Коррупсия

ДУ СОҲИБКОР БА САРКАШӢ АЗ ПАРДОХТИ АНДОЗҲО БА МАБЛАҒИ 2 МЛН СОМОНӢ АЙБДОР МЕШАВАНД

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 12 апрели соли 2024 дар саҳифааш дар Фейсбук аз ошкор шудани ҳолатҳои аз хориҷ ворид кардани молу маҳсулот ба маблағи беш аз 71 миллион сомонӣ ва саркашӣ аз супоридани андозҳои давлатӣ ба маблағи қариб ду миллион сомонӣ хабар дод.

Бино ба иттилои нашршуда, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян гардид, ки шаҳрванд Зоиров А.Н. қасдан ва бо мақсади ба таври ғайриқонунӣ сӯиистифода бурдани ширкатҳои ҶДММ “Ганҷи Истиқлол” ва ҶДММ “Солор-2019”, дидаву дониста аз он ки ҷамъиятҳои зикршуда ба номи дигар нафарон сабти ном шудаанд, бархилофи талаботҳои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» амал намуда, дар асоси маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванд Шукуров М.Р. ғайриқонунӣ ҳамчун роҳбар ва муассис фаъолият карда, ин ҷамъиятҳоро сӯиистифода бурдаанд.

Худи ин ду соҳибкор барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале маркази матбуоти Агентӣ дар шарҳи ин парванда мегӯяд: “Дар ин замина, Зоиров А.Н. ва Шукуров М.Р. тибқи нақшаи ҷиноятии тарҳрезинамудаашон амал карда, аз моҳи апрели соли 2023 то инҷониб ба воситаи ҷамъиятҳои ҶДММ “Ганҷи Истиқлол” ва ҶДММ “Солор-2019” аз хориҷи кишвар ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъ ба маблағи 71,5 млн. сомонӣ молу маҳсулоти нафарони гуногунро ворид намуда, аз маблағи умумии молҳои воридгардида ғайриқонунӣ аз 3 то 3,5% ҳамчун ҳаққи хизматрасонӣ гирифта, маблағи зикршударо ба эҳтиёҷоти шахсиашон харҷ кардаанд”.

Ҳамзамон, меафзояд Агентӣ,  “Зоиров А.Н. ва Шукуров М.Р. бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт ва саркашӣ аз пардохти андозҳои давлатӣ зимни истифодаи ғайриқонунии ҶДММ «Ганҷи Истиқлол» ва ҶДММ «Солор-2019» эъломияҳои андози ба мақомоти андоз пешниҳодшавандаро носаҳеҳ тартиб додаанд ва манбаи андозбандишавандаро пинҳон дошта, бо роҳи пешниҳод намудани эъломияҳои қалбакӣ ҷамъ ба маблағи 1 миллиону 469 ҳазору 299 сомонӣ ва бо назардошти ҷаримаву фоизҳояш маблағи 1 миллиону  911 ҳазору 034 сомонӣ аз пардохти андозҳои давлатӣ саркашӣ карданд”.

Дар робита ба ҳолати мазкур нисбат ба Зоиров А.Н. ва Шукуров М.Р. бо моддаҳои 260, қисми 2, банди “б” ва 292, қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ва тасдиқи фикри айбдоркунӣ ин парванда барои моҳиятан баррасӣ намудан ба  додгоҳ ирсол карда шудааст.  

Ба онҳо бар асоси қисми дуюми моддаи 260 барои сӯиистифода аз ширкати ба номи дигарон сабтшуда ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 365 то 915 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то 5 сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 2 то 5 сол таҳдид мекунад. Бар асоси қисми якуми моддаи 292 барои саркашӣ аз пардохти андозҳо ба ин ду соҳибкор ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 547 то 912 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 3 то 5 сол бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба ҳамин мӯҳлат таҳдид мекунад. Як нишондиҳанда барои ҳисобҳо имсол дар ҳаҷми 72 сомонӣ, ё тақрибан шашуним доллар муқаррар карда шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button