ТоҷикистонҲодиса

ВИДЕО: Сӯхтор дар Маркази зебоӣ дар Панҷакент. Портрети Эмомалӣ Раҳмон ҳам сӯхт

Субҳи 6 декабр бинои дуқабатаи “Маркази зебоӣ”  дар шаҳри Панҷакент ба коми оташ рафт. Дар видеои нашршуда дида мешавад, ки портрети бақади президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар даромадгоҳи ин бино низ даргирифтааст. Як мақом аз шаҳрдории Панҷакент ба радиои Озодӣ гуфт, “он тавре, ки дар Фейсбук навиштанд, сӯхтор барқасдона набуд. Аз беэҳтиётӣ ҳангоми истифодаи печи барқӣ шудааст”. Ҳаҷми зарари расида бар асари ин офатро ҳанӯз дақиқ накардаанд.

Сабаби сӯхтор дар “Маркази зебоӣ”-и Панҷакентро маълум карданд

Радиои Озодӣ

Мақомоти маҳаллӣ дар шаҳри Панҷакент гуфтанд, ки сабаби сӯхтор дар “Маркази зебоӣ”-ро маълум кардаанд.

Ин сӯхтор субҳи 6-уми декабр рӯх додааст ва таваҷҷӯҳ ба он замоне бештар шуд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ лаҳзаи оташ гирифтани акси бузурги Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар девори бино мавриди баҳси корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифт.

Як мақом дар ҳукумати шаҳри Панҷакент гуфт, ки “сӯхтор аз истифодаи нодурусти печи барқӣ” сурат гирифтааст.

Ӯ гуфт, замони сӯхтор як корманди ин марказ дар ҷойи ҳодиса қарор доштааст, вале натавонист аз сӯхтор пешгирӣ кунад.

“Зарари расида ба сӯхтор ҳанӯз маълум нашудааст. Он тавре, ки дар Фейсбук навиштанд, сӯхтор барқасдона набуд. Аз беэҳтиётӣ ҳангоми истифодаи печи барқӣ шудааст”,–гуфт, ин масъули ҳукумати Панҷакент, ки нахост номаш зикр шавад.

Маъмулан, дар зимистон сӯхтори манзилҳои зист ва корхонаву муассисаҳо дар Тоҷикистон бештар мешавад. Мақомот мегӯянд, дар аксар ҳолат сокинон ҳангоми гарм шудан қоидаҳои бехатариро риоя намекунанд ва ин боиси сӯхтор мешавад.

Видеои лаҳзаи сӯхторро ин ҷо бинед.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button