ВидеоТоҷикистонҶомеа

Оғози баррасии парвандаи пурсарудои куштори ду духтар дар додгоҳи Душанбе

Нуриддин Маликзода, корманди додгоҳи шаҳри Душанбе бо нашри чанд акс дар сомонаи расмии ин додгоҳ хабар дод, ки аз 10 декабр дар додгоҳи пойтахти Тоҷикистон баррасии парвандаи ҷиноятии пурсарусадои Сафаров Донёр Каримович ва Раупов Саъдулло Абдуллоевич, ки дар содир намудани ҷинояти дар моддаи 104 қисми 2 бандҳои «в,з,п»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон айбдор дониста шудаанд, оғоз гардид. Ин ду сокини маҳаллаи Деҳнаваки болои шаҳри Душанбе, соли таваллудашон 1992, дар қатли ваҳшиёнаи Замирамоҳ Ҳайдароваи 29-сола, сокини кӯчаи Алишер Навоӣ ва Меҳрафрӯзи Холмирзо, соли таваллудаш 2001, сокини деҳаи Алхитойи ноҳияи И. Сомонӣ айбдор мешаванд.  Ҷасади Замирамоҳро баъди ду моҳу 8 моҳи гум шуданаш ва Меҳрафзунро баъди 5 моҳ аз як гор дар болои теппаҳои деҳаи Харангони ноҳияи Варзоб пайдо карданд. Ин ду куштори бераҳмона мавҷи вокунишҳоро ба бор овард ва бисёриҳо аз мақомот талаб карданд, ки қотилонро ба ҷазои олӣ – ҳабси умрбод ва ҳатто ба қатл маҳкум кунанд. Бар асоси қонунҳои Тоҷикистон, ба Дониёр Сафаров ва Саъдулло Раупов аз 15 соли зиндон то ҳабси умрбод таҳдид мекунад.

ДУ МАНЯКИ ХАРАНГОН: ТАФСИЛОТИ ҚАТЛИ ДУ ДУХТАР ВА ПИНҲОН КАРДАНИ ҶАСАДҲО ДАР ҒОР  (ВИДЕО)

“Пурсид, ки таксиӣ. Гуфтам, таксиам. Пурсидам, куҷо меравӣ? Гуфт, Ал-Хитой. Шинондамашу сахт дар ишкамаш  ду бор задам, Аз гулӯяш доштам, ки “шикамам” гуфту як тараф афтод. Гуфтам, инҷо овоз мебарояд, шиштаму мошинро ҳай кардам, боло рафтам… Якум бор бо Сафаров Дониёр ҷасади Замирахонро оварда, дар ҳамин ғор партофтем. Ду солу 8 моҳ истод, касе наёфт. Инашро ҳам оварда, ҳаминҷо партофтам, ки касе наёбад…”

Шоми 23 сентябр дар барномаи телевизионии “Ахбори ВКД” тафсилоти ёфт шудани ҷасади ду духтар аз як ғори чуқуриаш 50-60 метр дар теппаҳои болои деҳаи Харангони ноҳияи Варзобро нашр кард. Кормандони ШВКД-2 ва прокуратураи ноҳияи Сино рӯзи 28 август ҷасади Замирамоҳ Ҳайдароваи 29-сола, сокини кӯчаи Алишер Навоии шаҳри Душанберо баъди 2 солу 8 моҳи гум шуданаш ва ҷасади Меҳрафзуни Холмирзои 18-сола аз ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахтро баъди 5 моҳ аз ин ғор пайдо карданд. Бо иттиҳоми қатли Меҳрафзун ва Замирамоҳ ду сокини кӯчаи Деҳнаваки болои ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе  – Дониёр Каримович Сафаров, с.т. 1992 ва Саъдулло Абдуллоевич Раупов, с.т. 1992, дастгир шудаанд.

Дар барномаи “Ахбори ВКД” гуфта шуд, Замирамоҳ Ҳайдароваи 29-сола, сокини кӯчаи Алишер Навоии шаҳри Душанбе аз аввали соли 2018 ва Меҳрафзуни Холмирзои 18-сола аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз моҳи апрели соли 2020 ҳамчунон шахсони бедаракшуда таҳти ҷустуҷӯ қарор доштанд. Танҳо ахиран ба кормандони мақомот муяссар шуд, ки сирри ин ду ҷинояти пурсарудоро бикушоянд. Ҷасадҳои ҳарду духтарро аз як ғор дар теппаҳои деҳаи Харангони ноҳияи Варзоб пайдо кардаанд.

Қотилон бо умеди инки дар ин ғори чуқуриаш 50-60 метр ҷасадҳои духтарони кушташударо касе пайдо нахоҳад кард, ҷасадҳои Меҳрафзун ва Замирамоҳро оварда, дар ин ғор таги хок кардаанд.

Дар рафти тафтиш маълум шуд, ки Дониёр Сафаров бо Замирамоҳ Ҳайдарова муддати тӯлонӣ робита дошта, ӯро пайваста мавриди латтукӯби озор қарор медод ва дар ниҳоят моҳи январи соли 2018 баъди латтукӯби навбатӣ ҳамроҳи рафиқаш Саъдулло Раупов  Замирамоҳро дар бордони мошинаш бор карда, ба теппаҳои Харангон бурдаанд. Дар онҷо Сафаров ва Раупов Замирамоҳ Ҳайдароваро мавриди латтукӯб ва озори ҷинсӣ қарор дода, сипас бо роҳи буғӣ кардан вайро ба ҳалокат расондаанд. Баъди ин онҳо бо мақсади пӯшондани изи ҷинояти худ ҷасади Ҳайдароваро дар ҳамон ғор зери хок кардаанд.

Ташхис нишон дод, ки ҷасади дуюми аз ин ғор ёфтшуда ҷасади Меҳрафзуни Холмирзо, с.т. 2001, сокини деҳаи Ал-Хитойи ноҳияи Исмоили Сомонӣ будааст.  Ин духтарро, тавре дар “Ахбори ВКД” гуфта шуд, Саъдулло Раупов куштааст.

Раупов, ки таксиронӣ мекард, Меҳрафзунро дар деҳаи Харангон ҳамчун мусофир ба мошинаш савор кардаааст.

Раупов ҳодисаро чунин нақл кард: “Дар роҳ истода буд. Пурсид, ки таксиӣ. Гуфтам, таксиам. Пурсидам, куҷо меравӣ? Гуфт, Ал-Хитой. Шинондамаш, бурдамаш. Сахт дар ишкамаш як бор задам, ду бор задам, Аз гулӯяш доштам, ки “шикамам” гуфту як тараф афтод дар курсии қафои мошин. Гуфтам, инҷо овоз мебарояд, шиштаму мошинро ҳай кардам, боло рафтам…”

Раупов Меҳрафзунро ба макони ҷинояти қаблиашон бурда, бо истифода аз ҳолати оҷизии духтар ба вай пешниҳоди алоқаи ҷинсӣ кардааст. Баъди шунидани ҷавоби рад Саъдулло Раупов духтарро бо роҳи буғӣ кардан ба ҳалокат расондааст.

Раупов дар гузориш нишон медиҳад, ки чӣ гуна баъди куштани Меҳрафзун ҷасади ӯро сари китф бардошта, ба ҳамон ғор бурд ва зери хок кард.

“Якум бор бо Сафаров Дониёр ҷасади Замирахонро оварда, ҳамин ҷо партофтем. Ду солу 8 моҳ истод, касе наёфт. Барои ҳамин инашро ҳам оварда, ҳаминҷо партофтам, ки касе наёбад”, – нақл кард Саъдулло Раупов ҷараёни қазияро дар барнома.

Нисбат ба Сафаров Дониёр ва Раупов Саъдулло бар асоси қисми дуюми моддаи 104-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Бар асоси ин банди қонун ба онҳо аз 15 то 25 соли зиндон ваё ҳукми қатл таҳдид мекунад. Азбаски рӯи судури ҳукми қатл дар Тоҷикистон мораторий эълон шудааст, додгоҳҳо маъмулан ба ҷои он аз ҳукми ҳабси умрбод истифода мебаранд.

ЯК ПОЯШ НАБУД… ҶАСАДИ МЕҲРАНГЕЗИ 19-СОЛАРО БАЪДИ 5 МОҲ АЗ ЯК ҒОР ПАЙДО КАРДАНД (ВИДЕО)

Ҷасади Меҳрангез, як духтари 19-соларо, ки моҳи апрел беномунишон шуда буд, рӯзи 28 август, баъди қариб 5 моҳи ҷустуҷӯ аз як ғор дар дараи Харангони ноҳияи Варзоб пайдо кардаанд. Бо иттиҳоми қатли ин духтар Аҳмад ном сокини Қадоба, ки таксиронӣ мекардааст, дастгир шудааст. Модари Меҳрангез мегӯяд, ки вақте ҷасадро оварданд, духтарашро шинохта натавонист, зеро устухонҳояш пора-пора гашта, як пояш набуд.

Ба гуфтаи наздикони Меҳрангез, тафтиши қазияи Меҳрангез танҳо замоне аз ҷой ҷунбид, ки тафтиши онро Умедҷони Нуриддин, писари бародари президенти Тоҷикистон Нуриддин Раҳмон ба уҳда гирифт. Қотили духтарро тавассути таъқиби телефони Меҳрангез пайдо кардаанд ва ӯ сипас ба муфаттишон иқрор кардааст, ки духтарро кушта, дар як ғор дар Харангон партофтааст.

Меҳрангез дар аввали моҳи апрел ба маросими “Сайри гули лола” рафта, дигар ба хона барнагашт.

“Модаре, ки 45 сол дорад, аз ғаму ғусса ва фироқи зиёд пир гаштааст, нотавон шудааст ва барои Меҳрафрӯзи ғӯрамаргаш месӯзаду менолад, дигар тавони пеш бурдани зиндагиашро надорад…” – навиштааст сомонаи pressa.tj

Тафсилоти бештар дар гузориши видеоии сомонаи pressa.tj аз хонаи Меҳрафрӯзи ғуррамарг:

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button