорӣ карда буданд. Пас чаро имсол номинатсияи бачагонаро интихоб накардед? Шояд он ҷо имкони муваффақият бештар буд…

Раъно: — Ман  таҳқиқ кардани асарро дӯст медорам, ки дар адабиёти кӯдакона ин номумкин аст. Дигар ин ки ман соли дуюм  аст дар озмун ширкат мекунам ва таҷрибаам зиёд аст. Бигузор дар он номинатсия кӯдаконои ширинкаломе, ки бо ҳазорон орзую умед омадаанд, муваффақ гарданд. Ростӣ, ба ин номинатсия нарафтани ман эҳтироми заҳмати хурдсолоне буд, ки дар ин озмун ширкат доранд. Мо акнун калон шудаем, таҷрибаи мо барои ширкат дар дигар номинатсияҳо мерасад. Агар имсол дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон ё Шоҳҷоиза муваффақ гардам, албатта бо қироати шеъре, қиссае ё афсонае шуморо хушҳол хоҳам кард.

АМИТ «Ховар»: — Дар мавриди муваффақият гуфтед. Раваду Шумо сазовори ҷои ифтихорӣ гардед, яъне сазовори мукофотпулӣ. Пас,  нақшаи минбаъдаи Шумо чист?

Раъно: — Деҳае, ки ман зиндагӣ мекунам, як деҳаи дурдаст аст, дар он китобхонае нест, ки кӯдакон ба китобхонӣ машғул шаванд.  Ва агар ман ҷоизае гирам, ки арзанда бошад, дар деҳаи худ китобхонаи шахсӣ мекушоям. Китобҳоеро ҷамъ меоварам, ки ба ҳамдеҳагонамон дастрас нестанд. Кӯдаконро ҷамъ мекунам, дар он ҷо маҳфилеро роҳандозӣ месозам, то мисли ман дар озмунҳои китобхонӣ иштирок кунанд.

АМИТ «Ховар»: — То хотимаи таҳсил дар мактаби миёна чанд моҳи дигар  боқӣ мондааст. Дар оянда   таҳсилро дар кадом равия идома додан мехоҳед?

Раъно: — Аксари нафароне, ки  ба ин озмун меоянд, филологанд, яъне дӯстдорони забону адабиёт. Ман низ нақша дорам таҳсиламро дар факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон идома диҳам. Албатта, нақшаҳои эҷодӣ низ дорам, ки пас аз шомил шудан ба донишгоҳ амалӣ карданиям.

АМИТ «Ховар»: — Бо умеди пирӯзӣ ва амалӣ намудани ниятҳои нек ба Шумо муваффақият мехоҳем.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button