Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон шоми 18 апрели соли 2024 дар нашри навбатии барномаи “Ахбори ВКД” аз ошкор шудани боз як мавриди қатли хешовандони наздик хабар дод. Аммо агар қаблан бештар дар бораи қатли ҳамсарон аз ҷониби шавҳарон хабарҳо ба даст мерасид, ин дафъа дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе як ҷавонзани модари 3 фарзанд шавҳарашро куштааст.
Шаҳрванд Ҳамидова Ситора Абдуҷалиловна, санаи таваллудаш 16 ноябри соли 1990, бо 3 фарзанд ва шавҳараш Ғуломов Манучеҳр Раҳимович, санаи таваллудаш 5 апрели соли 1986, дар як ҳавлӣ дар кӯчаи Мунзими ноҳияи Фирдавсӣ иҷора менишастанд.
Бино ба гузориши Сироҷиддин Шакурӣ, сухангӯи РВКД Душанбе, байни зану шавҳар дар заминаи ҳамдигарнофаҳмӣ ҳамеша муноқишаҳо ба амал меомад. Шаби 23 марти соли 2024 низ Манучеҳр Ғуломов дар ҳолати мастӣ ба хона омада, бо ҳамсараш боз ҷанҷол кардааст. Ситора Ҳамидова, ки аз ҷанҷолҳои пайвастаи шавҳараш ба ҷон омада буд, ин дафъа дигар тоқат накарда, бо корд ба бадани шавҳараш зарба задааст. Дар натиҷа, Манучеҳр Ғуломов ба ҳалокат расидааст.
Худи Ситора Ҳамидова дар гузориш ҷараёни ҳодисаро чунин нақл кард: “Кордро аз рӯи миз гирифтаму ба қисмати байни қафаси сина ва гарданаш задам.. Дар ҷояш нишаст ва гуфт, ки сарам фур (гирд) гашта истодааст. Баъд ман ба паҳлу хобондамашу ба рӯяш об задам. Сипас ба “Ёрии таъҷилӣ” занг задам. Табибон омаданду диданд ва гуфтанд, ки мурдааст алакай…”
Тафсилоти дигари ин ҳодисаи фоҷиавӣ дастрас нест. Маълум нест, ки чӣ боиси ҷанҷоли маргбор байни зану шавҳар шудааст ва кадом сухан ё рафтори шавҳар занро водор кардааст, ки ба даст корд бигирад ва ба қафаси синаи шавҳараш бизанад? Ва он ҳам дар моҳи шарифи Рамазон.
Дар додситонии ноҳияи Фирдавсӣ нисбат ба Ҳамидова Ситора бар асоси қисми якуми моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми одамкушӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Ба ин ҷавонзан бар асоси ин банди қонун ҳамчун ҷазо аз 8 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.
Дар ҷомиаи умдатан муҳофизакор ва пойбанди арзишҳои милливу мазҳабии Тоҷикистон даст ба ҷиноят задани занон хеле кам иттифоқ меуфтад ва ба ин далел, аз тақрибан 11 ҳазор маҳбус дар зиндонҳои Тоҷикистон танҳо ҳудуди 300 нафар, ё камтар аз 3 фоизаш занонанд, ки дар маҳбаси шаҳри Норак, ягона зиндони занонаи Тоҷикистон адои ҳукм мекунанд.
Вақтҳои охир аз Тоҷикистон дар бораи куштор ё сӯиқасд ба куштори хешовандони наздик дар ҷараёни муноқишаҳои оилавӣ хабарҳо зиёд ба даст мерасанд. Дар бештари мавридҳо шавҳарон ва асосан дар заминаи рашк қасди ҷони ҳамсарони худ мекунанд. Аммо мавридҳои қасди ҷони шавҳар кардани занон дар Тоҷикистон ҳодисаи хеле нодиру ангуштшуморанд.
Ҷомиашиносон афзоиши муноқишаҳои маргбори оилавиро ба уфти арзишҳои ахлоқӣ дар ҷомиа рабт медиҳанд. Рӯҳониён аз арзишҳои мазҳабӣ дур шудани мардумро сабаби чунин тамоюл дар ҷомиа ном мебаранд.