ВидеоМуҳоҷиронҲуқуқи инсонҶанг дар Украина

ШУРӮИ МАЪРАКАИ ГУСТАРДАИ АЗ ШАҲРВАНДИИ РУСИЯ МАҲРУМ КАРДАНИ МУҲОҶИРОН

Дар ду ҳафтаи охир мақомоти корҳои дохилаи 7 минтақаи Русия: шаҳру вилояти Маскав, шаҳри Санкт-Петербургу вилояти Ленинград, вилоятҳои Тверу Челябинск ва кишвари Красноярск даҳҳо муҳоҷирро ба далели даст доштан дар ҷинояту қонуншиканиҳо аз шаҳрвандии Русия маҳрум карданд. Шаҳрвандии аксари онҳоро барои худро дар комиссариатҳои ҳарбӣ дар қайд нагузоштан бекор карда, шиносномаҳояшонро кашида гирифтанд. Танҳо дар шаҳри Петербург ахиран якбора 10 нафарро аз шаҳрвандии Русия маҳрум карданд ва асосан ба ҳамин далели саркашӣ аз сабти ном дар комиссариати ҳарбӣ ва рафтан ба хидмат.

Нозирони умур инро ба камбуди шадиди нирӯ, ки артиши Русия дар ҷанги зидди Украина дучор шудааст, рабт медиҳанд ва мегӯянд, мақомоти Русия зоҳиран бо чунин фишорҳо ва таҳдиди аз шаҳрвандӣ маҳрум кардан мехоҳанд муҳоҷиронеро, ки тоза шаҳрванди Русия шудаанд, барои рафтан ба ҷанги зидди Украина водор кунанд.

Хадамоти матбуоти сарраёсати корҳои дохилии вилояти Маскав рӯзи 28 декабри соли 2023  хабар дод, ки дар ин вилоят як зодаи Тоҷикистонро барои саркашӣ аз рафтан ба хидмати ҳарбӣ аз шаҳрвандии Русия маҳрум карданд. Ин зодаи Тоҷикистон соли 2019 шаҳрванди Русия шуда буд.

“Ҳамчун  шаҳрванди Русия, ӯ моҳи декабри соли 2022 аз комиссияи тиббӣ дар комиссариати ҳарбӣ гузашт ва барои хидмати ҳарбӣ коромад дониста шуд. Ӯро аз зарурати рафтан ба хидмати ҳарбӣ хабардор карданд, вале ӯ дар рӯзи таъйиншуда ба комиссариати ҳарбӣ наомад. Мози марти соли 2023 ин зодаи Тоҷикистон барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ бар асоси қисми якуми моддаи 328 Кодекси ҷиноятии Русия маҳкум шуд. Сарраёсати корҳои дохилии вилояти Маскав бо қарори худ шаҳрвандии ин зодаи Тоҷикистонро бекор кард”, –  гуфта мешавад дар иттилоияи пулиси вилояти Маскав.

Қисми аввали моддаи 328  Кодекси ҷиноятии Русия барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ бидуни далелҳои қонунӣ ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи то 200 ҳазор рубл, то 6 моҳи ҳабс ваё корҳои ислоҳӣ ё ҳукми зиндон ба муҳлати то 2 солро пешбинӣ мекунад.

Тибқи қонунҳои Русия, онҳое, ки соҳиби шаҳрвандии ин кишвар мешаванд, бояд дар давоми 2 ҳафта худро дар комиссариати ҳарбии маҳалли зисташон сабти ном кунанд.

Ин маъракаи аз шаҳрвандии Русия маҳрум кардани муҳоҷирон барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ 15 декабри соли 2023 аз вилояти Челябинск оғоз гирифт. Дар онҷо ду муҳоҷирро ба он айбдор карданд, ки ҳангоми гирифтани шаҳрвандӣ бо мақсадӣ халос шудан аз масъулияти хидмати ҳарӣ дар бораи худ маълумоти бардурӯғ додаанд.

Аз 26 октябри соли 2023 қонуни шаҳрвандии Русия дар таҳрири нав ба иҷро даромад, ки дар 64 ҳолат аз шаҳрвандии Русия маҳрум кардани онҳоеро, ки тоза шаҳрвандӣ гирифтаанд, иҷозат медиҳад. Тибқи ин қонун, шаҳрвандони навро метавонанд барои даст доштан дар ҷиноятҳои вазнину махсусан вазнин, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир, таҷовуз, тақаллуби пул, ташкили гуруҳи ҷиноятӣ, даъват ба экстремизм, эҷоди таҳдид ба амнияти Русия, фирор аз артиш, паҳн кардани маълумоти бардурӯғу беобрӯкунанда дар бораи артиши Русия ва ҳатто барои саркашӣ а сабти ном дар комиссариати ҳарбӣ аз шаҳрвандии Русияро маҳрум кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода, Паспорти Россияро хостӣ, мунтазири аблава бош! гуяд:

    Зарбулмасали халқӣ:
    “Кафши кушод пӯшидӣ, мунтазири афтидан бош!”
    Яъне, пойпӯши аз андозаи поят калонтар пӯшидӣ, ё меафтӣ ё аз поят мебарояд.
    “Меҳмони рӯзи аввал зар бошад, рӯзи дуввум нуқра, рӯзи севвум оҳан, рӯзи чорум сафол, рӯзи панҷум хокистар” (рӯзи шашум “аблава”).

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button