ВидеоДин ва боварҳоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷирон

ШИРФУРӮШ ОДАМИ ДОИШ БУДААСТ… НАШРИ АКСУ НОМИ ҲАМЛАГАРОН БА КАЛИСО ДАР ИСТАНБУЛ. ЯКЕАШ ТОҶИК АСТ – АМИРҶОН ХОЛИҚОВ

Вазири адлияи Туркия Йилмаз Тунч шаби ҷумъа, 2 феврали соли 2024 дар шабакаи Х (собиқ Твиттер) хабар дод, ки дар робита ба ҳамлаи хунин ба калисои католикӣ дар шаҳри Истанбул 25 нафар, аз ҷумла шаҳрванди Тоҷикистон Амирҷон Холиқов ва шаҳрванди Русия Давид Тандуев ба ҳабс гирифта шуданд.

“Дар ҷараёни таҳқиқоти оғозкардаи додситонии кулли Истанбул дар робита ба қатли шаҳрванди мо Тунҷер Ҷаҳон ҳангоми адои намоз дар калисои Марияи Муқаддас (Санта-Мария) дар ноҳияи Сариери шаҳри Истанбул ҳукми ҳабси 25 гумонбаршаванда содир шуд. Аз ҷумла ҳукми ҳабси Амирҷон Холиқов ва шарики ӯ Давид Тандуев, ки ба узвият дар ДОИШ ва тирборони шаҳрванди мо айбдор мешаванд. Ин 25 нафар бо иттиҳоми узвият дар созмони террористӣ ва куштори барқасдона ба ҳабс гирифта шуда, 9 муттаҳами дигар шартан озод карда шуданд “, – хабар дод Йилмаз Тунч.

Қаблан ҳам ду зодаи Тоҷикистону Русия ҳамчун муттаҳамони асосӣ дар ҳамла ба калисои Истанбул ном бурда мешуд, вале дар матбуот танҳо ҳарфҳои аввали номҳои онҳо нашр шуда буд. Вазири адлияи Туркия нахустин шуда номи комили ҳарду муттаҳами асосиро нашр кард.

Бино ба иттилои дарёфтии пойгоҳи хабарии “Бомдод”, акси ҳабсшудаҳо зодагони Тоҷикистонанд.

Баррасии парвандаи 34 муттаҳам дар ҳамла ба калисо рӯзи панҷшанбе, 1 феврал доир шуд. Додситонӣ ҳабси ҳамаи ин 34 нафарро тақозо дошт, вале додгоҳ дар ниҳоят танҳо 25 нафарро ба ҳабс гирифта, 9 нафари дигарро бо гирифтани забонхаташон дар мавриди то анҷоми тафтишот тарк накардани шаҳри Истанбул ҷавоб дод. Ба ин 34 нафар бар асоси Кодекси ҷиноятии Туркия, барои узвият дар созмони террористӣ аз 7,5 то 15 соли зиндон ва барои онҳое, ки бевосита дар куштор даст доранд, ҳатто то ҳабси умрбод таҳдид мекунад.

Дар умум, дар чорчӯби ин парванда 60 нафар дастгир шуданд. 26 нафари онҳоро аз Туркия алакай ихроҷ кардаанд. Тоҷикони муқими Истанбул мегӯянд, аксари ҳабсшудагону ихроҷшудагон зодагони Тоҷикистонанд. Аз ҷумла шумори зиёде аз тоҷиконро ҳамони рӯзи анҷоми ҳамла, 28 январ дар манзиле дастгир карданд, ки аз бахти бадашон Амирҷон Холиқов, яке аз ду муттаҳами асосӣ дар ҳамла ба калисо, низ дар ҳамон манзил бо онҳо якҷо иҷора менишаст.

Ёдовар мешавем, рӯзи якшанбе, 28 январи соли 2024 ҳангоми адои намози пешин ду нафари мусаллҳи ниқобпӯш вориди калисои итолиёвии католикии Марияи Муқаддас дар маҳаллаи Сариери шаҳри Истанбул шуда, болои намозгузорон тир кушоданд. Дар натиҷа чанд нафар тир хӯрда, шаҳрванди Туркия Тунҷер Турсун Ҷиҳон кушта шуд. Ҳангоми ҳамла дар дохили калисо тақрибан 50 намозгузор ҷамъ шуда буд ва шумори қурбониён метавонист бештар шавад, вале ба гуфтаи пулис, пистолети шаҳрванди Тоҷикистонв аз кор мондааст ва ба ин сабаб, танҳо шарики вай болои издиҳом тир кушодааст.

Созмони террористии дар бисёр кишварҳои ҷаҳон мамнӯи “Давлати исломӣ” (ДОИШ) масъулияти ҳамлаи Истанбулро ба дӯш гирифт ва гуфт, ин ҳамларо аъзои ин гуруҳ дар посух ба даъвати раҳбаронаш ба анҷоми ҳамалот ба зидди яҳудиёну масеҳиён анҷом додаанд.

Ду гумонбари асосиро худи ҳамон рӯзи 28 январ дастгир карданд ва вазири корҳои дохилии Туркия Алӣ Ерликая гуфт, якеи онҳо аз Тоҷикистон ва дувумӣ аз Русия мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, расонаҳои Туркия дар бораи ҳамла ба калисо ва ҳамлагарон ҷузъиёти нав ба навро нашр мекунанд.

Аз ҷумла нашрияи туркии “Yeni Şafak” хабар дод, ки як бахши аъзами дастгиршудагон ҳанӯз моҳи деабри соли 2023 метавонистанд ба даст биафтанд, вале он вақт халос хӯрданд.  Ба иттилои нашрия, муттаҳамон аъзои “ДОИШ – Хуросон”,  як бахши созмони террористии ДОИШ аст, ки асосан дар Афғонистону Покистон мустақар шудааст. Пулиси Истанбул қисмҳои ҷудокардаи ҳарду пистолетеро, ки дар ҳамла ба калисо истифода шуда буд, пайдо кардааст. Яке аз ин туфангчаҳо ҳангоми ҳамла аз кор монда буд. Либосу ниқобҳои лижарониеро, ки ҳамлагарон он рӯз пӯшида буданд, низ аз қуттиҳои партов пайдо кардаанд.

Ҳамлагарон аз мошине истифода бурда буданд, ки рақамҳои Полшаро дошт ва ҳанӯз як сол қабл ба Туркия ворид шуда, ин ҳама вақт истифода намешуд. Ин мошинро баъдан ар як канори шаҳри Истанбул пайдо карданд.

Расонаҳо хабар доданд, ки консули Полша дар Истанбул Витолд Лесняк ва аҳли хонаводаи ӯ низ дар рӯзи ҳамла дар калисои Марияи Муқаддас ҳузур доштанд, вале маълум нест, ки оё ҳадафи асосии ҳамлагарон консули Полша буд ё ҳузури ӯ дар калисо дар рӯзи ҳамда амри тасодуф буд?

Нашрияи дигари туркии Halk TV дар бораи баёноти боз як тоҷикистонии дигари дар чорчӯби ин парванда дастгиршуда нукоти ҷолиберо нашр кардааст. Ба иттилои нашрия, Абдулмусайир Гулбоев 46 сол дошта, иштирокчии ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аст ва аз соли 2006 дар Туркия ба сар мебарад. Гулбоевро соли 2016 ба далели узви ДОИШ буданаш аз Туркия ихроҷ кардаанд, вале ӯ тавассути вилояти кӯҳистонии Ван ғайриқонунӣ ба инҷо баргаштааст. Гулбоевро соли 2017 аз нав дастгир карда, ин дафъа ба Миср ихроҷ кардаанд. Ӯ аз онҷо ба Украина ва сипас ба Қирғизистон рафта, боз ҳам ба Туркия баргаштааст, вале ин дафъа – бо шиносномаи қалбакӣ.

Баъди боздошташ Абдулмусайир Гулбоев дар бораи ду ҳамватани худ баёнот додааст. Яке аз онҳо бо номи Дилбаршо Рустамов, ба гуфтаи Гулбоев, гӯё як пистолет харида буд, вале онро қабл аз боздошташ дар як ҷангал дар минтақаи Каёшаҳри Истанбул пинҳон кардааст.

Нафари дуюме, ки муфаттишон аз Гулбоев дар борааш пурсидаанд, Абдулкарим Абдуллоҳ ном дошта, дар байни ҷангҷӯён бо лақаб Билол маъруф будааст. Ӯро дар вақташ нирӯҳои Амрико дар Афғонистон дастгир карда, як сол дар ҳабс нигоҳ доштаанд, вале аз Тоҷикистон буданашро исбот карда натавониста, маҷбур шудаанд, ки ҳамчун афғон ҷавобаш диҳанд.

Гулбоев гуфтааст, ки Абдулкарим Абдуллоҳ ва Абдулқодир Машарипов, як зодаи Ӯзбекистон, ки шаби соли нави 2017 дар як клуби шабонаи Истанбул 39 нафарро кушт, дар Афғонистон дар як урдугоҳи террористон ва зери роҳбарии як устод таълим гирифта буданд. Гулбоев ҳамчунин баёнот додааст, ки гӯё Абдулкарим Абдуллоҳ 4 автомати Калашникови навъи АК-47, 40 магазин ва чандин пистолет дорад.

Гулбоев ба муфаттишон ҳамчунин дар бораи як зодаи Озарбойҷон бо лақаи Анас маълумот дода, ӯро як одами муҳими ДОИШ ном бурдааст. Бино ба баёноти Абдулмусайир Гулбоев, Анас дар ноҳияи Пандиқи Истанбул ширфурӯш буд, вале дар асл як муҳраи муҳими созмони террористии ДОИШ ба шумор меравад ва амру дастурҳои роҳбарони ДОИШ ва ҳамин тавр, пулу васоил барои анҷоми амалиётҳои он дар Истанбул фиристода мешуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button