НАМОИШ-ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ ҒИЗОӢ ДАР ВКД БАХШИДА БА СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ
29-уми декабри соли 2023 бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба Соли Нави 2024 дар шафати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ярмаркаи маҳсулоти хӯрока барои кормандони мақомоти мазкур доир гардид.
Дар ин ярмарка маҳсулоти ғизоӣ аз қабили гушту биринҷ, равғану шакар, тухму орд, картошкаю пиёз, навъҳои гуногуни мева ва дигар маҳсулоти ниёзи мардум нисбат ба бозору марказҳои савдо арзон пешкаши харидорон карда шуд.
Гуфта мешавад, тамоми ин маҳсулоти хӯрока аз ҳисоби хоҷагиҳои ёрирасони мақомоти корҳои дохилӣ пешниҳод гардида, туҳфаи хубе бахшида ба Соли Нави 2024 ба шумор меравад.
Хадамоти матбуоти ВКД гуфт, дар арафаи ҳама гуна ҷашну маросимҳои идона чунин ярмаркаҳо пайваста аз ҷониби роҳбарияти вазорати корҳои дохилӣ ташкил карда мешавад, ки ин “шаҳодат аз дастгирӣ ва ғамхорӣ нисбати кормандони милитсия мебошад”.
Дар бозорҳои ҷумҳурӣ “рейдҳо”-и бемаъниро бас кунед, номи пойтахт ба номи бозор гузошта шудааст, ин миллат бо бозор зинда аст. Ин қадар танг наоред, аз дастатон ҳеч кор намеояд, ба ҷуз рейд, рейд, рейд!!! Чӣ басо ин “ярмарка” аз ҳамон “рейдҳо” ҳосил шуда бошад.