Хабарҳои кӯтоҳ

Пинҳон доштани садама сабаби марги падари ронанда шуд

Бино ба иттилои ВКД, рӯзи 1 декабр, тахминан соати 10, сокини деҳаи Ширинчашмаи Истаравшан ҳангоми ба беморхона бурдани падари 88-солааш мошинашро дар роҳ чаппа кардааст. Ӯ падари маҷруҳашро ба беморхона набурда, дар хона табобат карданӣ шудааст, вале падараш  рӯзи 2 декабр вафот кардааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 4 декабри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Пинҳон доштани ҳолати садамаи нақлиётӣ аз ҷониби ронанда

Рӯзи 1-уми декабри соли 2020, тахминан соати 10:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», Мирзоев Наимҷон Гиёевич, соли таваллудаш 1978, сокини деҳаи Ширинчашмаи шаҳри Истаравшан, ҳангоми ба беморхонаи марказии шаҳри мазкур бурдани падараш Мирзоев Гиё, соли таваллудаш 1932, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Нофароҷ аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба канори рости роҳ чаппа шудааст.
Дар натиҷа, падараш Мирзоев Г. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштааст.
Пас аз рӯх додани ин ҳодиса Мирзоев Н.Г. падараш Мирзоев Гиёро ба беморхона набурда, оид ба ин ҳодиса ба ягон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат накарда, падарашро дар манзили истиқоматии худ табобат намудааст, ки номбурда санаи 2-юми декабри соли 2020, аз ҷароҳати вазнини ҷисмонии бардоштааш дар хонаи истиқоматиашон вафот намудааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Ошкор шудани ҳолати ғоратгарӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат аризаи зани 25-солаи сокини деҳаи Ориёни шаҳри мазкур ворид гардид, ки санаи 1-уми декабри соли 2020, тахминан соати 16:30-дақиқа, дар назди муҷассамаи модар, воқеъ дар кӯчаи Сомониёни ҳамин шаҳр марди 36-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи зӯроварӣ аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button