ВидеоКоррупсия

КАПИТАНИ МИЛИТСИЯ БА ГИРИФТАНИ 20 ҲАЗОР СОМОНӢ ПОРА АЙБДОР МЕШАВАД

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 16 апрели соли 2024 аз анҷоми тафтиши пешакии парвандаи як капитани милитсия бо иттиҳоми порахӯрӣ хабар дод.

Бино ба гузориши маркази матбуоти агентӣ, шаҳрванд С.Т. унвонии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ариза муроҷиат карда,  хостааст то нисбат ба таҳқиқотчии гурӯҳи таҳқиқотии шуъбаи милитсияи ноҳияи Варзоб капитани милитсия Раҳимзода Ф.С. чораҳои қонунӣ андешида шавад.  Бино ба иддаои шаҳрванд С.Т., капитан Раҳимзода аз ӯ барои оғоз накардани парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба як ҳолати садамаи нақлиётӣ ғайриқонунӣ ба сифати пора маблағи 20 000 сомониро талаб карда истодааст.

 Дар пайи ин муроҷиат, аз ҳисоби кормандони мақомоти Агентии мубориза бо коррупсия гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ таъсис дода шуда, санаи 12 феврали соли 2024 Раҳимзода Ф.С. баъди дар утоқи кории худ аз С.Т. гирифтани маблағи 20 000 сомонӣ дастгир гардид.

“Маблағи зикршуда аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд”, – хабар додааст маркази матбуоти Агентӣ.

 Дар хабар ҳамчунин гуфта мешавад, ки вобаста ба ҳолати зикршуда нисбати Раҳимзода Ф.С. бар асоси моддаи 319, қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъди анҷоми тафтишиши пешакӣ ва тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳият баррасӣ намудан ба додгоҳ ирсол карда шуд.

Худи капитан Раҳимзода ваё адвокат ё наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд. Ба ӯ бар асоси моддаи 319 ҳамчун ҷазо ҷаримаи хеле ҳангуфт ба андозаи аз 3650 то 9125 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (яъне аз 262 ҳазору 800 сомонӣ то 657 ҳазор сомонӣ) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то 5 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то 3 сол таҳдид мекунад.

Мақомоти ВКД дар баробари дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ҳамеша дар радифи ниҳодҳои аз ҳама фасодзада дар ин кишвар ном бурда мешаванд.

Тоҷикистон дар умум дар қатори кишварҳои фасодзадаи дунё номбар шуда, дар раддабандии ахири созмони “Шаффофияти байналмилалӣ” дар миёни 180 кишвар дар зинаи хеле поёни 161, яъне дар байни 20 кишвари фасодзадатарини ҷаҳон ҷой гирифт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button