Барканории фармондеҳи воҳиди махсуси Гвардияи миллии Тоҷикистон
Бо амри раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Икром Ҷумъахонзода аз мақоми фармондеҳи воҳиди таъйиноти махсуси Гвардияи миллии Тоҷикистон барканор ва ба ҷои ӯ Шамолзода Мирзосафар Олим, ки то кунун фармондеҳии қисми низомии Гвардияи миллӣ дар Роғунро ба уҳда дошт, таъйин шудааст. Дар ин бора рӯзи 11 декабр бо такя ба хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон ду хабаргузории русии «Спутник» ва «Регнум» хабар доданд.
Матни амрҳои президент дар бораи тағйироти кадрӣ дар фармондеҳии Гвардия миллӣ ҳанӯз расман нашр нашудааст, вале бино ба иттилои хабаргузории “Спутник”, Икгром Ҷумъахонзода “ба сабаби ба кори дигар гузаштан” аз вазифаи фармондеҳи воҳиди таъйиноти махсус барканор шудааст. Дар бораи ба кадом “кори дигар” гузаштани Ҷумъахонзода низ иттилое дастрас нашудааст.
Мирзосафар Шамолзода то кунун фармондеҳи қисми низомии №051058 буд, ки дар шаҳри Роғун дар шарқи Тоҷикистон ҷойгир шуда, яке аз вазифаҳои асосиаш таъмини амнияти нирӯгоҳи Роғун – яке аз муҳимтарин иншооти стратегии имрӯзаи Тоҷикистон аст.
Гвардияи миллӣ (қаблан – Гвардияи президентӣ) як сохтори махсус дар таркиби Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон буда, мустақиман ба президент итоат меукунад. Гвардияи миллӣ аз ҷумла масъулияти посбонӣ ва таъмини амнияти иншооти муҳими стратегӣ, аз ҷумла нирӯгоҳҳои Нораку Роғун ва корхонаи алюминсозии ТАЛКО дар шаҳри Турсунзодаро ба уҳда дорад.