Сиёсат

Нахустин сафари расмии Рустами Эмомалӣ ба Маскав

Шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ субҳи 24 ноябр бо як сафари расмӣ вориди Маскав, пойтахти Русия шуд. Ин нахустин сафари Рустами Эмомалӣ ба Русия ба ҳайси раиси Маҷлиси миллист.

Хадамоти матбуоти Маҷлиси миллӣ хабар дод, ки Рустами Эмомалиро дар фурудгоҳи «Внуково-2»-и шаҳри Маскав муовини Раиси Шӯрои Федератсия, палатаи болоии парлумони Русия Илёс Умаханов ва дигар шахсони расмӣ самимона истиқбол гирифтанд.

Дар ин сафар Рустами Эмомалиро раисони кумитаҳо ва раҳбари дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Хадамоти матбуоти Шӯрои Федератсия хабар дод, ки рӯзи 24 ноябр имрӯз раиси Шӯрои Федератсияи Русия  Валентина Матвиенко бо Рустами Эмомалӣ мулоқот мекунад. Бино ба ин манбаъ, сафари Рустами Эмомалӣ ба Маскав бо даъвати Шӯрои Федератсияи Русия сурат гирифта, қарор аст, рӯзи 25 ноябр дар пойтахти Русия иҷлосияи комиссияи ҳамкории Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федеролии Русия ва Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шавад.

Рустами Эмомалӣ, писари калонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки аз соли 2017, инак қариб 4 сол боз шаҳрдори Душанбест, моҳи апрели соли 2020 раиси Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон интихоб гардида, тибқи Конститутсия раҳбари дуюми кишвар ба ҳисоб меравад. Интизор мерафт, ки дар интихоботи президентии моҳи октябр ӯ падарашро дар мақоми президентӣ иваз кунад. Вале ба сабаби бархе омилҳои дохиливу берунӣ, аз ҷумла мухолифати бархе аъзои пурнуфузи ҳукумати Тоҷикистон, ҳаводиси Беларус ва ба интиқоли қудрат аз падар ба писар дар Тоҷикистон майли чандон нишон надодани Кремл ин нақшаи гузариш ба таъхир гузошта шуд ва худи Эмомалӣ Раҳмон бори дигар номзадии худро гузошта, замони раёсаташро то соли 2027 тамдид кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button