Тиб ва беҳдошт/Муҳити зистХабарҳои кӯтоҳ
Шумори гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон ба 12 ҳазор наздик мешавад
Бино ба омори расмии вазорати тандурустӣ, дар як шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 39 ҳолати нави сирояти коронавирус сабт шуда, шумораи умумии гирифторон аз 30 апрел то 21 ноябр ба 11 ҳазору 854 нафар расидааст.
Бино ба иттилои ин вазорат, аз коронавирус то имрӯз 86 нафар ҷон бозта, 11 ҳазору 229 нафар, ё 94,7% аз шумораи умумии гирифторон шифо ёфтаанд. Аз ҷумла дар як шабонарӯзи охир 41 бемор баъди шифо ёфтан аз бемористонҳо ҷавоб дода шудаанд, – гуфта мешавад дар иттилоияи расмии вазорати тандурустии Тоҷикистон.
Мунтақидон ба омори расмии вазорати тандурустӣ бовар надоранд ва бар инанд, ки ин вазорат шумораи воқеии гирифторон ва қурбониёни коронавирусро кам нишон медиҳад.