МуҳоҷиронҲуқуқи инсон

ДУ ТОҶИКУ ЯК ҚИРҒИЗ БАРОИ ҚОЧОҚИ МАВОДИ МУХАДДИР АЗ ШАҲРВАНДИИ РУСИЯ МАҲРУМ ШУДАНД

Ду зодаи Тоҷикистон ва як зодаи Қирғизистон дар кишвари Красноярски Русия ба далели даст доштанашон дар ҷиноятҳои марбут ба қочоқу фурӯши маводи мухаддир аз шаҳрвандии Русия маҳрум карда шуданд. Хадамоти матбуоти Сарраёсати корҳои дохилии кишвари Красноярск 29 декабри соли 2023 дар иттилоияш гуфт, аз чунин чора, яъне маҳрум кардан аз шаҳрвандии Русия ба далели даст доштан дар ҷиноятҳои вазнин дар ин минтақа бори аввал истифода бурдаанд.

Сарраёсати корҳои дохилии кишвари Красноярск дар мавриди аз шаҳрвандии Русия маҳрум кардани се нафаре, ки барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин маҳкум баа зиндон шудаанд, қарор баровард. Ин се нафари солҳои таваллудашон 1976, 1994 ва 2001 қаблан бар асоси қонунгузории мавҷуда соҳиби шаҳрвандии Русия шуда буданд “, – гуфта мешавад дар хабар.

“Ду нафари онҳо зодагони Тоҷикистон ва якеи дигар аз Қирғизистон буда, барои нигоҳ доштан ё фурӯши маводи мухаддир адои ҳукм мекунанд, вале парвандаҳояшон ҷудо буд. Баъди адои ҳукм онҳо муваззафанд, ки қаламрави Русияро тарк кунанд”, –  хабар додааст Сарраёсати корҳои дохилии кишвари Красноярск.

Ин алакай дуюмин ҳолати аз шаҳрвандии Русия маҳрум кардани афродест, ки ба қочоқи маводи мухаддир айбдор мешаванд. Рӯзи 13 декабри соли 2023 хадамоти матбуоти Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Маскав хабар дод, ки ду нафари муттаҳам ба харидуфурӯши маводи мухаддирро аз шаҳрвандии Русия маҳрум карданд. Якеи онҳо бо 19 бастаи мефедрон дар Жулебино ва дуюмӣ бо як бастаи мефедрон дар шоҳроҳи Косино ба даст афтода буданд.

 “Ба ғайр аз ҳукми зиндон, ин ду нафарро аз шаҳрвандии Русия низ маҳрум карданд ва шиносномаҳои русии онҳо аз дасташон гирифта шуд”,— хабар дод пулиси Маскав.

26 октябри соли 2023 дар Русия иловаҳо ба қонуни шаҳрвандии ин кишвар ба иҷро даромад, ки ба фарқ аз қонуни соли 2002 қонуни нав дар 64 ҳолат аз шаҳрвандии Русия маҳрум кардани одамони тоза соҳиби шаҳрвандӣ шударо иҷозат медиҳад. Дар қонуни қаблӣ танҳо дар 18 ҳолат маҳрум кардан аз шаҳрвандии Русия иҷозат дода мешуд.

Бар асоси қонуни нав, онҳоеро, ки тоза шаҳрванди Русия шудаанд, метавонанд барои даст доштан дар ҷиноятҳои вазнин, паҳн кардани ахбори бардурӯғу беобрӯкунанда дар бораи артиши Русия, эҷоди таҳдид ба амнияти кишвар, даъватҳои ифротгароёна, фирор а артиш ва саркашӣ аз сабти ном дар комиссариати ҳарбӣ аз шаҳрвандӣ маҳрум кунанд.

Дар рӯзҳои ахир дар бораи ба далели саркашӣ аз сабти ном дар комиссариати ҳарбӣ аз шаҳрвандӣ маҳрум кардани ду нафар дар Челябинск, якбора 10 нафар дар Петербург ва як зодаи Тоҷикистон дар вилояти Маскав хабарҳо нашр шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button