ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷиронТоҷикистон

4 ТОҶИКИ МУТТАҲАМ БА ҲАМЛАИ ХУНИН ДАР МАСКАВ ТО 22 МАЙ БА ҲАБС ГИРИФТА ШУДАНД (ВИДЕО)

Додгоҳи ноҳияи Басманнийи шаҳри Маскав шаби 24 марти соли 2024 ҳамаи чор зодаи Тоҷикистонро, ки бар асоси қисми сеюми моддаи 205 Кодекси ҷиноятии Русия ба содир кардани амали террористӣ ва қатли даҳҳо нафар дар толори консертҳои “Крокус Сити Ҳолл” дар шаҳри Красногорск дар канори пойтахти Русия айбдор мешаванд, ба ҳабси пешакӣ гирифт. Дар он ҳамлаи шоми 22 март дастикам 137 нафар кушта ва беш аз 180 тани дигар захмӣ шуданд. Масъулияти ҳамларо созмони террористии “Давлати исломӣ” (ДОИШ) ба дӯш гирифт.

Мурофиаи ин 4 нафар ба сурати пӯшида сурат гирифт, чунки тафтишот гуфт, мурофиаи боз метавонад боиси эҷоди хатар ба амнияти иштирокдорони мурофиа ва хешовандони онҳо гардида, ҳамчунин сабаби ифшои сирри давлатӣ шавад. Аммо тафтишот шарҳ надод, ки 4 нафари муттаҳам ба терроризм чӣ сирри давлатиро медонанд ва метавонанд ошкор кунанд?

Дар ҳар сурат, бино ба иттилои Телеграм-канали “Суды общей юрисдикции города Москвы”, додгоҳи ноҳияи Басманний дархости тафтишотро қонеъ сохта, ҳамаи 4 муттаҳамро барои як моҳу 28 рӯз, яъне то 22 майи соли 2024 ба ҳабси пешакӣ гирифт. Инҳо:

  1. Мирзоев Далерҷон Баротович, соли таваллудаш 1991, муҳлати сабти номаш дар Русия гузаштааст, падари 4 фарзанд, аз ҷумла дугоникҳои якунимсола. Бархе каналҳо Далерҷон Мирзоевро саркардаи ҳамлагарон номида буданд. Худи ӯ дар бозпурсии нахустин дар бораи нафаре бо номи Абдулло хабар дод, ки гӯё онҳоро барои анҷоми ин ҳамла ҷалб карда, ҳатто барояшон мошин харид. Ин ҳамон мошини рангаш сафеди тамғаи “Рено” аст, ки ҳангоми ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл” ва сипас барои фирор аз онҷо истифода шуда буд. Бино ба иттилои додгоҳ, Далерҷон Мирзоев дар мурофиаи аввал ба гуноҳи худ эътироф кардааст.
  2. Раҷабализода Саидакрами Муродалӣ, соли таваллудаш 1994, падари 4 фарзанд.  Раҷабализода ҳамонест, ки нирӯҳои вижаи Русия ҳангоми боздошташ дар ҷангале дар вилояти Брянск гӯши ӯро бурида, ба даҳонаш андохтанд ва бо таҳдид маҷбур мекарданд, ки гӯшашро бихӯрад.  Додгоҳ дар иттилоияаш гуфт, Раҷабализода низ дар додгоҳ ба гуноҳи худ эътироф кард.
  3. Фаридуни Шамсиддин, соли таваллудаш 1998, падари як фарзанд. Ин ҳамонест, ки баъди боздошташ дар вилояти Брянск ё аз тарс ваё аз сардӣ башиддат меларзид ва баёнот дод, ки ба ҳар кадоми онҳо барои анҷоми ин ҳамла 500 ҳазор рубл ваъда дода буданд ва нисфи ин пулро алакай ба кортҳои бонкиашон гузаронда, 250 ҳазори боқимондаашро бояд баъди анҷоми ҳамла мегузаронданд.
  4. Файзов Муҳаммадсобир Зокирҷонович, соли таваллудаш 2005, ҳанӯз муҷаррад, узви аз ҳама ҷавони даста. Ӯро ҳангоми боздошт тир заданд ва аз ин рӯ Файзовро бо мошини “Ёрии таъҷилӣ” то додгоҳ оварда, ба толори мурофиа савори аробачаи тиббӣ дароварданд.

Ҳамла ба “Крокус Сити Холл” бузургтарин ҳамлаи террористӣ дар Русия аз замони ҳамлаи моҳи сентябри соли 2004 ба мактаби №1 дар шаҳри Беслан дониста мешавад. Дар ҷараёни он ҳамлаи ҷудоиталабони чечен 330 нафар кушта шуда буд.

ФСБ қаблан аз боздошти 11 нафар бо иттиҳоми ҳамдастӣ дар ҳамлаи Красногорск хабар дода буд, вале ба додгоҳ танҳо 4 нафареро, ки тафтишот иҷрокунандаи бевоситаи ҳамла мешуморад, эҳзор гардиданд. Дар бораи сарнавишти 7 нафари боқимонда, ҳамчунин дар бораи шахсияти онҳо ва аз кадом кишвар буданашон ҳанӯз маълумоте дар даст нест. ББС бо такя ба манобеи худ хабар дод, ки ду нафари онҳо кушта шудаанд: яке ҳанӯз дар ҷараёни ҳамлаи шоми 22 март дар “Крокус Сити Ҳолл” ва якеи дигар ҳангоми боздошт дар ҷангалзори вилояти Брянск.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button