ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодисаҶомеа

ҲАМ ҲАБС ШУДУ ҲАМ ҶОИ КОРАШРО АЗ ДАСТ ДОД: 10 ШАБОНАРӮЗ ҲАБСИ РОНАНДАИ “МАРШРУТКА”-И №35

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 18 апрели соли 2024 хабар дод, ки як ронандаи “маршрутка” дар пойтахти Тоҷикистон барои дағалгуфторӣ ба 10 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум шудааст.

Санаи 18-уми апрели соли 2024 дар Интернет наворе нашр гардид, ки дар он бо алфози қабеҳ дашном додани ронандаи автомашинаи тамғаи “Спринтер” сабт шудааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони милитсия барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес Спринтер”, рақамҳои қайди давлатиаш 77 11 ТТ 05 шаҳрванд Тошпӯлотов Комилҷон Хайруллоевич, санаи таваллудаш 23.05.1970, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи С.Айнӣ, ки дар хатсайри №35 ба фаъолияти мусофирбарӣ машғул аст, дастгир карда шуда, ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд.

Милитсияи пойтахт дар шарҳи ҳодиса мегӯяд: “Зимни санҷиш муайян гардид, ки ҳодисаи мазкур шаби 17-уми апрел, тақрибан соати 22:15 дар кӯчаи С.Айнӣ, назди маркази савдои “Садбарг” рух додааст. Тошпӯлотов Комилҷон ҳангоми мусофиркашонӣ дар истгоҳ дуру дароз таваққуф намуда, ба ҳаракати воситаи нақлиёти ҷамъиятии троллейбуси хатсайри №10 монеа эҷод намудааст. Ҳамзамон ба эроди ронандаи троллейбус беэътиноӣ намуда, бо алфози қабеҳ нисбаташ дашном дода, шаъну шарафи ӯро дар назди атрофиён паст задааст”.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба ронанда Тошпӯлотов Комилҷон тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми майдаавбошӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбаташ аз ҷониби додгоҳ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10 шабонарӯз таъин карда шуд.

Ҳамзамон аз ҷониби ширкати ҶДММ «Беҳрӯз-15» шартномаи ҳамкорӣ бо ронанда Тошпӯлотов Комилҷон барои вайрон намудани талаботи мусофиркашонӣ қатъ карда шуд.

Худи Комилҷон Тошпӯлотов барои шарҳи моҷаро дастрас нест.

Возможно, это изображение 1 человек, фургон и текст «7711TT05»

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button