Тиб ва беҳдошт/Муҳити зист

Таҷлили Соли нав дар саросари Тоҷикистон манъ шуд

Тахмина Усмонова, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд рӯзи 7 декабр дар мулоқот бо соҳибкороне, ки ба хариду фурӯш ва истеҳсоли маводи қаннодии кремдор ва шириниҳо машғуланд, баргузор гардид, гуфт, бо қарори Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо паҳншавии бемории сироятии COVID–19, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама гуна чорабиниҳои оммавии солинавӣ, аз ҷумла ташкили арчаи солинавӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ, нишастҳои ҷашнӣ ва шабнишиниҳо дар саросари кишвар, аз ҷумла дар шаҳри Хуҷанд манъ карда шудааст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти вазорати тандурустии Тоҷикистон, дар ин мулоқот, ки дар толори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд доир шуд, Тахмина Усмонова ҳамчунин гуфт, дар арафаи  Соли нав талабот ба ширинию маҳсулотҳои қаннодӣ ва дигар анвои хӯрокаи болаззат  меафзояд. Ӯ таъкид кард, ки ҷиҳати пешгирии воридоти молу маҳсулоти пастсифат ва ба саломатӣ зараровар  Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд доир ба риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» чораҳои таъхирнопазир меандешад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳри Хуҷанд 100 адад сехҳои истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ фаъол буда, аз миёни онҳо 30 ададашон ба истеҳсоли маҳсулоти қаннодии кремдор машғуланд. Дар ин сехҳо беш аз 700 нафар кормандон фаъолият доранд.

Дар соли ҷорӣ аз тарафи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд аз бозорҳо, марказҳои савдо ва мағозаҳои шаҳр беш аз 140кг  маҳсулоти қаннодии шубҳанок ва муҳлати истеъмолашон гузашта  аз муомилот гирифта шуда,  5 нафарро барои фурӯши маҳсулоти бесифат ҷарима бастаанд.

Дар нишаст ҳамзамон роҳҳои тавсеа бахшидани ҳамкориҳои мутақобилан судманди сохтори салоҳиятдор бо соҳибкорон дар самти ҷилавгирӣ аз воридот ва фурӯши молу маҳсулоти пастсифати ғизоӣ матраҳ гардид.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button