Чеҳраҳо

САРҲАНГ ДАМОНОВРО ДАР ЗОДГОҲАШ – ҲАМАДОНӢ БА ХОК СУПУРДАНД (2 АКС)

Фазлиддин Дамонов, сарҳанг (полковник)-и мустаъфӣ, собиқ комиссари ҳарбии чанд шаҳру ноҳияи Тоҷикистонро, ки рӯзи 23 ноябр дар шаҳри Сургути Русия дар синни 57 вафот кард, рӯзи ҷумъаи 27 ноябр дар зодгоҳаш – ноҳияи Ҳамадонӣ ба хок супурданд. Ба гуфтаи наздиконаш, сарҳанг Дамонов барои табобати гурда ба Русия рафта буд.

Фазлиддин Дамонов 9 сентябри соли 1963 дар ноҳияи Ҳамадонӣ ба дунё омада, ҳанӯз дар замони Шӯравӣ Донишкадаи олии ҳарбии ба номи маршалл Коневи шаҳри Алма-Аторо хатм кардааст. Ӯ собиқадори ҷанги Афғонистон буд ва солҳои тӯлонӣ ба ҳайси комиссари ҳарбии шаҳру ноҳияҳои Вахш, Қӯрғонтеппа, Исфара, Хуҷанд, Бӯстон ва Спитамен кор кардааст.

Khurshed Vatanov

Полковник Дамонов Фазлиддин соли 1963 дар ноҳияи Москва( Ҳамадонӣ) таваллуд шуда аст. Соли 1980 баъди хатми мактаби миёнаи рақами 8 ба Донишгоҳи Олии Ҳарбии шаҳри Алмаато дохил шуда баъди хатм соли 1984 Лейтинант Дамонов дар кишвари Афғонистон хизматро давом дод. Шуҷоату мардонагии Ӯ ба ордени КРАСНАЯ ЗВЕЗДА ва дигар мукофотҳои давлатӣ сазовору қадрдонӣ шуда аст. Солҳои зиёд комиссари ҳарбии н. Панҷ н. Вахш н. Исфара н Спитамен . Ш. Бустон ш. Хуҷанд кору фаъолият кардааст.

Дар рӯзи Саид и ҶУМЪА ба манзили охираташ ба хок супоредем. 27 ноябри 2020с.

Дар ҳақаш дуои хайр кунед дӯстон.

Даргузашти комиссари 7 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон

Муаллиф: Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Фазлиддин Дамонов, сарҳанги мустаъфии тоҷик дар 57-солагӣ дар шаҳри Сургути Русия аз олам даргузашт. Ӯ собиқ коммисари ҳарбии чанде аз шаҳру навоҳии Тоҷикистон буд ва ба Русия барои муолиҷа рафта буд, вале нисфирӯзии санаи 23-уми ноябр ҷон ба ҷонофарин супорид.

Яке аз дӯстони наздики Фазлиддин Дамонов ба “Азия-Плюс” гуфт, ки сарҳанг барои табобати бемории гурда Русия рафта буд, вале бозгашти солим насиб накард. Манбаъ мегӯяд, рӯзи гузашта оилаи марҳумро, ки дар Хуҷанд аст, аёдат намуд ва “рӯзҳои наздик масъалаи овардани ҷасад аз Русия бояд ҳалли худро ёбад”.

Фазлиддин Дамонов 9-уми сентябри соли 1963 дар ноҳияи Ҳамадонӣ таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишкадаи олии ҳарбӣ ба номи  Коневи Алмато буд. Ӯ баъди хизмати ҳарбӣ солҳои 1986 дар дивизияи панҷуми тирандозӣ дар Афғонистон  дар вазифаҳои командири взвод ва муовини командири рота кор карда буд.

Сарҳанг Дамонов, солҳои 1986-1990 ёвари комиссари ҳарбии ноҳияи Панҷ, 1990-1995 сардори зершӯъбаи дуюм ва Комиссари ҳарбии ноҳияи Вахш, соли 1995 дар шаҳри Қӯрғонтепа, солҳои 1995-2001 дар шаҳри Исфара, 2001-2005 дар шаҳри Хуҷанд, 2006-2009 дар шаҳри Бӯстон, 2009-2013 дар ноҳияи Спитамен ба ҳайси Комиссари ҳарбӣ кор кардааст.

Шариф Азизов, сарҳанги мустаъфӣ ,узви Раёсати шӯрои собиқадоррони хизмати ҳарбӣ дар Суғд дар суҳбат бо “Азия-Плюс” марги нобаҳангоми Дамоновро андуҳи бузург хонду гуфт, ӯ инсони хоксору заминӣ буд:

“Новобаста аз мансабу мақоми доштаашон, зиндагии хоксорона доштанду инсони заминӣ буданд. Ҳамчун ҷанговари байналмиллал ба қадри инсон мерасиданд. Устоди афсарони ҷавон буданд. Новобаста аз унвони полковникӣ ва мақому манзалат доштанашон, шахси хоксор буданд, ки ҳамавақт афсарони ҷавонро дастгирӣ мекарданд. Масъалаи ба зиммашон гузоштаро содиқонаву софдилона ба ҷой меоварданд. Доимо мушкилии ҳамаро мешунавиданд ва комиссари  мардумӣ буданд”.

Дорандаи ордени “Ситораи сурх”, 7 медали ҷашнӣ ва падари чаҳор фарзанд буд.

Дилбар Самадова

Инсони поктинат ва бузургдилу бофазилатро аз даст додем. Барои ватану миллат дар давраҳои душвор хизматҳои арзанда кардаанд. Илоҳо Худованд дар ҷаннат ҷой диҳаду амалҳои хайрашон дастгири охират гардад!

Abdurasul Nazarov

Худо рахмату магфират гардонад акаи Низомудинро имруз чон ба хак супорид.

Ба дуо бошед бехтарин инсон буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button