ВидеоКоррупсияТоҷикистон

БОЗДОШТИ ДУ АМАКБАЧА, КИ ДАР ХУРОСОН МАФИЯИ ЗАМИНФУРӮШӢ ТАШКИЛ КАРДА БУДАНД (ВИДЕО)

Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон рӯзи 18 апрели соли 2024 бо нашри як гузориши телевизионӣ аз боздошти раиси Кумитаи заминсозии ноҳияи Хуросон, раиси ҷамоати ба номи Ҳилолии ин ноҳия ва миёнарави онҳо барои заминфурӯшӣ, сохтакории ҳуҷҷатҳо, қаллобӣ ва ғайриқонунӣ ҷудо кардани қитъаҳои замин дар ивази пора хабар дод. Ҷолиб ин аст, ки раиси Кумитаи замини ноҳияи Хуросон Бобокалонов Муҳаммадзиё, соли таваллудаш 1975, ва раиси ҷамоати Ҳилолӣ Бобокалонов Муҳимбек, соли таваллудаш 1968, хешу табори наздик – амакбачаҳо – буда, аввалӣ баъди ба мансаби баландтар рафтанаш, мансаби қаблиашро бегона нашавад гуфта, ба хешбачаи худ додааст.

Полковники милитсияи Офоқи Қодириён, сухангӯи РВКД вилояти Хатлон хабар дод, ки ба ин ду амакбача дар харидуфурӯши қитъаҳои замин боз як сокини ҷамоати Ҳилолӣ: Ҷалматов Қудрат, соли таваллудаш 1970, ҳамчун миёнарав ҳамдастӣ мекард.

Гуфта мешавад, Бобокалонов Муҳимбек, ки аз соли 1991 дар ноҳияи Хуросон дар мансабҳои гуногун кор карда, ҳоло раиси ҷамоати Ҳилолӣ будааст, дар асоси маслиҳати пешакӣ бо писарамакаш Бобокалонов Муҳаммадзиё, ки солҳои зиёд ба ҳайси муҳандиси заминсоз, муовини раис ва раиси ҷамоати Ҳилолӣ кор карда, ахиран курсии раиси Кумитаи замини ноҳияи Хуросонро ба даст овард, забон як карда, бо миёнаравии рафиқашон Ҷалматов Қудрат аз шаҳрвандон дар ивази ҷудо кардани қитъаҳои замин пул гирифтаанд. Аз ҷумла онҳо аз Ҳаитов Абдулвоҳид, сокини ҷамоати Ҳилолӣ 8 ҳазор сомонӣ, аз Абдурасулов Боймурод, сокини ноҳияи Вахш 14 ҳазор сомонӣ, аз Исмоилова Насиба 20 ҳазор сомонӣ ва аз Кӯкиева Сифатой 2 ҳазор доллар гирифта, аз заминҳои ҷамоати Ҳилолӣ ба ҳар кадом онҳо аз 8 то 10 даҳяк (сотих) замини наздиҳавлигӣ ҷудо кардаанд.

Бо мақсади ба даст овардани боварии шаҳрвандон ва қонунӣ нишон додани аъмоли худ онҳо дар компютер санадҳои қалбакии сертификати заминро чоп карда, ба ин корафтодагон додаанд ва сокинон ба сухани онҳо бовар карда, дар он заминҳо алакай хона сохтаанд. Вале ҳоло маълум шуд, ки ин заминҳо ба ин сокинон ғайриқонунӣ ҷудо карда дода шудааст.

Ҷудо кардани қитъаҳои замин, ки ба ҷамоатҳо ва кумитаҳои замин вогузор карда шудааст, дар Тоҷикистони аҳолиаш рӯзафзун ба яке аз арсаҳои аз ҳама фасодзада табдил ёфтааст ва қариб ҳар моҳ дар бораи боздошти чандин масъули ҷамоатҳо ва кумитаҳои замин хабарҳо ба даст мерасанд.

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 9 апрели соли 2024 аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ ба зидди раиси Кумитаи идораи замини шаҳри Кӯлоб Муродов О.М. хабар дод. Расман раиси, метавон гуфт, ҳамакнун собиқи кумитаи замини Кӯлоб бар асоси қисми чоруми моддаи 247 ба қаллобӣ ба миқдори махсусан бузург айбдор мешавад, вале аз парвандааш бармеояд, ки сухан дар бораи яке аз амалҳои дар Тоҷикистон аз ҳамаи роиҷи коррупсионӣ – заминфурӯшӣ меравад. Гуфта мешавад, ки Муродов О.М. аз шаҳрванд Қурбонов Р.А. бо ваъдаи ҷудо кардани 70 сотих замини кишоварзӣ дар маҳаллаи Зарринкӯҳ 81 ҳазору 400 сомонӣ, ё тақрибан 7400 доллар гирифта, кори ӯро буд накардааст.

Худи Муродов О.М. ваё адвокату наздикони ӯ барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале маркази матбуоти Агентии зидди коррупсия хабар дод, ки дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гардид, ки Муродов О.М. аз соли 2015 то соли 20223 дар вазифаи мутахассиси пешбар ва аз 13 апрели соли 2023 то инҷониб дар вазифаи раиси Кумитаи идораи замини шаҳри Кӯлоб кор карда, даст ба ҷинояти қаллобӣ ба миқдори махсусан калон задааст.

Агентӣ мегӯяд: “Чунончӣ, Муродов О.М. дар давраи фаъолияти кориаш, тахминан моҳи октябри соли 2021 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Қурбонов Р.А. даромада, аз охирин дар якчанд ҳолат бо ваъдаи аз маҳаллаи Зарринкӯҳи шаҳри Кӯлоб ҷудо карда додани 0,7 га қитъаи замини кишоварзӣ дар маҷмӯъ маблағи 81 ҳазору 400 сомонӣ гирифтааст, вале ба манфиати охирин ягон амали муайянро анҷом надодааст, балки маблағҳои мазкурро тасарруф намуда, ба эҳтиёҷоти шаҳсиаш сарф кардааст, ки бо ин кирдори қасдонаи ҳуд ба шаҳрванд Қурбонов Р.А. зарари махсусан калони моддӣ расонидааст”.

 Оиди ҳолати мазкур нисбати раиси Кумитаи идораи замини шаҳри Кӯлоб Муродов О.М. бо моддаи 247, қисми 4, банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми қаллобӣ ба маблағи махсусан зиёд парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтиши пешакӣ қарор дорад.

Ба Муродов О.М. бар асоси қисми чоруми моддаи 247 ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 1460 то 2190 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 105 ҳазору 200 сомонӣ то 157 ҳазору 480 сомонӣ) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 8 то 12 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то 5 сол ё бидуни он таҳдид мекунад.

Заминфурӯшӣ як арсаи аз ҳама доғи коррупсия дар шаҳру минтақаи Кӯлоб дониста мешавад ва алакай сари чандин мансабдори баландпояро дар ин минтақа хӯрдааст.

Аз ҷумла Баҳром Иноятзода, шаҳрдори собиқи Кӯлоб, соли 2020 бо ҷурми заминфурӯшӣ ба 12 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Муовини раиси шаҳри Кӯлоб Сӯҳроб Раҳимов соли 2021 низ бо чунин иттиҳом дастгир шуд, вале бо пардохти 72 ҳазор сомонӣ ҷарима аз толори додгоҳ озод карда шуд.

Алихон Худоёрзода, муовини собиқи раиси ноҳияи Восеъ, низ ахиран бо ҷурми берун баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ ба 6 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шуд. Худоёрзода аз соли 2017 то замони боздошташ дар моҳи феврали соли 2023 муовини раиси ноҳияи Восеъ дар умури сохтмон ва ҳамчунин раиси комиссияи тақсими қитъаҳои замини ин ноҳия буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button