ВидеоҲодисаҶомеа

ҶАСАДҲОИ ДУХТАРИ 17-СОЛА ВА ПИРАЗАНИ 66-СОЛАРО АЗ ДАРЁИ ҚАРАТОҒ ЁФТАНД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 22 марти соли 2024 хабар дод, ки тайи ду рӯзи охир дар дарёи Қаратоғ дар ғарби кишвар ду нафар: як духтари 17-сола ва як зани солхӯрдаи 66-сола ғарқ шудаанд.

Бино ба иттилои нашршуда, субҳи барвақти 21 марти соли 2024, тахминан соати 04:30, як духтари 17-солаи сокини деҳаи Қаратоғи ҷамоати Қаратоғ дар канори шаҳри Турсунзода ба далелҳои номаълум худро ба дарё партофта, ғарқ шудааст. Кормандони шуъбаҳои ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Турсунзода ва ноҳияи ҳамсояи Шаҳринав билофосила ба ҷустуҷӯи ҷасад пардохтанд. Ҷасади духтари ҷавонмаргро худи ҳамон рӯзи 21 март аз ҳудуди деҳаи Балхаки ноҳияи Шаҳринав  пайдо карда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.

Ҳамин тавр, рӯзи 21 март ба шуъбаи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Турсунзода хабар расид, ки рӯзи 20 март, тахминан соати 12:30 як зани 66-солаи сокини деҳаи Иброҳим Бозорови ҷамоати Сешанбе дар канори шаҳри Турсунзода аз хона баромада, бедарак шудааст. Дар натиҷаи корҳои ҷустуҷӯӣ кормандони шуъбаи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Турсунзода ҷасади ин занро низ аз дарёи Қаратоғ пайдо карда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.

Тафсилоти дигари ин ду ҳодиса ва сабабҳои худро ба дарё партофтани ин духтари ноболиғ ва ин зани солманд маълум нест.

Ҳар сол дар Тоҷикистон садҳо мавриди худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ рух медиҳанд. Тақрибан нисфи онҳоеро, ки ба ҷони худ қасд мекунанд, занону духтарон ташкил медиҳанд.

Ҳолатҳои эҳсосотӣ, бахусус дар пайи муноқишаҳои оилавӣ, мушкилоти иқтисодӣ ва дигар мушкилоти рӯзгор аз сабабҳои умдаи худкушиҳо дар Тоҷикистон ном бурда мешаванд.

Ин ду ҳодисаи охир дар рӯзҳои моҳи шарифи Рамазон рух дод. Моҳе, ки мусалмонон набояд фақат рӯза бигиранд, балки аз ҳама дигар аъмоли манфӣ, аз ҷумла аз ранҷондани дигарон, бо шумули наздикони худ, парҳез бикунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button