Хабарҳои кӯтоҳ

Ҳодисаи нохуши нақлиётӣ дар ноҳияи А.Ҷомӣ

Рӯзи 24-уми ноябри соли 2020, тахминан соати 08:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи “ЗИЛ-ММЗ 45021”, Забиров Нозимҷон Сангович, соли таваллудаш 1970, сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, дар саҳни ҳавлии истиқоматии шаҳрванд Қодиров Собирҷон Тоҳирович, соли таваллудаш 1981, сокини деҳаи Правдаи ноҳияи мазкур бо мақсади (буксир) ба ҳаракат даровардани автомашинаи боркаши тамғаи “ЗИЛ-ММЗ 4502”, аз беаҳамиятӣ ҳангоми ба қафо рондан шаҳрванд Давлатов Садриддин Исломович, соли таваллудаш 1980, сокини ҳамон ҷоро, ки байни ду мошин будааст, пахш намудааст.
Дар натиҷа, Давлатов С.И. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button