ВидеоИқтисодМуҳоҷирон

15 КИЛОМЕТР РОҲИ АДРАСМОНРО БО 35 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПУЛИ МУҲОҶИРОН МУМФАРШ КАРДААНД

Муаллиф: Фарзона Муродӣ, махсус барои Asia-Plus

Дар 3 соли охир муҳоҷирон 62 км роҳи ин минтақаро мумфарш кардаанд.

Сурат: Аксҳо аз муаллиф

Муҳоҷирони тоҷик бо ҷамъоварии 35 млн сомонӣ давоми се моҳи охир беш аз 15 км роҳи шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон (пештара Қайроққум)-ро мумфарш кардаанд.

Парвиз Қосимов, ташаббускори ин иқдом дар сӯҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, роҳи мазкур 60 сол боз таъмирталаб буд ва то ин замон сокинон дар ин хусус борҳо ба ҳукумати шаҳри Гулистон ва дигар сохторҳои дахлдор муроҷиат кардаанд, вале бенатиҷа анҷом ёфтааст.

“Билохира, муҳоҷирони меҳнатӣ ва сокинони шаҳрак тасмим гирифтанд, ки пул ҷамъ карда, ин роҳро таъмир кунанд. Беш аз 2 ҳазор нафар ба ин кори хайр ҳамроҳ шуданду саҳм гузоштанд”, – гуфт ҳамсӯҳбати “Азия Плюс”.

Парвиз Қосимов зикр кард, ки ба ин иқдом на танҳо сокинони шаҳраки Адрасмон, балки сокинони деҳаҳои Долона, Қарамазор ва Тарекон ҳам саҳми худро гузоштанд.Парвиз ҚосимовАкс аз муаллиф


Инчунин, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нусратулло Салимзода 10 дона  лӯла, ки дарозии умумиаш 100 метрро ташкил медиҳад ва як гӯсфанд барои бунёдкорони роҳ додааст.

Парвиз Қосимов афзуд, ки мумфаршкунии 15 км роҳи шаҳраки Адрасмон се моҳ тӯл кашид ва нимаи моҳи декабр ба анҷом расид.

Гуфтан ба маврид аст, ки ин иқдомро муҳоҷирону сокинони шаҳраки мазкур се сол инҷониб идома медиҳанд.

“Ҷараёни маблағҷамъкунӣ тавассути гурӯҳи махсуси дар “WhatsApp” таъсисёфта, сурат мегирад. Дар он ҷо мо – ташкилкунандагон ҳамарӯза чӣ миқдор маблағ ҷамъ кардем ва чӣ қадар хароҷот кардем, пурра ҳисобот медиҳем. Аз ин сабаб, сокинон ва ҳам муҳоҷирон ба мо бовар мекунанду маблағ мефиристанд”, – гуфт Қосимов.

Дар умум, давоми 3 соли охир 62 км роҳ пурра мумфарш гардида, дар соли равон 15 км роҳи даруни шаҳрак ва деҳаҳо низ мумфарш шудааст.


Парвиз Қосимов ва дигар ташаббускорон тасмим доранд, ки ин иқдоми хайрхоҳонаро идома диҳанд.

Бояд зикр кард, ки Адрасмон шаҳракест дар шимоли Тоҷикистон. Он дар канори шаҳри Гулистон ҷойгир шуда, масофа миёни ин шаҳрак ва маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд тақрибан 70 километр аст.

Манбаъ: Азия Плюс

Барои маълумот: Шаҳраки Адрасмон наздики 10 ҳазор аҳолӣ дорад ва аз лиҳози маъмурӣ ба ҳайъати шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) шомил мешавад. Адрасмон дар замони Шӯравӣ яке аз марказҳои саноатии Тоҷикистон ба шумор мерафт. Аммо баъди фурӯпошиии СССР, аксари корхонаҳои саноатии Адрасмон аз кор монданд ва сокинони инҷо, чун сокинони дигар минтақаҳои Тоҷикистон, асосан аз ҳисоби муҳоҷирати корӣ зиндагии худро пеш мебаранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ҳасан Абдуғаффор Бекорхӯҷазода, Раиси Кумитаи бекорони Ҷумҳурии Тоҷикистон гуяд:

    Ин кори хайр дар арафаи паёми раиси ҷумҳур ба парлумони кишвар як зарбаи зебои беборӯкунанда ба шаъни ҳукумати “ғамхор”-и мост.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button