ВидеоРӯйдодҳои БадахшонТоҷикистонҲуқуқи инсон

ВАЪДАИ НАВИ АФВИ МАҲБУСОНИ БАДАХШОНӢ ДАР ИДИ НАВРӮЗ

Дастикам ду сокини ноҳияи Рӯшони вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки хешовандонашон дар робита ба ҳодисаҳои моҳи майи соли 2022 маҳкум ба зиндон шудаанд, ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар доданд, ки дар мавриди раҳоии наздиконашон аз мақомот ваъдаи нав гирифтаанд ва ин бор ба онҳо ваъда додаанд, ки даҳҳо маҳбуси бадахшониро дар иди Наврӯз аз маҳбасҳо сар медиҳанд.

Яке аз ҳамсуҳбатони “Бомдод” гуфт: “Дар ҳақиқат, пеш аз соли нави 2024 беш аз 40 нафарро рӯйхат карда буданд, ки дар байни онҳо писари ман ҳам буд. Он вақт гуфта буданд, ки то Соли нав ҷавоб медиҳем. Мо хеле умедвор шуда будем, вале он вақт ин кор ба кадом сабабе амалӣ нашуд. Ҳоло ваъда додаанд, ки дар Наврӯз ҳатман ҷавоб медиҳем. Боз намедонам…”

Ҳамсуҳбати дуюми мо, ки бародарзодааш дар маҳбас будааст, гуфт, аз ҷиянаш шунидааст, ки гӯё маъмурияти маҳбас бо онҳо дар бораи ба зудӣ озод шуданашон суҳбат кардаанд ва насиҳат кардаанд, ки дигар ба зидди давлат ягон гап назанад ва дар ягон эътироз иштирок накунад.

Дар арафаи Соли нав Додоҷон Атовуллоев, журналист ва сиёсатмадори мухолифи тоҷики муқими шаҳри Берлин, дар бораи аз зиндонҳои Хуҷанд ва Душанбе озод шудани беш аз 50 маҳбуси зодаи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар дод а сипас, дар саҳифааш дар Фейсбук  рӯйхатти 42 сокини ноҳияи Рӯшонро нашр кард ва гуфт, ки ин рӯйхатти ҳанӯз нотамоми бадахшониҳоест, ки аз зиндон озод шуданд.

Баъдан маълум шуд, ки ин танҳо рӯйхатти рӯшониҳоест, ки барои озод кардан аз маҳбасҳо омода кардаанд. Аммо дар ниҳоят, озодии онҳо ва дигар маҳбусони бадахшонӣ ба далелҳои номаълуме амалӣ нашуд ва ба ақиб андохта шуд.

Дар рӯйхатти нашршуда номҳои лидерҳои ғайрирасмии Рӯшон, аз ҷумла генерал Холбаш Холбашев, ҳамсари собиқи ӯ Улфатхоним Мамадшоева, дида намешуд.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол сарусадоҳо дар бораи  омодагӣ ба раҳоии даҳҳо маҳбуси бадахшониро ягон шарҳ надодаанд. Аммо бархе манобеъ мегӯянд, ба эҳтимоли ғолиб, қарори озод кардани ин маҳбусон дар натиҷаи фишори ҷомиаи байнплмилалӣ ва музокироту шояд муомилаҳое байни мақомоти Тоҷикистон ва сохторҳои шоҳзода Карим Оғохони Чорум, пешвои мазҳабии исмоилиҳои сокини Бадахшон сурат гирифта бошад.

Моҳи майи соли 2022 мақомоти Тоҷикистон мавҷи нави эътирозҳо дар Бадахшонро бо истифода аз нирӯҳои мусаллаҳи “спетсназ” саркӯб карданд. Дар ҷараёни саркӯби эътирозҳо беш аз 30 нафар кушта, даҳҳо нафар захмӣ гардиданд.  Мақомот дар он рӯзҳо ҳудуди 200 нафар аз зодагони Бадахшон, аз ҷумла боздошти наздики 100 нафар аз сокинону зодагони Рӯшон, дар худи ин вилоят ва берун аз он дастгир карданд. Аз ҷумла тақрибан 20 тан аз лидерҳои бадахшониҳоро дар Русия дастгир карда, ба Душанбе оварданд. Аксари ин дастгиршудагон бо ҷурмҳои сангине, чун ташкили созмонҳои муташаккилонаи ҷиноятӣ ва барангехтани кинаву низоъи байни маҳалҳо маҳкум ба зиндон шуданд.

Аз ҷумла дастикам 7 тан аз лидерҳои Бадахшон, бо шумули генерал Холбаш Холбашев ва Толиб Аёмбеков бо як писараш маҳкум ба ҳабси умрбод шуданд.

Додситонии кулли Тоҷикистон дар як иттилоияаш кушта шудани 32 нафар дар ҷараёни ҳаводиси Бадахшон ва кушодани парвандаҳо ба зидди беш аз 100 нафар аз зодагони ин вилоятро тасдиқ карда буд.

Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шарқи Тоҷикистон дар масоҳати 64 ҳазору 100 километри мураббаъ, ки тақрибан 45 фоизи тамоми қаламрави ҷумҳуриро ташкил медиҳад, доман густурдааст. Дар ин вилоят наздики 250 ҳазор нафар ба сар мебаранд. Ба истиснои ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз ва ноҳияи аксаран қирғизнишини Мурғоб, ки аксари сокинонашон мисли дигар минтақаҳои Тоҷикистон суннитаборанд, дар боқӣ манотиқи Бадахшон асосан пайравони равияи исмоилии мазҳаби шиъа ба сар мебаранд.

Исмоилиҳои Бадахшони Тоҷикистон шоҳзода Карим Оғохони Чорумро пешвои рӯҳонии худ мешуморанд ва рӯзи нахустин боздиди ӯ аз Бадахшон дар моҳи майи соли 1995ро ҳамчун Рӯзи нур таҷлил мекунанд.

 Дар пайи саркӯби эътирозҳои Бадахшон мақомоти Тоҷикистон бисёре аз корхонаву муасссисаҳои марбут ба Оғохон, аз ҷумла як литсей ва чанд боғчаву урдугоҳҳои тобистона, ҳамчунин боғи марказии шаҳри Хоруғ ро давлатӣ карданд. Меҳмонхонаи “Серена” дар Хоруғ, ки низ ба сохторҳои Оғохон тааллуқ дошт, ҳамчунин давлатӣ карда шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button