Тиб ва беҳдошт/Муҳити зист

Фелдшери тоҷик туҳфаи президентро гирифт ва ба хонаи нав кӯчид (2 АКС)

Муҳаммадҷон Ҳусейнов, як фелдшери тоҷик, ки президент Эмомалӣ Раҳмон ба ӯ барои як видеояш хона туҳфа кард, хабар дод, ки алакай ба хонаи нав кӯчидааст.  “Азия Плюс” хабар дод, ки хонаи нави Муҳаммадҷон дар кӯчаи Ҳувайдуллоев, дар наздикии бинои Додситонии кул ҷойгир шудааст.

“Ман хеле хушнудам, ки бо дастгирии президент ба орзуям расидам ва соҳиби хона шудам”, – гуфт Муҳаммадҷон Ҳусейнов ба “Азия Плюс”. Ӯ қаблан дар як хонаи бараки фарсуда дар минтақаи Кӯҳдомани ноҳияи Шоҳмансур мезист. Бо дастури президент Муҳаммадҷон Ҳусейновро ба Донишгоҳи тиббӣ низ қабул кардаанд.

Исми Муҳаммадҷон Ҳусейнов моҳи май дар як видео аз табибоне, ки дар рӯзҳои сахти мубориза бо коронавирус мардумро ба ҳоли худ партофта, тарки кор карданд, башиддат интиқод карда буд.

Ин видео президент Эмомалӣ Раҳмонро чунон ба ваҷд овард, ки ӯ рӯзи 18 август, дар мулоқоташ бо табибон Муҳаммадҷон Ҳусейновро ба назди микрофон даъват кард ва гуфт: “Ин хел ватандӯстон бо як жести худ ҳазорон нафарро аз қафои худ мебаранд, яъне ҳазорҳо нафарро ба номус меоранд”,

Дар ҳамон мулоқот Эмомалӣ Раҳмон амр дод, ки ба ин табиби баномус хона бидиҳанд ва ӯро ба Донишгоҳи тиббӣ қабул кунанд.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ТАБИБИ ТОҶИК БАРОИ ЯК ВИДЕОИ НОМУСАКИАШ ХОНАИ ДУҲУҶРАГӢ ТӮҲФА КАРД (ВИДЕО)

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 18 август, дар рӯзи Иди касбии табибон бо намояндагони соҳаи тибби кишвар мулоқот карда, ба 53 нафаре, ки дар рӯзҳои мубориза бо коронавирус ба касби худ садоқат нишон доданд, мукофотҳои давлатӣ супурд. 53 корманди соҳаи тиб бо фармони президент бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, ордени Шараф дараҷаи I, 3 ордени Шараф дараҷаи II, 27 Медали Хизмати шоиста, 17 медали Шафқат ва Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонда шуданд.

Дар ҷараёни мулоқот бо табибон Эмомалӣ Раҳмон табиби блогереро, ки дар аввали моҳи май дар як муроҷиатномаи видеоияш аз табибоне, ки дар ин рӯзҳои сахт мардумро партофтанд, башиддат интиқод карда буд, даъват кард.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, видеои ин табиб ӯро сахт ба риққат овард ва ӯ махсус хост, ки ин табибро ҳатман ба ин мулоқот даъват кунанд ва ба мукофоти давлатӣ пешбарӣ кунанд.

Ин табиб қисса кард, ки падарашро дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ куштанд ва онҳо дар дари мардум калон шуданд. Барои ҳамин, баъди хатми коллеҷи тиббии Душанбе ӯ натавонист таҳсилашро дар Донишгоҳи тиббӣ давом диҳад ва ба Русия ба муҳоҷират рафта, се сол мардикорӣ кард ва як хонаи барак харид, то модару бародарашро пеши худ биорад. Ӯ гуфт, ки ҳоло 31 сол, 7 сол таҷрибаи кор ва зану як фарзанд дорад.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин мулоқот ба вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ва мушовираш оид ба кадрҳо Асадулло Раҳмон амр дод, ки ин табиби ҷавонро ба Донишгоҳи тиббӣ дохил кунанд ва ҷои кораш ҳам биёбанд, ки оилаашро хӯронда тавонад. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин амр дод, то ба ин табиби блогер, ки дар рӯзҳои сахт аз худ ҳисси баланди номус ва садоқат ба касбаш нишон дод, як хонаи дуҳуҷрагӣ бидиҳанд.

“Ин хел ватандӯстон бо як жести худ ҳазорон нафарро аз қафои худ мебаранд, яъне ҳазорҳо нафарро ба номус меоранд”, – гуфт Эмомалӣ Раҳмон дар тавсифи ин табиб.

Вақте президент аз кори ин табиб ситоиш мекард, аз чашмони ин ҷавон беихтиёр ашк ҷорӣ шуд.

МУРОҶИАТИ ТАБИБИ ТОҶИК БА ТАБИБОНИ ТАРСУЕ, КИ ДАР ИН РӮЗИ САХТ БЕМОРОНРО ПАРТОФТА, ГУРЕХТАНД (ВИДЕО)

Як табиби тоҷик, ки дар тан либосҳои муҳофизатӣ дорад, рӯзи 4 май дар Интернет муроҷиатномаеро нашр карда, ба ҳамаи он табибоне, ки дар ин рӯзҳои сахт дар паҳлуи мардум истодаанд, изҳори сипос кард. Ӯ як кафшеро рӯи даст мегирад ва мегӯяд, агар ин кафши шумост, ман ин кафшро бӯса мезанам. Ӯ сипас ин кафшро болои сар мегузорад ва мегӯяд, агар ин кафши шумост, ман онро болои сар мегузорам ва ба якоякатон ташаккур мегӯям.

Табиби ҷавон як ҳамкори солхӯрдаашро пешаш даъват кард ва гуфт, ин мард бо вуҷуди он ки нафақахӯр аст, шабу рӯз дар хидмати беморони коронавирус қад алам кардааст.

“Ин як фелдшери оддӣ аст. Вале бубинед, дар 4 шабонарӯзи охир, дар 96 соати корӣ ӯ ҳамагӣ 8 соат хоб кардааст. Дигар ҳама вақт дар паҳлуи мардум буд ва хидмат мекард. Магар ӯ осебпазир набуд? Магар ба ҷони вай таҳдид вуҷуд надошт? Вале қасамашро нашикаст, паҳлуи мо истод ва хидмат кард!”

Табиби ҷавон аз ҳампешаи солхӯрдааш хоҳиш кард, ки ниқобашро бикашад: “Бигзор халқ қаҳрамонҳои худро бишиносад!” Он мард ниқобашро мекашад ва мегӯяд, ки “ҳамаи фикру зикри мо банди саломатии мардум аст ва мо то ҷон дар рамақ дорем, хидмати мардумро дар ин рӯзҳои сахт мекунем”.

Табиби ҷавон сипас аз он ҳампешаҳои худ маломат мекунад, ки дар ин рӯзҳои сахт тарсончакӣ карданд ва беморонро партофта, гурехтанд: “Ман шунидам, ки нафақат дар беморхонаи мо, балки дар беморхонаҳои дигар низ чунин табибоне ёфт шуданд, ки аз иҷрои масъулияти худ фирор карданд. Ин мардум пеш ба шумо даркор буд, имрӯз нодаркор шуд? Ин рӯзҳо мегузаранд, вале пагоҳ шумо ба чашми мо, табибони ҷавон, чӣ гуна нигоҳ мекунед?”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button