ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДАР ҲИСОР 3 МАРД БА ЗӮРӢ ЯК ЗАНРО БА ҚАБРИСТОНИ ДЕҲАИ УРТАБУЗ БУРДА, ҒОРАТ КАРДААНД

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 30 апрели соли 2024

Дастгир гардидани 3 нафар бо гумони ғоратгарӣ

146

Ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор бо ариза зани 36-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 14-уми апрели соли 2024, тахминан соати 19:30-дақиқа, шахсони номаълум ӯро бо таҳдиди зӯроварӣ ба оромгоҳи деҳаи Уртабуз бурда, мавриди лату-кӯб қарор дода, аз дохили ҷувздонаш 2 ҳазору 500 сомонӣ ва 1-адад телефони мобилии тамғаи «Редми-1»-ро ошкоро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро марди 27-сола, ҷавони 20-сола ва ноболиғи 17-солаи сокинони шаҳри Ҳисор содир намудаанд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ошкор шудани якчанд ҳолати дуздӣ

62

Ба ШВКД дар ноҳияи Варзоб бо ариза марди 37-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 27-уми апрели соли 2024, шахсони номаълум ба хонаи истиқоматиааш даромада аз он ҷо 2 сар чорвои калони шохдорро, ки арзиши умумиашон 16 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳангоми гузаронидаи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 21 ва ноболиғи 16-солаи сокинони ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи Данғара аризаи марди 38-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзҳои 5 ба 6-уми апрели соли 2024, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои Чуғуди ҳамин ноҳия 1 сар аспашро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро мардони 42 ва 29-солаи сокинони ҳамин ноҳия содир намудаанд.
Ҳамзамон, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи Зафаробод ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, 31-уми марти соли 2024, тахминан соати 14:30-дақиқа, ҳангоми дар ҳудуди хобгоҳ, воқеъ дар маҳаллаи 13-уми шаҳри Хуҷанд қарор доштанаш аз ҳуҷраи хоби ҷавони 21-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо роҳи пинҳонӣ 1-адад телефони мобилии тамғаи «РОСО-Х5», ки арзишаш 4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Бо роҳи фиреб содир намудани кирдорҳои қаллобӣ

28

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 58-солаи сокини шаҳри Левакант бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.

Гумонбаршаванда, моҳи апрели соли 2024, бо роҳи фиреб ба боварии марди 42-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён даромада, 1-адад автомашинаи тамғаи “Тойота Кемри-2”-ро ба маблағи 120 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додааст, ки маблағашро баъди ду моҳ медиҳад, аммо гумонбаршаванда автомашинаро ба маблағи 103 ҳазор сомонӣ фурӯхта, маблағи бадастовардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 46-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, соли 2020 бо роҳи фиреб ба боварии марди 45-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз ӯ 3-адад автомашинаи тамғаҳои «Хонда СРВ”, “Ласетти” ва “Мерседес-Бенс-211»-ро ба маблағи 250 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, аз ин маблағ 160 ҳазор сомониашро пардохт карда, боқимонда 90 ҳазор сомониашро то ҳол барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button