ТаърихФарҳанг

ҲАР БЕВАТАН КИ ОМАД, СОҲИБВАТАН ШУД ИНҶО… ШЕЪРЕ ТАКОНДИҲАНДА АЗ САФАР АБДУЛЛОҲ

Сафар Абдуллоҳ

Бознашр аз саҳифаи муаллиф дар Фейсбук

Дардо, забон надорем, ҳарфу баён надорем,

Дар чор сӯйи гетӣ ҷою макон надорем.

Мо шаҳрҳо биҳиштем, ё шаҳрҳо биҳиштанд,

Акнун,ки дар тамаддун ҳатто нишон надорем

Зартуштро бикуштем,пайғамбари худоро,

Ҳамсанги ӯ касеро дар ду ҷаҳон надорем.

Маҳрум аз Самарқанд, бебаҳра аз Бухоро

Гаҳвораи тамаддун, дар ин замон надорем.

Уфтода дуру маҳҷур, аз Балху аз Нишопур,

Маҳруми хатту фарҳанг, ҷисмему ҷон надорем

Атри хирад намонда, ҷаҳл аст рӯи ҷода

Бе ишқ, бе ирода, мо шаъну шон надорем

Ҳар беватан ки омад соҳибватан шуд ин ҷо,

Мо бумиёни бебом ин ҷо амон надорем

Аҳли маҳал ки рафтанд, аҳли мағал расида

Бар корвони қисмат, мо сорбон надорем.

Акнун ба лаҳҷаи мо, барчаспи нав ниҳоданд

Бо амри он Кремлин, ному нишон надорем.

Ҳаққу ҳуқуқи мардум дар дафтари Куруш аст

Ҳоло Курушҳоро дар ин ҷаҳон надорем.

Бо якдигар Шағодем, номеҳрубону золим,

Рустам куҷост акнун ,гурзу камон надорем.

Он шаҳрҳо куҷо шуд? Бар коми дигарон шуд!

Дарду дареғ, имрўз Орашкамон надорем!

Аз даст рафта Хоразм, бар наваҳои Чингиз,

Дар осмони торих, тиру камон надорем!

Озодзодагонро будан чӣ бори сангин,

Саҳл аст мурдан аммо дарди гарон надорем.

Чун сарзамини Сомон тороҷи кӯчиён шуд,

Як лаҳза шодмонӣ, пиру ҷавон надорем.

Азбаски рӯзгоре дар зери султа будем,

Эй бардаҳо, магар мо шери жаён надорем?

Мо аҳли дод будем, аммо кунун ба додем!

Болои сар, чӣ гӯям, Нӯшервон надорем.

Аз мулки тоҷдорон мондаст Тоҷикистон,

Бе номи меҳрубонаш ному нишон надорем.

Аммо умедворам, рӯзе дубора сабзем

Зеро ҳанӯз фурсат дар ин замона дорем!https://www.facebook.com/safar.abdulloh/posts/pfbid031puSow2xTLTWVKqUfPkJ7tKerhWMFn6w9iRYdAcjpVx4dyekr2s3sV7ZMGXEiQcal

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button