Тиб ва беҳдошт/Муҳити зистХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ЛАҒЖИДАНИ ЯК БОРАИ КӮҲ БОИСИ КӮЧОНДАНИ 7 ОИЛА АЗ ДЕҲАИ ХОНАҚОҲИ КӮҲӢ ШУДААСТ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки шаби 19 марти соли 2024, тақрибан соати 22:00, бар асари боришоти ахир дар қаламрави деҳаи Хонақоҳи кӯҳии ҷамоати ҳамном дар дараи Алмосӣ дар канори шаҳри Ҳисор як бораи кӯҳ лағжида, хонаҳои 8 сокини ин деҳро таҳти хатар қарор додааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, билофосила дар пайи дарёфти ин хабар аз ҳисоби кормандони ин ниҳод ва комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Ҳисор гуруҳи корӣ таъсис дода шуда, ба ҷои ҳодиса сафарбар гардид.

“Алакай соати 23:00 7 оилаи иборат аз 33 нафарро ба маконҳои амн кӯчонданд. Аъзои як оилаи дигар дар ҳоли ҳозир дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор доштаанд. Дар ҳоли ҳозир дар ҷои ҳодиса навбатдории шабонарӯзӣ ташкил карда шудааст”,  – говорится в сообщении КЧС РТ.

Дараи Алмосӣ, ки деҳаи Хонақоҳи Кӯҳӣ дар ҳамин дара ҷойгир шудааст, дар фосилаи ҳамагӣ чанд километр дар шимоли шаҳри Ҳисор ва дар тақрибан 30-километрии ғарби шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст. Дараи Алмосӣ дар баробари дараҳои Варзобу Ромит ва Қаратоғу Ширкент аз мавзеъҳои хушманзараи истироҳатии водии Ҳисор ба шумор меравад. Дар дараи Алмосӣ чандин истироҳатгоҳи осоишгоҳ ва лагерҳои истироҳатӣ сохта шудааст. Мардум ҳамчунин барои табобат дар гармобаи машҳури Хирманак ба инҷо меоянд.

Соли 2023 дар Тоҷикистон 557 ҳодиса ва ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ, аз ҷумла 335 ҳолати лағзиши тарма, 79 сел, 47 заминларза, 26 ҳолати резиши санг дар роҳҳо, 22 ярч, 17 ҳодисаи баланд шудани сатҳи оби дарёву каналҳо, 10 мавриди шамоли сахт ва 12 мавриди боронҳои шадид сабт шудааст. 48 ҳодиса ба иқтисоди ҷумҳурӣ ва ба аҳолӣ зарар расонида, дар 12 офати табиӣ 51 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Зарари аз офатҳои табиӣ ба иқтисоди ҷумҳурӣ ва сокинон расида дар соли гузашта 76 миллиону 770 ҳазор сомонӣ, муодили беш аз 7 миллион доллар, ва дар 4 соли охир қариб 331 миллион сомонӣ, ё беш аз 30 миллион долларро ташкил додааст. Соли 2020 иқтисоди Тоҷикистон аз офатҳои табиӣ ба маблағи қариб 59 миллион сомонӣ, соли 2021 ба маблағи қариб 142 миллион сомонӣ, соли 2022 ба маблағи 53 миллион сомонӣ ва соли 2023 ба маблағи қариб 77 миллион сомонӣ, яъне 44% бештар аз як соли қабл, зарар дидаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button