ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонНомаҳо ба президент

МУРОҶИАТИ МОДАРИ САРБОЗ: НАФАҚАИ ФАРЗАНДИ ДАР РОҲИ ҲИМОЯТИ МАРЗИ ВАТАН МАЪЮБШУДАИ МАРО ДИҲЕД!

Назарова Сайлонбӣ, истиқоматкунандаи кӯчаи Ҳилоли Аҳмари  шаҳри Кӯлоб дар як номаи саркушода ба вазири мудофиаи ва вазири меҳнат ва раиси шаҳри Кӯлоб хостааст, ки нафақаи писарашро, ки дар муноқишаи як сол пеш дар марз бо Қирғизистон захмӣ ва маъюб шуд, бидиҳанд.

Ба навиштаи модараш, Ҷовидони Бозоралӣ дар таърихи 1.10.2020 бо хоҳиши худаш ба комисириати ҳарбии н. Синои ш. Душанбе ариза навишта, ба хизмати ватан рафт.

Ҷовидони Бозоралӣ, ки дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд дар Гвардияи миллӣ хизмат мекард, дар таърихи 16.09.2022 писарам ҳангоми муноқишаҳои марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар рафти амалиётҳои ҷангӣ захмӣ шуд. Дар таърихи 28.09. то 18.10. 2022 дар шифохонаи ҳарбии ноҳияи Б. Ғафуров бо ташхиси ҷароҳат аз силоҳи оташфишон дар мавзеи қафаси сина аз чап бо захмишавии шуши чап, шикастану беҷоншавии 31/1 мобайни банди дасти чап ва вайроншавии функсияи дастпанҷа, инчунин як чашмаш низ осеб бардошта, ба шифохонаи мазкур бистарӣ шуд.

Сайлонбӣ Назарова менависад, шавҳараш аз дунё гузашт ва оилаашон камбизоат мебошад.  Айни замон фарзандаш ба муолиҷаи тиббӣ ниёз дорад.

Барои гирифтани нафақаи маъюбиаш ба шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ш. Кӯлоб муроҷиат кардам, аммо маро барои дуруст кардани ҳуҷҷатҳо ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳри Душанбе равон карданд. Инчунин, қайд карданд, ки нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ бояд аз ш. Душанбе дода шавад.  Ягон ниҳоди дар боло зикршуда ба мо ёрӣ нарасониданд. Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки барои гирифтани нафақаи маъюбии писарам кумак кунед. Умедворам, ки пас аз супориши Шумо шояд онҳо аз хоб бедор шаванду ба доди мани сарсону саргардон расанд. Гирифтани нафақаи маъюбӣ ҳамаи ин мушкилоти моро бартараф хоҳад кард. Бори дигар хоҳиш мекунам, ки ба доди мани камбизоат расед”,  навиштааст модари сарбоз.

Ин бори аввал нест, ки афсарону аскарони дар марз бо Қирғизистон захмишуда аз дарёфт накардани кумак аз ҷониби масъулон шикоят мекунанд.

Дар муноқишаи хунини рӯзҳои 14-17 сентябри соли 2022 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз ду тараф беш аз 140 нафар кушта ва наздики 450 нафар захмӣ шуданд. Ин даргириҳо хунинтарин муноқиша дар таърихи муноқишаҳои марзии тамоми Осиёи Марказӣ баъд аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ дониста мешавад.

Матни пурраи номаи модари сарбоз:

Ба вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон; замима: ба вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба раиси шаҳри Кӯлоб,

аз номи шаҳрванд Назарова Сайлонбӣ, истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Ҳилоли Аҳмари №92, тел: 989025063 917201413

Дар баробари навиштани арзу доди худ ба шумо маълум мекунам, ки фарзандам Ҷовидони Бозоралӣ дар таърихи 1.10.2020 бо хоҳиши худаш ба комисириати ҳарбии н. Синои ш. Душанбе ариза навишта, ба хизмати ватан рафт.

Фарзанди ман, ки дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд дар Гвардияи миллӣ хизмат мекард, дар таърихи 16.09.2022 писарам ҳангоми муноқишаҳои марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар рафти амалиётҳои ҷангӣ захмӣ шуд. Дар таърихи 28.09. то 18.10. 2022 дар шифохонаи ҳарбии ноҳияи Б. Ғафуров бо ташхисӣ осеби оташфишонӣ мавзеи қафаси сина аз чап бо захмишавии шуши чап, шикастани беҷоншавии 31/1 мобайни банди дасти чап ва вайроншавии функсияи дастпанҷа, инчунин як чашм низ осеб бардошта, ба шифохонаи мазкур бистарӣ шуд.

Шавҳарам аз дунё гузашт. Оилаамон камбизоат мебошад.  Айни замон фарзандам ба муолиҷаи тиббӣ ниёз дорад. Барои гирифтани нафақаи маъюбиаш ба шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ш. Кӯлоб муроҷиат кардам, аммо маро барои дуруст кардани ҳуҷҷатҳо ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳри Душанбе равон карданд.

Инчунин, қайд карданд, ки нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ бояд аз ш. Душанбе дода шавад.  Ягон ниҳоди дар боло зикршуда ба мо ёрӣ нарасониданд. Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки барои гирифтани нафақаи маъюбии писарам кумак кунед.

Умедворам, ки пас аз супориши Шумо шояд онҳо аз хоб бедор шаванду ба доди мани сарсону саргардон расанд. Гирифтани нафақаи маъюбӣ ҳамаи ин мушкилоти моро бартараф хоҳад кард.

Бори дигар хоҳиш мекунам, ки ба доди мани камбизоат расед.

Манбаъ: “Фараж”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода, Таҳлилгари масоили сиёсии Тоҷикистон гуяд:

    Иззат Амонро барои “тақаллӯбкорӣ” аз шаҳрвандии россия маҳрум карда, дар Тоҷикистон ба 9 соли зиндон маҳкум кардед, як ҳизби калонро бо 40-ҳазор аъзояш хоини миллату “террорист” эълон кардед, пас нафақаи Ҷовидони Бозоралиро холисона пардохт намоед, то бовар ҳосил шавад, ки бале дар ҳақиқат ҳукумат ба сарбозони ватан ғамхорӣ ва пуштибонӣ зоҳир менамояд. Зиндагии сахту сангин ҳоли модарро ба танг овардааст, ки муроҷиатнома навиштааст. Тоҷикистон Афғонистонро “ҷангзада” меномад, вале дар сарҳад бо Қирғизистони “сулҳзада” талафоти ҷонию молӣ ва маънавяш бештар аст.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button