ВидеоМуҳоҷирон

ИХРОҶИ 11 МУҲОҶИР, АЗ ҶУМЛА 4 ТОҶИК, АЗ ВИЛОЯТИ КАЛУГА

Раёсати приставҳои додгоҳии вилояти Калугаи Русия рӯзи 18 апрели соли 2024 хабар дод, ки аз ин вилоят боз 11 шаҳрванди кишварҳои СНГ, аз ҷумла 5 зодаи Ӯзбекистон, 4 шаҳрванди Тоҷикикистон ва якнафарӣ аз Арманистону Қирғизистонро ихроҷ кардаанд.

Гуфта мешавад, ахиран ба приставҳои Калуга 11 қарори додгоҳ дар бораи аз ин вилоят ва аз Русия берун кардани шаҳрвандони хориҷие, ки қонунҳои муҳоҷиратро вайрон кардаанд, расид.

“Ин хориҷиёнро то замони  таҳияи санадҳои ихроҷашон дар боздоштгоҳи махсус нигоҳ дошта буданд. Приставҳо ахиран ин 11 муҳоҷири ғайриқонуниро то хатти марз дар фурудгоҳҳои шаҳри Маскав, пойтахти Русия бурданд. Аз онҷо онҳо ба Ватани худашон парвоз карданд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи раёсати приставҳои вилояти Калуга.

Ҳамаи 11 муҳоҷири ихроҷшуда то 5 соли оянда аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум гардидаанд.

Дар Русия губернаторҳоро президент таъйин мекунад. Мутаассифона, солҳои охир президенти Русия Владимир Путин дар чандин вилоят, аз ҷумла дар Калуга, Тула ва Калининград, ва ҳамин тавр, дар мансабҳои баланди ҳукуматӣ, аз ҷумла дар роҳбарии Кумитаи тафтишоти Русия шахсони мавқеашон ошкоро зидди муҳоҷиронро губернатор ё вазир ваё раҳбари идора таъйин кардааст.

Соли 2020 Путин Владислав Шапшаро, ки бо мавқеъ ва сиёсати ошкоро зидди муҳоҷиронаш ном баровардааст, волии Калуга таъйин кард. Дар давраи раҳбарии Шапша Калуга қариб ҳар ҳафта бо хабарҳои марбут ба мавҷҳои навбанави таъқибу ихроҷи муҳоҷирон дар сархатти хабарҳо қарор мегирад. Инак чанд сол боз дар вилояти Калуга муҳоҷиронро ҳатто барои қонуншиканиҳои хурду реза дастгир ва ихроҷ мекунанд.

Фишорҳо ба муҳоҷирон – рейду боздоштҳо ва ҳолатҳои ихроҷи онҳо аз Русия дар пайи ҳамлаи хунини рӯзи 22 марти соли 2024 дар толори консертҳои “Крокус Сити Ҳолл” дар шаҳри Красногорск дар канори Маскав, ки дастикам 145 кушта ба ҷо гузошт, боло рафтааст. Масъулияти он ҳамларо гуруҳи террористии ДОИШ ба дӯш гирифт. Бо гумони даст доштан дар ҳамла 17 нафар дастгир шуданд, ки 15 нафараш зодагони Тоҷикистонанд. Ҳамаи 4 муттаҳами асосӣ, ки мақомоти Русия онҳоро омилони ҳамлаи хунини рӯзи 22 март мешуморанд, низ аз Тоҷикистонанд.

Дар пайи ҳамлаи хунини рӯзи 22 марти соли 2024, дар байни ҳамагӣ 4 рӯз танҳо аз шаҳри Санкт-Петербурги Русия 466 муҳоҷирро ихроҷ карданд. Ҳамин тавр, дар як ҳафтаи аввали баъди ҳамлаи “Крокус” аз Маскав низ беш аз 400 муҳоҷирро ихроҷ карданд. Ҳафтаи гузашта 184 муҳоҷирро аз вилояти Свердловск ва 12 муҳоҷири тоҷикро аз шаҳрҳои Вологда ва Череповетск ихроҷ карданд. Аз дигар минтақаҳои Русия низ дар ин авохир дар бораи ихроҷи садҳо муҳоҷир ба даст мерасанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, додгоҳҳои Русия маъмулан муҳоҷирон “говсуд” карда, парвандаҳои онҳоро рӯякӣ ва бидуни баргузории ягон навъ муҳокимаи додгоҳӣ баррасӣ мекунанд ва як додрас метавонад дар байни ҳамагӣ чанд дақиқа ҳукми ихроҷи даҳҳо муҳоҷирро имзо кунад. Дар ин вақте, ки тақдири онҳо ҳал мешавад, худи муҳоҷирон маҷбуранд дар роҳрави додгоҳ ба тақдир сар супурда, мунтазир бишинанд, чунки онҳоро ба ҳузури додрасе, ки сарнавишташонро ҳал мекунад, ҳатто роҳ намедиҳанд.

Солҳои пеш ихроҷи муҳоҷирон ҳатто барои қонуншиканиҳои хурду резае, чун вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ё насупурдани пули барқу телефон хеле зиёд шуда, шумори танҳо шаҳрвандони тоҷике, ки аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шуда буданд, аз 300 ҳазор нафар гузашта буд. Солҳои охир ин тамоюл рӯ ба коҳиш овард, вале боз ҳам ҳар сол даҳҳо ҳазор муҳоҷирро аз Русия берун мекунанд.

Барои кишварҳое, чун Тоҷикистон, ки манбаи асосии таъмини рӯзгори аксари хонаводаҳояшон пули аз Русия фиристодаи азизони муҳоҷири онҳост, аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шудани ҳар муҳоҷир ба маънои аз як манбаи асосии даромадаш маҳрум шудани дастикам як хонавода аст.

Ҳар сол аз Русия ба Тоҷикистон ва асосан бо шарофати муҳоҷирон чанд миллиард доллар пул мефиристанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button