ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

БУД Ё НАБУД? ГУЗОРИШҲОИ ЗИДДУНАҚИЗ ДАР БОРАИ ҲАМЛАИ ҶАВОБИИ ИСРОИЛ БА ЭРОН

Мақомоти Эрон рӯзи 19 апрели соли 2024 суқут додани  чанд ҳавопаймои бесарнишинро тасдиқ карданд, вале хабарҳо дар бораи ҳамлаи мушакии Исроил ба хоки Ҷумҳурии исломиро рад карданд. Ин дар ҳолест, ки матбуоти расмии Эрон қаблан дар бораи таркишҳо дар атрофи шаҳри Исфаҳон дар қиммати марказии Эрон, ба кор даромадани шабакаҳои дифои зиддиҳавоӣ дар устонҳои гуногуни ин кишвар ва қатъи парвозҳо дар чандин фурудгоҳ хабар дода буданд.

Ва аммо Ҳусейн Далериён, сухангӯи Агентии кайҳонии Эрон дар шабакаи Х (собиқ Твиттер) бо киноя навишт,  “ба назар мерасад, ки расонаҳои амрикоӣ хоб дидаанд, ки Исроил ба Эрон ҳамла кардааст. Вагарна ҳамлаи ноком бо чанд кводкоптар (навъе аз дрон), ки ниҳоятан ин чанд резпараранда ҳам сарнагун шуданд, дар ҳеҷ куҷои ҷаҳон ҳамла маҳсуб намешавад”.

Далериён ҳамлаи мушакӣ анҷом додани Исроил ба хоки Эронро рад кард.

Як манбаи шабакаи Press TV низ гуфтааст, аз берун ҳеҷ ҳамлае ба Эрон сурат нагирифтааст.

Қаблан шабакаҳои телевизионии амрикоии CBS ва ABC бо такя ба мақомҳои расмии Амрико хабар доданд, ки Исроил Эронро мушакборон кардааст.

Коҳи Сафед ва Пентагон ин хабарро расман шарҳ надодаанд. Намояндаи артиши Исроил низ ба хабаргузории Франс Пресс гуфтааст, ки “мо дар ҳоли ҳозир ягон шарҳе дар ин бора надорем”.

Мақомоти Исроил қаблан ҳушдор дода буданд, ки дар посух ба ҳамлаи шаби 14 апрел, ки Эрон ба тарафи Исроил садҳо мушаку дрон сар дод, метавонанд ба хоки Эрон зарба бизананд.

Аммо Амрико паём дода буд, ки ба ин ҳамлаи ҷавобии Исроил ҳамроҳ намешавад.  Рӯзи 18 апрел Амрико ба  ҳар сурат бо мақсади пойин бурдани танишҳо ба зидди афроди дахил дар барномаи тавлиди ҳавопаймоҳои бесарнишин дар Эрон таҳримот ҷорӣ кард.

Субҳи 19 апрел хабаргузории эронии Форс хабар дод, ки дар атрофи пойгоҳи ҳавоии ҳарбии Шакарӣ дар наздикии фурудгоҳи Исфаҳон се таркиш рух додааст. Ба иттилои Форс, дар Исфаҳон шабакаи дифоъи зиддиҳавоӣ ба кор андохта шуда, як ҳавопаймои бесарнишинро сабт кардааст. Гуфта мешавад, бар асари таркишҳо шишаҳои тирезаҳои чанд бино шикаста, рехтаанд.

Шабакаи телевизионии IRIB бо такя ба “манобеи муътамад” хабар дод, ки “садои баланди таркиш дар минтақаҳои гуногуни кишвар натиҷаи ба кор андохта шудани шабакаҳои дифоъи зиддиҳавоӣ ба хотири муқобила бо чанд ҳавопаймои бесарнишини хурди ношинос будааст”.

Хабаргузории давлатии ИРНО низ мегӯяд, дар бораи осебу харобие гузориш нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, парвозҳо дар фазои Теҳрон ва шаҳрҳои дигари Эрон муваққатан боздошта шуданд. Аз ҷумла, бино ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, қабулу гусели ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи Имом Хумайнӣ дар пойтахти Эрон боздошта шудааст.

Хабаргузории эронии Меҳр хабар дод, ки парвозҳо дар Теҳрон, Исфаҳон, Шероз ва дар фурудгоҳҳои воқеъ дар ғарб, шимолуғарб ва ҷанубуғарби Эрон мутаваққиф карда шудаанд.

Шабакаи амрикоии CNN қаблан хабар дод, ки 8 ҳавопаймое, ки дар ҳарими ҳавоии Эрон қарор доштанд, хатти парвози худро тағйир додаанд. Пойгоҳи Flightradar24 хабар дод, ки аз ҷумла ҳавопаймоҳои ширкатҳои Emirates ва Flydubai масири парвозҳои худро тағйир додаанд. Баъдан эълон шуд, ки Flydubai парвозҳояшро ба Эрон бекор кардааст.

Танишҳо байни Исроилу Эрон 1 апрели соли 2024 дар пайи ҳамлаи мушакӣ ба бахши консулии сафорати Эрон дар Димишқ, пойтахти Сурия, ки 13 нафар, аз ҷумла 7 тан аз фармондеҳон ва мусташорони низомии  Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эронро кушта ба ҷо гузошт, шиддат гирифт. Афсарони Сипоҳ бо мақсади ҳимоят аз режими президенти кунунии Сурия Башор Асад дар ин кишвари арабии ҳаммарз бо Исроил қарор доштанд.

Шаби 14 апрели соли 2024 Эрон бори аввал бевосита аз қаламрави худ хоки Исроилро ҳадафи ҳамлаи густарда бо истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишин ва мушакҳо қарор дод.

Ба ҳисоби ҷониби Исроил, Эрон ба сӯи ин кишвар беш аз 300 дрону мушак задааст. Ҷониби Эрон то кунун ҳамлаҳояшро расман натиҷагирӣ накардааст, вале ҷониби Исроил иддао дорад, ки ҳамроҳи муттаҳидонаш (асосан Амрико ва Британияи кабир) тавонистаанд, 99 фоизи дронҳо ва мушакҳои Эронро суқут бидиҳанд ва дар натиҷа, ба Исроилу сокинонаш осеби андаке расидааст.

Дар изҳороти намояндагии доимии Эрон дар Созмони Милал дар пайи ҳамлаи ҷавобии 14 апрел гуфта шуда буд, ки “масъаларо метавон ҳалшуда арзёбӣ кард”. Ин ишораро метавон ба маъное талаққӣ кард, ки Эрон дар фикри зарбаҳои аз ин бештар ба зидди Исроил нест, аммо ба як шарт. “Агар Исроил боз як иштибоҳ содир кунад, посухи Эрон боз ҳам шадидтар хоҳад буд”, — гуфта мешуд дар он изҳорот.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button