ВидеоДин ва боварҳоМинтақа ва ҷаҳон

МУЛОҚОТИ АМИРҶОН ХОЛИҚОВ ВА ДИГАР ҶАНГҶӮЁНИ ДОИШ ДАР ХОНАИ АМОНУЛЛО ДАР ИСТАНБУЛ

Мақомоти Туркия аз тафсилоти тозаи ҳодисаи ҳамла ба як калисо дар шаҳри Истанбули ин кишвар, ки як ҳамлагари он шаҳрванди Тоҷикистон бо номи Амирҷон Холиқов гуфта мешуд, хабар додаанд.

Расонаҳои туркӣ ба нақл аз мақомоти кишварашон мегӯянд, ки тафтишот дар бораи ин ҳодиса маълум кард, ки тақрибан 3 ҳафта пеш аз амалиёт ду ҳамлагари калисо аз Истанбул бо мошин ба Кайсерӣ рафта, дар ҷаласаи ДОИШ ширкат кардаанд. Мақомоти ин кишвар гуфтаанд, наворҳои назоратӣ ҳузури 7 узви ДОИШ, аз ҷумла ду ҳамлагарро, ки дар Кайсерӣ дар як меҳмонхона сабт шудааст, ба даст овардаанд.

Тибқи иттилои бадастомада, гумонбарон бо нафаре бо номи Амонулло Ҳоҷӣ бо номи мустаори “Абдуллоҳ”, ки дар ноҳияи Кокасинони Кайсерӣ зиндагӣ мекард, дар тамос буданд. Ҳафт нафар, бо шумули ду ҳамлагари калисо Довуд Тандуев ва Амирҷон Холиқов, ки рӯзи 5 январ бо мошинҳои ҷудогона аз Истанбул баромада буданд, бо гумонбар бо номи Абдулазиз Абдуллоев мулоқот карданд“, омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, ин ҳафт нафар рӯзи 6-уми январ дар як меҳмонхонае дар Кайсерӣ ҷамъ шудаанд. Тасвирҳои зиёди наворҳои амниятӣ, ки нишон медиҳад гумонбарон ҳангоми будубош дар Кайсерӣ дар як меҳмонхона буданд ва аз он ҷо якҷоя хориҷ шудаанд, ба парвандаи тафтишот илова карда шудааст.

Мақомоти тафтишотии ин парванда мегӯянд, муайян шуд, ки ҳангоми будубоши гумонбаршудагон дар ноҳияи Кокасинон онҳо дар манзили гумонбар Амонуллоҳ Ҳоҷӣ бо номи мустаори “Абдуллоҳ” дар ҳамин ноҳия ҷаласа ташкил кардаанд.

Додситонии Туркия мегӯяд, ин 7 нафар, ки дар узвият ба ДОИШ гумонбаранд, дар тарҳрезии ҳамлаи рӯзи 28-уми январи соли 2024 ба калисои Санта Мария даст доранд. Ба гуфтаи додситонӣ, ин 7 нафар дар ҳамон меҳмонхонаи Кайсерӣ, ки рӯзи 6-уми январ ҷамъ омада буданд, нақшаи ҳамларо кашида ва 8-уми январ ба Истанбул баргаштаанд.

Гуфта мешавад, дар чорчӯби тафтишот, ки додситонии кулли Истамбул дар робита ба ин ҳамла анҷом додааст, 51 гумонбар, аз ҷумла ду гумонбари ҳамла ва як нафари дигар бо номи Адам Ҳамирзаев – номи мустаораш “Адам Абу-Даррор Аш-Шишонӣ”, ки аз тасмимгирон буда ва дастури ин ҳамларо додааст, дастгир шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 28-уми январи соли 2024 ба калисои таърихии Санта Мария дар Истанбул ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифт, ки дар натиҷа як нафар бо номи Тунсер Мурат Ҷиҳони 52-сола ҷон бохт. Вазири корҳои дохилии Туркия Алӣ Ерликая фардои рӯзи ҳодиса эълом карда буд, ки “пулиси Истанбул ду ҳамлагарро дастгир кард.” Алӣ Ерликая дар бораи ҳувияти муттаҳамон гуфт, ки яке аз омилон шаҳрванди Тоҷикистон ва дуюмӣ шаҳрванди Русия аст.

Баъдтар “Ройтерз” бо нашри хабаре гуфт, ки пас аз ҳодиса ДОИШ тавассути канали Телеграми худ масъулияти ин ҳамларо ба дӯш гирифтааст. Ин гурӯҳ таъкид карда буд, ки бо супориши раҳбаронашон “яҳудиён ва насрониҳоро” ҳадаф қарор додаанд.

Калисои масеҳии Санта Марияи шаҳри Истанбул яке аз қадимтарин калисоҳои католикии ин шаҳр ба ҳисоб рафта, он соли 1453-и милодӣ тавассути Императори Рум сохта шуда буд. Ва солона ҳазорҳо гардишгар ба ин калисо сар мезананд ва аз ҷиҳати таърихи куҳан доштани он барои кишвари Туркия низ аз аҳамияти бузург бурхӯрдор аст.

Манбаъ: АЗДО ТВ

Ёдовар мешавем, иштироки шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳамла ба калисои Истанбул боис шуд, ки аз он ба баъд мақомоти Туркия бо вуҷуди низоми бидуни раводид дар роҳи сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ба ин кишвар маҳдудиятҳои сахт эҷод кунанд. Шаҳрвандони Тоҷикистон аз он шикоят доранд, ки онҳоро бидуни доштани чиптаи бозгашт ва нишон додани маблағи кофӣ барои таъмини будубошашон дар Туркия ба ин кишвар роҳ намедиҳанд ва бисёре аз мусофирони тоҷикро аз фурудгоҳ пас мегардонанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button